Нашрияи Омӯзгор

Қадамҳои устуворона

Сана: 2021-03-14        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Соли 2021 ҷашну тантанаҳои зиёди таърихию сиёсӣ дар пай дорад ва муҳимтарину барҷастатарини онҳо таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Воқеан, агар ба марҳалаҳои рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар назар кунем, мушоҳида мекунем, ки тӯли 30 сол бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёде анҷом дода шуданд, ки лоиқи таҳсин ва ифтихори мардуми тоҷик мебошад. Ман ҳамчун собиқадори соҳаи маориф хеле хуб дар ёд дорам, ки бо шурӯи ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ фоҷеаҳои гӯшношуниде ба сари кишвару миллати тоҷик омаданд. Аммо маҳз бо сиёсати одилонае, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат роҳандозӣ карданд, пеши роҳи ҷанг гирифта шуд ва корҳои созандагию ободкорӣ дар кишвар батадриҷ равнақу ривоҷ ёфтанд. Таваҷҷуҳи Роҳбари кишварро, қабл аз ҳама, соҳаи маориф ба сифати тарбиятдиҳандаи насли нави ояндасоз ба худ ҷалб намуд. Ҳамагон дар ёд дорем, ки баъди воқеаҳои маълум мактабҳо дар чӣ вазъи мушкиле қарор доштанд. Аксари омӯзгорон ба сабаби сари вақт пардохт нагардидани маош ва шароити вазнини зиндагӣ мактабҳоро тарк карда, ба мардикорӣ машғул гардиданд ва ё ба Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Дар чунин вазъи сангин раҳбарияти мамлакат кӯшиш ба харҷ дод, ки таълиму тарбияро ба маҷрои муқаррарӣ равона намуда, мақоми муаллимро ҳамчун шахси меҳварӣ дар соҳаи маориф баланд бардоранд. Ба вуҷуд овардани маорифи миллӣ, таҳияи нақшаю барномаҳои таълимии созгор ба замони муосир, таълифи китобҳои дарсии ҷавобгӯ ба воқеияти кишвари соҳибистиқлол, такмилу бозомӯзии мутахассисони ҷавон, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон, бунёди таълимгоҳҳои нав, ба роҳ мондани сабку шеваҳои судманди таълимӣ ва амсоли инҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар назди Ҳукумат ва Давлат ба шумор мерафтанд. Боиси хушҳолист, ки марҳала ба марҳала ин вазифаҳо ҳалли мусбати худро ёфта, муаллимон ба мактаб баргаштанд ва таълиму тарбия ба сатҳи сифатан нав бардошта шуд. Албатта, амалӣ намудани ин корҳо вақту маблағ талаб мекард. Вале аз рӯзҳои аввал Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ эълон намуданд, ки маориф соҳаи афзалиятнок дониста шуда, сутуни асосии ҷомеа саводу дониш маҳсуб меёбад. Зина ба зина олимону педагогҳои маъруфи тоҷик ба таҳқиқу таҳлили равандҳои миллии таҳсилот пардохта, китобу монография ва рисолаҳои илмию назариявӣ ва методии дархӯри арзишҳои миллиро таълиф ва пешниҳоди омӯзгорону устодон намуданд. Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ислоҳоту дигаргуниҳо ба роҳ монда шуда, аз ҷониби олимон таълими ҳамгиро пешниҳод, дастгирӣ ва амалӣ гардид. Гузаштан ба таълими ҳамгиро, маънои аз методу шакл ва низоми  қолабию анъанавии  таҳсилот, ки  то замони соҳибистиқлолии кишвар роиҷ буд, даст кашидан ва боз намудани равзанаҳоро ба сӯйи озодандешӣ ва такомулу рушди тафаккуру зеҳни хонандагон дар мадди назар дошт. Хушбахтона, усули таълими ҳамгиро, бо вуҷуди монеаҳои сунъӣ дар муассисаҳои таълимӣ татбиқ ёфт ва самараи нек ба бор овард. Маълум аст, ки соҳаи маориф серпаҳлу буда, аз зинаҳои гуногун иборат аст. Яке аз тадбирҳое, ки дар роҳи саводнок намудани насли наврас ба амал бароварда шуд, компютеркунонии мактабҳо ва ба ин васила, вусъат бахшидани раванди инноватсионии таълим ба ҳисоб мерафт. Замон тақозо мекард, ки хонандагони мактабҳо бо донишҳои техникӣ мусаллаҳ гардида, бо истифода аз компютеру тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо ҷаҳонбинию тафаккури худро такомул бахшанд. Дар ин замина, зарурат пеш омад, ки заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии кишвар, хусусан, кабинетҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳои фаннӣ беҳтар карда шавад. Дар амал татбиқ намудани донишҳои андӯхтаи  назариявӣ аз фанҳои дақиқу бунёдӣ талаби айём буд. Дар ин самт аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар барномаҳои зиёди давлатӣ қабул ва иҷро гардиданд. Дар баробари забони давлатӣ, омӯзишу аз худ кардани забонҳои хориҷӣ (ба хусус, англисию русӣ) яке аз мушкилоте маҳсуб меёфт, ки Сарвари давлат ба он диққати ҳамаҷониба зоҳир  менамуданд. Вобаста ба ин масъала низ барномаи махсуси давлатӣ қабул шудааст, ки дар он роҳҳои ба ҳадаф расидан ҷиҳати омӯзиши густурдаи забонҳои хориҷӣ ба таври мушаххас ифода ёфтааст. Дар воқеъ, тамоми иқдому кӯшишҳои роҳбарияти давлат ба он нигаронида шудааст, ки насли наврас ва ҷавонон бештару беҳтар ба омӯзишу мутолиа фаро гирифта шуда, баҳри пешрафту тараққии кишвар саъю талош намоянд. Комилшоҳ МАҲМУДОВ, собиқадори маориф, ноҳияи Варзоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш