Нашрияи Омӯзгор

Масъулиятафзои аҳли маорифи кишвар

Сана: 2021-03-14        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

Барои ҳар яки мо, шаҳрвандони Тоҷикистони азиз, боиси ифтихору сарфарозист, ки кишварамон тадриҷан ва бомаром пеш меравад, ободу зеботар мешавад. Махсусан, ба истиқболи ҷашни пуршарафи миллат- 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон созандагию бунёдкорӣ дар саросари мамлакат вусъати тоза пай- до кардаву мардумро рӯҳияи баланде фаро гирифтааст. Ин нуқтаи сурурбахш дар оғози Паёми навини Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар садо дод ва ҳамагон онро самимона пазируфтанд. Паёми нимсолаи Сарвари кишвар нисбат ба Паёмҳои солҳои қаблӣ боз ҳам фарогиртару муҳтавоманд ва дорои таҳлилу баррасиҳои амиқу дақиқ буд. Вақте ки дар ҷумҳурӣ тартибу низом ҷорист, вақте ки дар мамлакат сиёсати дурандешонаву хирадмандона роҳандозӣ шудааст, вақте ки мардум аҳлу тифоқанд, вақте ки ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ боло рафтааст, ҳеҷ монеае наметавонад боиси таназзули иқтисодиёту иҷтимоиёт шавад, зеро неруи ваҳдату ҳамдилӣ ва дӯстиву рафоқат тавонову заволнопазир аст. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат дар қисмати аввали Паём иброз доштанд: «Пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд. Яъне мо соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои  фавриро роҳандозӣ кардем». Ба воқеияти ин гуфтаҳо ҳамаи мо, шаҳрвандони кишвар, шоҳидем. Дар ҳақиқат, соли 2020 чун дар тамоми дунё дар Тоҷикистон низ мушкилоти зиёде арзи ҳастӣ карданд. Бо вуҷуди ин, дар натиҷаи корагарии омилҳое, ки дар боло гуфтем, дар Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани  сатҳу сифати зиндагонии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд ва чунонки дар Паём иттилоъ дода шуд, «Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид». Дар соли сипаригашта, ҳамчунин, дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон боз чанд тадбири дигари мондагору ибратбахшу пуршукӯҳ амалӣ карда шуданд. Дар ин сол ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ дар заминаи қарори созмони бонуфузи ҷаҳонӣ –ЮНЕСКО ба таври хотирмону рангин таҷлил гардиданд. Ба ҳукми анъана ва дар мутобиқат ба сиёсати маорифпарваронаю фарҳангдӯстонаи Сарвари кишварамон имсол низ як қисмати муҳими Паём ба масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, илму маориф бахшида шуд. Пешвои миллат дар ин мавзӯъ бо таваҷҷуҳи махсус ва бо қаноатмандӣ аз ҷараёнҳои созандаву пешбар сухан гуфтанду ва зимнан арз доштанд: «Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаи иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд» ва ҳамзамон иброз намуданд: «мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем». Воқеан ҳам, комёбиҳои кишвар дар соҳаи маориф илҳомбахшу рӯҳбаландсозандаанд ва аҳли таълиму тарбияро ба фаъолияти бештар ҳидоят менамоянд. Умуман, соҳаи маориф дар ҳаёти ҳар як мамлакат нақши бузург ва муассир дорад ва омили муҳимтарини шукуфоии имрӯзу фардои ҷумҳурӣ мебошад. Замони мо, ки ба он тараққию пешрафти босуръату бовусъати илму техника хос аст, пайваста боло бурдани сатҳи таълиму тарбияро тақозо дорад. Мо давлати соҳибистиқлолу озоду мустақил дорем ва бояд бар он бикӯшем, ки ин давлат ҳамқадами кишварҳои рушдёфта бошад, дар сафи мамлакатҳои олам ҷойгоҳи арзандаи худро дарёбад. Барои ин, махсусан, омодасозии ҷавонони ояндасози миллат, мутахассисони созгор ба меъёрҳои ҷаҳонӣ омили меҳварӣ мебошад. Нақши илму техника дар ҷаҳони муосир ҳамвора боло меравад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин махсусияти замонро амиқ дарк намудаанд ва аз ин ҷост, ки дар мувофиқату мутобиқат ба он мунтазам тадбирҷӯиҳо мекунанд. Як тадбири муҳиму калидӣ дар ин самт эълони Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф мебошад, ки солҳои 20202040-ро фаро мегирад. Дар татбиқи ҳадафи ин тадбири созандаву дурандешона ва ватандӯстона аҳли маориф бештар масъуланд ва аз мушоҳидаҳо бар меояд, ки пас аз эълони бистсолаи мазкур сатҳу сифати таълими фанҳои дақиқу табиӣ дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ хеле боло рафтааст. Кабинетҳои таълимӣ вобаста ба фанҳои мазкур ба таври мукаммал ҷиҳозонида шуданд, омӯзгорони дахлдор аз такмили ихтисос гузаштанд ва доир ба ин фанҳо як силсила дастурҳои илмию методӣ рӯи даст омаданд. Теъдоди зиёди ҳамоишҳои машваратии омӯзгорони фанҳои дақиқ, ки дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ баргузор карда шуданд, ба такмили сатҳи таълими фанҳои мазкур мусоидат карданд. Инак, мо дар Паёми  навини Пешвои миллат шоҳиди боз як иқдоми тоза дар тақвияти тадбири мазкур-Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф гардидем. Боз ҳам бо ибтикори Сарвари кишвар ба хотири бештар аз ин ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон зимни Паём дастур дода шуд, ки минбаъд ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад. Президенти муҳтарами ҷумҳуриамон изҳори умедворӣ ва боварӣ карданд, ки тавассути ин озмун истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати худро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд. Дар воқеъ, силсилаи озмунҳо, махсусан, озмуни  ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ҳаёти аҳли кишвар тағйироти куллии мусбӣ ба вуҷуд оварданд ва боиси боз ҳам боло рафтани сатҳи донишу маърифат ва фарҳанги ҳамагон гардиданд. Хушбахтона, дар ин озмунҳо неруи асосӣ мактабиён мебошанд ва фаъолияти онҳо дар озмунҳо сол то сол такмил меёбад. Чунонки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ зикр гардид, ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо, пеш аз ҳама, такмили сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад. Дар Паём, ҳамчунин, вобаста ба масоили забономӯзии насли наврас,  соҳиб шудани ҷавонон ба касбу ҳунарҳо, азхудкунии маҳорати кор бо технологияи муосир ва монанди инҳо суханони раҳнамою ҳидоятгар иброз дошта шуданд, ки бояд дар мадди назари аҳли маориф бошанд.

Дилором САЪДУЛЛОЕВА,

директори мактаби №20-и ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш