Нашрияи Омӯзгор

Муқовимати ҳамагонӣ-неруи тавоно

Сана: 2021-02-25        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

Дар  ҷараёни  таълиму  тарбияи насли наврас масъалаҳои мубраме ҳастанд, ки ба онҳо ҳар як омӯзгор новобаста аз фанни таълимиаш бояд диққати ҳамешагӣ зоҳир намояд. Муқовимат ба экстремизм ва терроризм ба ҳамин қабил масоил мансубанд. Бояд шогирдони мо дар  бораи  ин  ду  неруи  тундгарою ифротӣ  маълумоти  зарурӣ дошта бошанд.  Донанд,  ки  онҳо  чӣ  таърихе доранд, ҳадафҳояшон чист ва чӣ амалҳои зиштро фарҷом бахшидаанду чӣ нақшаҳоеро пеш гирифтаанд.  Ба  экстремизму  терроризм аҳли  ҷаҳони  мутамаддин  ба  ҳама забон нафрин мегӯянд ва мубориза мебаранд. Вазъияти    воқеӣ  собитгари  он аст,  ки  солҳои  охир  амалҳои  террористиву  экстремистӣ  бештар даҳшатафкану бетараҳҳум гардида, ба мустақилият ва асосҳои сохтори конститутсионии  кишварҳои  олам хатари  ҷиддӣ  ба  вуҷуд  овардаанд. Акнун  терроризму  экстремизм натанҳо  ба  давлатҳои  алоҳида,  ба кулли  кишварҳои  дунё,  новобаста  аз  сатҳи  рушд  ва  ҳимояашон, шадидан  таҳдид  мекунанд.  Бинобар  ин,  тамоми  мамлакатҳоро зарур  аст,  ки  барои  муқовимати  устувору  ҳамешагӣ  ба  терроризму  экстремизм,  ҳимояи  ҳуқуқу озодиҳои  инсон  ва  шаҳрванд, сулҳу  субот  ва  ягонагию  амният, пешгирии  хатарҳо  ба  аҳли  сайёра ва  безараргардонии  ифротгароён  чораҳои  корагар  андешида,  аз ҷумла, қонунгузориашонро ҷиҳати мубориза бо кулли қувваҳои нопоку  зиёновари  ҷомеа  нерую  вусъат бахшанд,  ҳамкориашонро  бештар намоянд.  Он  амал  басо  ташвишовар  аст,  ки  созмону  неруҳои  террористию  экстремистӣ  бештар  ба ноболиғон,  наврасону  ҷавонон, ки  алҳол  диди  амиқу  маълумоти кофӣ  ва  таҷрибаи  зарурӣ  надоранд,  чашм  ало  мекунанд,  онҳоро ба доми фиреб мекашанд, ваъдаҳои беасосу  фиребо  медиҳанд.  Дар  ин самт  ифротгароён  аз  ҳама  гуна воситаҳои  дастрас,  аз  ҷумла,  интернет  ва  шабакаҳои  иҷтимоӣ  истифода мебаранд ва бо «ғамхорию дилсӯзӣ»  сухан  мегӯянд.  Даъвати асосии террористону экстремистон даст  задан  ба  тахрибкорӣ,  эътироз,  вайронкорӣ,  барҳам  додани асосҳои  сохти  конститутсионӣ… мебошад.  Муҳимтарин  восита  бар зидди  ин  гуна  ҳизбу  ҳаракатҳои бадхоҳу  киновар  огаҳмандӣ, ҳимояи  қонун  ва  авло  донистани манфиатҳои миллию посдории амният  ва  дӯстиву  ваҳдат  мебошад. Ҳамчунин,  мубориза  бо  терроризму  экстремизм  фароҳам  овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба ҳамдигар ва  муттаҳидии  ҳамагониро  тақозо дорад. Тоҷикистони  соҳибистиқлоли мо  ба  шарофати  сиёсати сулҳдӯстонаву  башарпарваронаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣПешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафи пеши мубориза  алайҳи  терроризму  экстремизм  қарор  дорад.  Дар  мамлакат бо мақсади  пешгирӣ аз ҳама гуна амалиёти ифротгароёна заминаҳои устувори  қонунӣ  фароҳам  оварда шудаанд. Пешвои  муаззами  миллат  пайваста  таъкид  менамоянд,  ки  «терроризм  ва  экстремизм  ҳамчун  вабои  аср  ба  амнияти  ҷаҳон  ва  ҳар як  сокини  сайёра  таҳдид  карда, барои  башарият  хатари  на  камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардаанд». Ин гуна вазъ тақозо дорад, ки  бештар ҳушёру бедор ва ҳамеша ба ҳифзи манфиатҳои ҷомеа омода бошем ва насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстию  ваҳдатпарварӣ,  бунёдкорию  созандагӣ  тарбия  намоем.

Гулшан ХУДОЁРОВА, 
омӯзгори забон ва адабиёти рус


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш