Нашрияи Омӯзгор

СМРМ: вохӯрии шарикони рушд

Сана: 2021-03-14        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

4-уми марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии шарикони рушд барои дастгирии татбиқи “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид, ки дар он таъмини маблағгузории давлатӣ ва дигар паҳлуҳои амалигардонии ин санад мавриди баррасию муҳокима қарор дода шуд. Дар вохӯрии мазкур Нуралӣ Собирзода  муовини вазири маориф ва илм, Алберто Бянколи  мудири шуъбаи маорифи намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Саодат Бозорова-сардори маорифи Бонки умумиҷаҳонӣ ва як қатор намояндагони Вазорати маориф ва илм ва шарикони рушд ширкат варзиданд. Муовини вазир Нуралӣ Собирзода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд  дар соҳаи маориф ва илм ба шарикони рушд изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки Стратегияи миллии  рушди маориф ба бартариятҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 инъикос ёфтаанд, такя карда ба мақсад ва вазифаҳои Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) мутобиқат мекунад. Вазифаҳои банақшагирии стратегӣ аз муайян кардани чорабиниҳо ва масъалаҳо дар чорчӯбаи рушди васеи иҷтимоию иқтисодии минбаъда иборат мебошад. Қайд гардид, ки  дар рафти татбиқи Стратегия ва бо мақсади ба даст овардани нишондоди самараноки амалишавии он, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирии ҳамаҷонибаи шарикони рушд, ки аз ёрии техникӣ ва молиявӣ иборат аст, ниёз дорад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳамкориҳоро густариш дода, ҷиҳати маблағгузории самтҳои афзалиятноки соҳа фикру андешаҳои хеш ва нақшаҳои ҳамкориро баён намоем. Б. Музаффарзода  сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф оид ба сарчашмаҳои маблағгузорӣ, натиҷаҳои дарозмуддат, хароҷоти нақшаи миёнамуҳлати солҳои 2021-2023, вазъияти маблағгузории соҳаи маориф ва илм дар соли 2011-2021, нақшаи дурнамо ва саҳми шарикони рушд дар амалигардонии нақшаву ҳадафҳои дарпешистода ибрози андеша намуд. Шарикони рушд масъалаи беҳтар намудани  сатҳу сифати таҳсилот дар зинаҳои томактабӣ, ибтидоӣ, миёна ва умумиро мавриди баррасӣ қарор дода, пешниҳодҳои худро дар ин самт ироа намуданд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш