Нашрияи Омӯзгор

Замина барои донистани забони англисӣ

Сана: 2021-02-25        Дида шуд: 821        Шарҳ: 0

Дар замони муосир омӯзиши забони  англисӣ  дар  радифи  забони  русӣ  ҷойгоҳу  мақоми бузургро  касб  мекунад,  зеро  донистану  аз  худ  кардани забони мазкур  барои  дастрасӣ  пайдо кардан ба адабиёту фарҳанги мутамаддини ҷаҳонӣ аҳамияти хоса дорад.  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  ва  Вазорати  маориф  ва  илми  кишвар ба  масъалаи  омӯзиши  забони англисӣ  таваҷҷуҳи  калон  зоҳир намуда,  дар  ин  хусус  барномаи махсуси  давлатиро  қабул  намудааст, ки ҳадаф аз он ба роҳ мондани  омӯзиши  густурдаи  забони англисӣ  ба  шумор  меравад.  Бояд зикр  намуд,  ки  омӯзгорони  фанни  забони  англисӣ  дар  масъалаи инкишофи нутқи хонандагон, равону озод гуфтугӯ намудани онҳо бо  ин  забон  вазифадоранд,  ки  аз усулу  шеваҳои  гуногуни  таълимӣ истифода  кунанд.    Гузарондани машғулиятҳо  дар  синфхонаҳои лингофонӣ,  истифода  аз  тахтаи электронию  видеопроектор,  намоиши  филмҳои  кӯтоҳмуддати омӯзанда  ва  амсоли  инҳо  имкон медиҳад,  ки  шавқу  ҳаваси  хонандагон  ба  забони  англисӣ  бештар гардад.  Дигар  аз  роҳҳои  таъсирбахш  дар  масъалаи  ҳарчи  зудтар аз худ намудани забони англисӣ аз ҷониби  хонандагон,  зуд-зуд  гузаронидани  корҳои  хаттӣ  (диктант, нақли  хаттӣ,  иншо…)  маҳсуб  меёбад.  Ҳамчунин,  ташкил  ва  баргузории  чорабиниҳои  берун  аз синфӣ,  хусусан,  ҳафтаи  забони англисӣ,  баровардани  рӯзномаи деворӣ,  ба  роҳ  мондани  озмунҳои «Иншои  беҳтарин»,  «Китобхони беҳтарин»  ва  ғайра  ба  амиқтару хубтар  омӯхтани  забони  англисӣ такони  ҷиддӣ  мебахшад.  Барои омӯзиши  комили  забони  англисӣ баргузории машғулиятҳои иловагӣ аз  ин  забон  хеде  муфиду  манфиатбахш  мебошад.  Баҳри  аз  худ кардани  қоидаҳои  сарфу  наҳви забони  англисӣ,  талаффузи  дурусту  беғалати  калимаҳои  ин  забон, риояи  имло  ва  зада,  интонатсия, навишти бехатои калимаҳо ва дар маҷмӯъ,  суҳбату  гуфтугӯ  кардан бо  забони  зикршуда  роҳандозии маҳфили  «Забони  англисиро меомӯзем!» аҳамияти калон дорад. Бешубҳа,  худомӯзии  хонандагон дар ин бобат низ ба аз худ кардани забони англисӣ мусоидат мекунад. 

Муҳайё АХМЕДОВА, 
омӯзгори мактаби №29, ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш