Нашрияи Омӯзгор

Озмунҳои «Омӯзгор»

Сана: 2021-03-14        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Кормандони ҳафтанома баҳри ҷолибу хонданӣ ва рангину шавқовар гардидани мазмуну мундариҷаи нашрия, дар сатҳи баланд ва созгор ба талаби замон таълиф ёфтани мақолаю матолиб дар саҳифаҳои он кӯшиш ба харҷ дода, дар ин самт аз иқдому навовариҳо ва роҳу шеваҳои ҷадиди эҷодӣ истифода мекунанд. Э ълони озмунҳои мухталиф бо мақсади иштироки устодону омӯзгорон дар иншои мақолаҳои таҳлилию таҳқиқӣ вобаста ба фанҳои таълимӣ аз ҳамин гуна иқдомоти шоиставу судманд ва муассир ба шумор меравад. Ҳайати таҳририяи нашрия шурӯъ аз соли 2013 баргузории озмунҳоро нахуст бо номҳои «Тафсири (ду ғазал) аз Ҳофизи Шерозӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ» эълон кард. Таҳлилу тафсири ғазалҳои  пешниҳодшудаи ду шоири бузург, яке намояндаи адабиёти классикӣ ва дигаре муосири тоҷик аз ҷониби устодону омӯзгорони таълимгоҳҳои шаҳру навоҳӣ, коллеҷу литсей ва мактабҳои олии кишвар як сол идома ёфт. Ғолибон бо ифтихорномаи нашрияи «Омӯзгор» ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд. Баъдан, соли 2014 нашрия озмуни дигареро бо номи «Тафсири ғазали Сайидои Насафӣ» эълон намуд, ки тӯли як сол идома ёфта, дар арафаи ҷашни Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид. Дар озмунҳои зикршуда омӯзгорон Мирзо Одина (ноҳияи Дӯстӣ), Т.Саидзода (ш.Душанбе) Содиқ Ашӯров (ноҳияи Мастчоҳ), Саидаҳмад Набиев (ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), Абдусамад Қурбонов (ноҳияи Муъминобод), Умарбек Шарифов (ноҳияи Айнӣ), Нуралӣ Нурзод ДДХ Хуҷанд ва бисёр дигарон фаъолона иштирок карданд. Соли 2016 нашрия озмуни навбатиро ба ифтихори 25-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монд, ки дар ин озмун омӯзгорону устодон бо иншои мақолаю лавҳа ва очерку матолиби фарогир, ки дар онҳо масоили рушду пешрафти кишвар дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, маориф ва илм, дастоварду муваффақияти муассисаҳои таълимӣ тайи ин солҳо, фаъолияти босамару навҷӯёнаи омӯзгорон, бунёди биноҳои нави таълимгоҳҳо, қабули барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф иштирок карданд. Ба нашрия мақолаҳои бешуморе вобаста ба озмун ворид гардиданд, ки беҳтарину пурмуҳтавотаринашон дар саҳифаҳои ҳафтанома ба табъ расиданд. Дар соли 2017 нашрия ду озмун эълон намуд, ки яке «Ваҳдат-ифтихори миллат» ва дигаре «Наврӯзи гулрези Ватан» унвонгузорӣ шуда буд. Бояд қайд кард, ки дар ин озмун низ омӯзгорон мақолаю матолиби зиёде навишта, васфу ситоиши ҷашни қадимии халқи тоҷик-Наврӯз ва эҳёи онро дар солҳои соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлил ва тасвир қарор доданд. Дар озмун ҳамбаста ба тасвиру тавсифи Наврӯзи хуҷастапай, ҳамчунин, пешрафти Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ва иқдоми ҳукумат ва давлат дар масъалаи эҳёи анъанаҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ба роҳ мондани таҷлили иду ҷашнҳои суннатии ниёгонамон дар замони муосир аз ҷониби омӯзгорон дар сатҳи баланд баҳогузорӣ гардид. Ғолибони озмун бо мукофоти пулӣ, Ифтихорномаи нашрияи «Омӯзгор» дар таълимгоҳ ва раёсату шуъбаҳои маориф бо тантана қадрдонӣ карда шуданд. Солҳои 2018-2019 низ нашрия бо мақсади тарғиби таҷрибаи омӯзгорон ва ба таври густурда ба роҳ мондани муаррифии шаклҳои наву судманди роҳу усул ва шеваҳои таълимию методӣ бо номи «Шеваи тадрис» ва дар робита ба рушди соҳаи варзиш таҳти унвони «Варзиш муаррифии миллат» озмунҳо эълон намуд, ки аз ҷониби омӯзгорону устодон ва алоқамандони соҳа бо рӯҳияи баланд, гарму ҷӯшон пазируфта шуданд. Ҳамчунин, ба ифтихори 140-солагии  Қаҳрамони Тоҷикистон, бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ зери унвони «Таърих гувоҳ аст» озмун эълон гардид, ки навиштаҳои зиёде дар ин замина арзи ҳастӣ карданд. Соли 2020 бошад, нашрия ду озмуни дигарро бо номҳои «Омӯзгори деҳот» ва «Бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ» эълон намуд. Озмуни  «Омӯзгори деҳот» яке аз озмунҳое маҳсуб меёфт, ки дар он теъдоди ниҳоят зиёде омӯзгорон, устодони макотиби олӣ, рӯзноманигорон иштирок карда, беҳтарину ҷолибтарин лавҳаю очерк ва мақолаҳоро пешниҳод  намуданд, ки он навиштаҳо ҳамагӣ чоп ва ба дасти хонандагон расиданд. Озмун дар арафаи соли нав ҷамъбаст гардид ва ғолибон Ҳакималӣ Назаралӣ, омӯзгор аз ноҳияи Ҳисор сазовори ҷойи аввал, донишҷӯи коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов Меҳрубон Ғафуров ҷойи дуюм ва рӯзноманигор Амир Сайид Мункӣ аз ноҳияи Ховалинг ҷойи сеюмро соҳиб ва бо ифтихорномаю мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд. Бояд хотиррасон намуд, ки озмунҳои мазкур аз ҷониби ҳайати таҳририя ва кормандони эҷодии нашрияи «Омӯзгор» дар ҳамкорӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ эълон ва ба роҳ монда шуда, ин иқдом барои минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Айни ҳол, нашрия якҷо бо садорати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода озмуни дигареро таҳти унвони «Улуғзода вафодори ватан буд» эълон намудааст, ки дар арафаи ҷашни Истиқлоли кишвар ҷамъбаст хоҳад шуд. Дар маҷмӯъ, бояд гуфт, ки озмунҳои баргузорнамудаи нашрияи  «Омӯзгор» робитаю ҳамкории хонандагони нашрия ва устодону омӯзгоронро бо ҳафтанома мустаҳкам намуда, баҳри пурмуҳтаво, рангину ҷаззоб гардидани матолиби он таъсири файзбахш хоҳад расонид.

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш