Нашрияи Омӯзгор

Луғатомӯзӣ тавассути бозӣ

Сана: 2021-02-25        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

Тадқиқотҳо  нишон  додаанд,  ки  истифодаи бозиҳо, мусобиқаҳо ва озмунҳо дар дарсҳои забони  англисӣ  манфиати  зиёд  дорад.  Ҳангоми банақшагирии  дарсҳо  муаллимон  бояд  кӯшиш намоянд, ки ҳадди аққал як бозиро дар як рӯз ба яке аз самтҳои асосии омӯзиш ҳамчун воситаи таълим, стратегияи баҳогузорӣ ё ҳавасмандгардонии синф дохил  намоянд.  Бахусус,  дар  синфҳои  ибтидоӣ истифодаи  бозиҳои  шавқовари  дидактикӣ бениҳоят  зарур  аст.  Маъмулан,  дар  муассисаҳои умумӣ омӯзиши забони англисӣ аз синфи 3 шурӯъ мешавад.  Дар  воқеъ,  бозӣ  хонандаро  ба  омӯзиш бештар  машғул  карда,  мундариҷаи  таълимро мустаҳкам мегардонад ва ҳавасмандии шогирдонро зиёд мекунад. Ташкили бозиҳо дар дарс ҳамчунин эҳсоси бо ҳам будан, аҳамияти кори дастҷамъона, иттифоқу  иттиҳод  ва  ёрӣ  ба  якдигарро  омӯзанд. Дар  ҷараёни  дарс  мушоҳида  кардаам,  ки  бархе шогирдон  шармгинанд  ва  баргузории  бозиҳо сабаб мешавад, ки шарму хиҷолат дар онҳо аз байн равад. Олимон  зимни  пажӯҳиш  ба  хулосае  омаданд, ки  ҳангоми  бозӣ  аз  бадани  инсон  эндорфинҳо тавлид  мешавад,  ки  мағзи  сарро  такон  дода,  ба хонандагон  эҳсоси  хушҳолӣ  мебахшад.  Ин  боиси ҳаяҷону  изтироби  онҳо  гашта,  фазои  мусбати таълимиро  ба  вуҷуд  меорад.  Ҳамчунин,  фазои гоҳе хастагиоварро аз байн бурда, боиси афзоиши дилгармӣ, бедор шудани шавқу рағбат дар миёни шогирдон мегардад. Олими  аврупоӣ  Риксон  пешниҳод  мекунад, ки  бозиҳо  дар  ҳама  марҳилаҳои  дарс  истифода мешаванд, ба шарте ки онҳо барҷой ва дар мавқеи мувофиқ  интихоб  карда  шаванд.  Бозиҳо  боис мегарданд, ки хонандагон матлабро ба таври осон, хотирмон ва шавқовар аз худ кунанд ва салоҳияти коммуникатсиониро ташаккул медиҳанд ва ба ин васила,  хонандагон фасеҳу бурро сухан мегӯянд. Нақши  бозиҳо  дар  таълим  ва  омӯзиши  луғат бениҳоят  калон  аст.  Омӯхтани  луғат  тавассути бозиҳо яке аз роҳҳои муассир ва ҷолибест, ки дар ҳама синфҳо татбиқ карда мешавад, чунки бо ин роҳ ҳамаи 5 ҳисси фитрии одам ба кор медарояд ва дар хотири онҳо ба таври доимӣ боқӣ мемонад.

Суруш ХӮҶАЕВ,

омӯзгори забони англисии мактаби № 24-и ноҳияи Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш