Нашрияи Омӯзгор

Ятимон дастгирӣ ёфтанд

Сана: 2021-03-14        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

Дар мактаб  интернати  ноҳияи Шаҳритус 81 нафар кӯдаки ятим ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Онҳо ҳамеша таҳти ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, худро хушбахт меҳисобанд. Дар арафаи ҷашни Наврӯзи бостонӣ аз ҷониби вазорат барои ошхонаи мактаб-интернат 400 дона чойнику пиёла, косаи чинӣ ва дигар ашёи наву замонавӣ туҳфа гардид. Ҳамчунин, аз тарафи вазорати номбурда барои гарм нигоҳ доштани хобгоҳ ва рафъи мушкилиҳои маҳдудияти қувваи барқ дар фасли сармо мактаб-интернат бо як трансформатори наву замонавии дизелӣ таъмин карда шуд. Дар аввали соли ҷорӣ бошад, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои ҳамаи тарбиятгирандагони мактаб-интернат либосҳои гарми ягонаи мактабӣ ва пойафзол,  3 адад компютер, 3 адад телевизори пластикӣ ва 3 адад бухории замонавии барқӣ туҳфа намуд.

Аъзам БОБОЕВ,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш