Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар ҳамбастагӣ бо ҳафтаномаи «Омӯзгор» - и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 110 – солагии адиби маъруф, Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода барои беҳтарин мақолаҳо таҳти унвони «Улуғзода вафодори Ва- тан буд» озмун эълон мекунад. Дар мақолаҳо бояд бештар ба моҳияту муҳтавою махсусиятҳои эҷодиёти адиб (ба вижа, вусъати мавзӯъҳои ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва асолати таърихӣ дар осори нависанда), нақши адиб дар такомули адабиёти тоҷик, ҷанбаҳои фаъолият ва лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти ӯ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Аз бозгӯи тарҷимаи ҳоли адиб ва суханони умумию такрор худдорӣ бояд кард. Ба мақолаҳое, ки дар баробари мавзӯи тозаву ҷолиб забони шевою хушобуранг доранд, афзалият дода ме- шавад. Нигоштаҳо метавонанд илмӣ, илмию оммавӣ, публитсистӣ, ёддоштӣ, методӣ ва ё тақризу мусоҳиба бошанд. Озмун аз рӯзи эълон шуданаш то охири моҳи август идома меёбад ва дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад. Мукофотҳо барои ғолибон: Ҷойи 1-2000 сомонӣ Ҷойи 2-1200 сомонӣ Ҷойи 3-800 сомонӣ Таъкид: Мақолаҳо набояд аз 3-4 саҳифаи чопи компютерӣ (ҳарфи Times Nev Po- man Tj. 14.2 интервалӣ) зиёд бошанд, дар акси ҳол, ба озмун роҳ намеёбанд. Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода Ҳафтаномаи «Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр