Басти дуюми истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Парвоз»-и шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд барои хонандагони болаёқат, иштирокчиёну ғолибони озмунҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ оғоз гардид.
Истироҳатгоҳ дар мавзеи хушманзараи деҳаи Қотма ҷойгир буда, обу ҳавои тоза, мавзеъҳои хушманзара ва барои истироҳату фароғат шароити хуб дорад.
Дар давоми 12 рӯзи истироҳат барои хонандагон озмунҳои «Маликаи истироҳатгоҳ», «Ҳофиз ва раққосаи беҳтарин», «Иди шоҳи обӣ – Нептун» ва мусобиқаҳои варзишии гуногун гузаронида мешавад. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои истироҳату хубу хотирмони толибилмон беш аз 68 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Айни замон дар басти дуюм беш аз 150 нафар толибилм таътили тобистонаашонро хотирмон мегузаронанд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр