Тағйироти шаклӣ ва пурмазмун шудани муҳтавои ҳафтанома сол то сол боиси боз ҳам баланд гардидани мавқею нуфузи «Омӯзгор» мегардад. Соли 1991 теъдоди чопи нашрия ба 48 000 нусха расид, ки ин нишондоди хуб ва боиси ифтихори аҳли қалами нашрия маҳсуб меёфт. Бояд гуфт, ки нашрияи хонданиву маҳбуби мо, омӯзгорон, аз соли таъсиси худ то давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун оинаи маорифу фарҳанги кишвар хизматҳои арзандаву шоиста ба анҷом расонидааст. Дар кори ба чоп омода намудану пешниҳоди хонандагону муштариён гардонидани нашрия, сармуҳаррирони собиқи он чун Саид Носиров, Баҳром Сирус, Абдураҳмон Бухоризода, Қосим Ҳакимзода, Нуриддин Пирумқулов, Фазлиддин Муҳаммадиев, Бобо Худойдодов, Абдураҳмон Аҳмадов, Музаффар Олимов, Бӯринисо Бердиева, Бобо Насриддинов, Самиюлло Сайфуллоев (рӯҳи ҳамаашон шод бод!), М. Бобошоев ва феълан Ноилшоҳ Нурализода арзанда кардаанд. Ҳамзамон, рӯзноманигорони маъруфи ҷумҳурӣ ва собиқадорони матбуоти тоҷику нашрияи мазкур, аз қабили Мурод Боғиров, Б. Муҳаммадалиев, Қ. Маҳмудов, А. Расулов, Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев, Мансурхон Яҳёев, О.Қаҳҳорова, Раҷабалӣ Имомов, Доро Дӯстов, Абдулҳаким Шукуров, Наҷмиддин Азизов, Ҷамол Абдулҳаев, Саидаҳмад Қаландаров, Ҳикмат Раҳмат, Бобо Расулзода, Ойхонум Ҷабборова, Мавлуда Кенҷаева, Ғуломҳайдар Муродалиев, Марямбонуи Фарғонӣ, Муҳаммадшарифи Рустам, Темур Атахонов, Сайёд Ғаффор, Мирзо Боқӣ, Самандари Искандар, Абдурауф Муродӣ, Маҳмадшариф Бобошоев, Ноилшоҳ Нурализода, Эҳсони Хушвахт, Шодӣ Раҷабзод, Саида Набиева, Ҳотами Ҳомид, Насриддин Охунзода, Нуъмон Раҷабзода ва дигарон бо навиштаҳои худ дар баррасию ҳалли бисёр мушкилоти соҳаҳои маориф ва илм саҳмгузорӣ кардаанду карда истодаанд. Тавре ки ба ман нависандаву рӯзноманигори маъруф, устод Ибод Файзулло нақл мекарданд, маҳз нашрияи “Омӯзгор” барои бисёр адибони шинохтаи ҷумҳурӣ мактаби сайқали маҳорати эҷодӣ ба ҳисоб мерафтааст. Зеро дар даргоҳи муқаддаси он, аз ҷумла, нависандагони шинохтаву баркамоли тоҷик Болта Ортиқов, Фазлиддин Муҳаммадиев, Бобо Насриддинов, Ӯрун Кӯҳзод, Ҷумъа Одина, Мутеулло Наҷмиддинов, Фотеҳ Абдулло, Бахтиёр Муртазоев, Эҳсон Субҳонов, Абдуғаффори Партав, Назокат Олимова, шоирон Бозор Собир, Мастон Шералӣ, Ҳабибулло Файзулло, Сарвар Амирҷонов, Ҳақназар Ғоиб, Ҳикмат Раҳмат, Ҳоҷӣ Мурод, бародарон Султон ва Амонбек Шоҳзодаҳо, Раҳмат Назрӣ, Зулфия Атоӣ, Сармад, Нафасбеки Раҳмон, Сайёд Ғаффор, Мирзо Боқӣ ва дигарон кору фаъолият карда, намунаҳои эҷоди худро дар саҳифаҳои нашрия ба табъ расонидаанд. Бисёр олимон ва муҳаққиқон низ дар ин нашрияи бонуфузи кишвар ба камол расидаанд, ки аз ҷумлаи онҳо Баҳром Сирус, Абдураҳмон Бухоризода, Асадулло Саъдуллоев, Урватулло Тоиров, Бобо Худойдодов, Бӯрӣ Олимов, Облоқул Бозоров, Темур Атахонов мебошанд. Хидматҳои шоистаи нашрияи «Омӯзгор» дар рушди соҳаи маориф ва фарҳангу илму маърифат соли 1982 бо Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва баъдан бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст. Боиси ифтихор аст, ки соли 2019 тибқи назарсанҷии Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» нашрияи «Омӯзгор» аз серхонандатарин нашрияҳо дониста шудаву мақоми дуюмро касб карда буд. Соли 2018 низ нашрияи мазкур тибқи назарсанҷиҳо, ки аз тарафи ин ниҳод гузаронида шудааст, дар байни дигар нашрияҳои ҷумҳурӣ ҷойи дуюмро ишғол намуд. Дастовардҳои нашрия аз он шаҳодат медиҳанд, ки воқеан ҳам таваҷҷуҳи мардум, омӯзгорону хонандагон ба рӯзномаи худ сол аз сол зиёд гардида, он мавқеи худро мунтазам вусъат мебахшад. Бар замми ин, дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик-11 марти соли 2019 аз ҷониби Академияи ВАО ва Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳафтаномаи «Омӯзгор» «Нашрияи сол» дониста шуд. Маротибаи дуюм аст, ки ҳафтаномаи мазкур дар сатҳи ҷумҳурӣ беҳтарин нашрия дониста мешавад. Аз ҷумла, соли 2018 низ «Омӯзгор» ҳамчун «Нашрияи соҳавии сол» пазируфта шуда буд. Феълан дар саҳифаҳои нашрияи «Омӯзгор» ҳамаи нутқ ва суханрониҳои пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба соҳаи маориф, роҳҳои хуби таълиму тарбия бахшида шудаанд, пайваста ба чоп мерасанд. Инчунин, зери рубрикаҳову саҳифаҳои махсус ба монанди: «Меҳрномаи омӯзгор»,”Омӯзгорони мо”, «Таҳсилоти олӣ», «Таҳсилоти касбӣ», «Мушкилоти соҳа», «Худшиносӣ», «Мавзӯи рӯз», «Методика», «Таълим», «Маориф ва замон», ”Донишкадаи ғоибонаи омӯзгор”, «Маърифат», «Маънавиёт», «Равзана», «Гулистони сухан», ”Фарҳанги волидон”, ”Маслиҳати методӣ”, “Китобхонаи муаллим”, ”Баҳс ва андеша”, ”Номаҳои Шумо” ва ҳоказо навиштаҳои ҷолибу хонданӣ мунтазам ба табъ мерасанд. Ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар шумораи ин нашрияи бонуфуз навиштаҳои ҷолибу хонданӣ пешниҳод мешаванд, ки меҳвари навиштаҷотро тарғибу ташвиқи бунёдкориву созандагиҳо дар кишвар фаро мегиранд. Аҳли қалами нашрияи дӯстдоштави худро ба муносибати иди касбиашон табрик гуфта, барояшон, пеш аз ҳама, саломатии бардавом, барори кори эҷодӣ ва қалами бурро таманно менамоям.Ид муборак! Шоирахон
ФАЙЗУЛЛОЕВА,
омӯзгори таърих ва ҳуқуқи мактаби №3-и шаҳри Бӯстон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр