Раиси ноҳияи Мастчоҳ Азиззода ғайрат Мулломаҳмад ба муносибати оғози фаъолияти истироҳатгоҳи «Сиёвуш»-и Ҷамоати деҳоти Навбаҳор ба ин мавзеи зебоманзар ташриф оварда, табрикоти худро ба самъи ҳозирин расонид. Кормандони соҳаи маорифи ноҳия истироҳаткунандагонро хуш истиқбол намуданд. Дар чорабинӣ намояндагони соҳаи маориф, тандурустӣ ва падару модарон иштирок карда, барои дар сатҳи баланд ташкил намудани истироҳати тобистонаи толибилмон арзи сипос намуданд.
Нуъмон Раҷабзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр