Нигоштаҳои бархе аз мутахассисон оид ба Методологияи навиштани барномаву китобҳои дарсӣ водорам намуд, ки дар ин хусус фикру андешаҳои хешро иброз дорам. Зеро камина дар даврони Шӯравӣ беш аз даҳ сол мураттиби барномаи фанни адабиёт барои синфҳои 5 11 ва 40 сол мураттиби китоби дарсӣ будам. Дар ҳақиқат, аксаран барнома ва китоби дарсии як давраи ҷомеа ба давраи дигар мувофиқат ва мутобиқат нахоҳад кард ва ҳар як муаллиф новобаста аз он ки барои кадом зина китоби таълимӣ менависад, пеш аз ҳама, инро бояд дар назар дошта бошад. Иқдоми неке, ки дар солҳои аввали истиқлол аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба миён омад, таҷдиду бознигарии низоми таълим ва таълифи китобҳои дарсӣ буд. Албатта, дар ҳамон солҳо иҷрои ин амал кори саҳлу осон набуд. Бо вуҷуди ин, бисёр муаллифон аз баҳри ҳаққи қаламу дигар омилҳо гузашта, ин кори мушкилу сангинро ба хотири ҷомеаро аз илму дониш баҳравар намудан ба сомон расониданд. Дар ҳамин айём бо тақозои замон бояд барномаи фанни адабиёти тоҷик барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз нав таҷдиди назар мегардид. Бо супориши Вазорати маориф ва илм чанд олими варзидаи Донишгоҳи миллӣ ба иҷрои ин амали хайр ва басо мушкил камар бастанд. Онҳо ҷавҳари асосии хазинаи фарҳангии адабиёти тоҷикро аз қадим то имрӯз дар барномаи адабиёти тоҷик барои синфҳои 5 11 бо тартиб ҷой доданд. Муаллифони китобҳои дарсиро даъват карда, ба навиштани он ҳидоят намуданд. Барнома муддате дар муҳокимаи умум низ қарор дошт ва тақризҳои мусбат ҳам гирифт. Баъзе муаллифон бо сабабҳои гуногун аз навиштани китоби дарсӣ даст кашиданд. Бар ивази онҳо дигар олимон асосан аз мактабҳои олӣ даъват карда шуданд. Амали хайре ба анҷом расид ва он барномаву китобҳои дарсӣ ба талаботи ҳамонвақтаи ҷомеа созгор буданд. Ва имрӯз, чунон ки муаллифони “Методология” зикр намудаанд, “муаллифон баъзе фикру афкори бегона ва матнҳои ба ғояҳои миллию худшиносӣ номутобиқро ворид сохтаанд.”Дар ҳақиқат, таҷрибаи чандсолаи таълиму тарбия собит намуд, ки бар асари саросемагӣ дар барномаи адабиёти тоҷик маводе роҳ ёфтаанд, ки қобили таълим нестанд ва хонандаро ба гумроҳӣ ва мавҳумӣ мебаранд. Барнома аз норасоиҳои ҷиддии зерин иборат аст: 1. Дар зинаи синфҳои миёна (5 – 7) шумораи ниҳоят зиёди адибон интихоб гардида, ҷой дода шудаанд, ки ин ҳам ба муаллим ҳам ба хонанда душворӣ пеш меоварад. Пас аз ҳар ду соат омӯзиши ҳаёту эҷодиёти адиби наверо пешкаши шогирд кардан чӣ ҳоҷат аст?! Китоби дарсӣ энсиклопедия нест. Дигар ин ки ҳадаф дар ин синфҳо таълими хониши ифоданоки матнҳои манзум ва мансур аст, на донистану дар ёд нигоҳ доштани садҳо адиб. 2. Дар барнома баъзе адибоне шомил гардидаанд, ки осори онҳо танҳо аз таърифу тавсифу мадҳу санои шоҳон, тамаъ ва асбоби маишату нишасти онҳо иборат аст. Ин асарҳо ба хонанда ягон ғизои маънавӣ дода наметавонанд. 3. Дар барнома ашъори адибоне низ интихоб гардидаанд, ки мавзӯи осори онҳо аз шикояту нодорӣ ва бечорагӣ, камбағалӣ ва қашшоқӣ, ноумедӣ ва яъс, тарки ёру диёр ва манзилу аёл иборат аст. Масалан, “Рафтем аз диёри ту бо дидаи пуроб,” “Андар ин даврон маҷӯ роҳат, ки кас осуда нест,” “Дил забони шиква пеши ман зи сахтӣ боз кард”, “Кавсар ҳарифи чашми тари ман намешавад” ва амсоли инҳо. Ин гуна осор ба ҳамон давра хос буд. Ҳоло асри ХХ1. Таълими ин гуна ашъор ба хонанда чӣ дода метавонад? 4. Дар барнома як зумра олимону намояндагони дину мазҳабу равияҳо шомил гардидаанд, ки осори онҳо хонандаро ба гумроҳӣ мебарад, аз илм ба дин ва аз олами воқеӣ ба мавҳумӣ кашада, метавонад аз фаҳмиши илмҳои дунявӣ ба канор барад. 5. Дар барнома аз бетаҷрибагӣ ва надонистани хусусиятҳои синнусолӣ ва дарку эҳсоси дараҷаи фаҳмиши равоншиносӣ бисёр маводе шомил гардидаанд, ки дар ҳамин зина таълим додани онҳо ҷоиз нест. 6. Китобҳои дарсии синфҳои 8, 10, 11 аз ҷиҳати методологӣ ва педагогиву равоншиносӣ, услубу тарзи баён, суолу супоришот, хусусиятҳои синнусолии хонандагон мутлақо ҷавобгӯйи ҷомеаи имрӯз нестанд ва ба таҳриру сайқали методистони таҷрибадидаву эҷодкор ниёзманданд. Муаллифони “Методология” дуруст зикр кардаанд, ки “барномаи ҳар як фан ин санади меъёрии таълимиест, ки дар он доираи донишҳои бунёдӣ, малака, қобилият, салоҳият ва маҳоратҳои мушаххас инъикос ёфта, ба ташаккули салоҳиятҳои зарурӣ равона шудаанд ва онҳо бояд зимни омӯзиши фанни муайян аз худ карда шаванд.” Вале муаллифони мақола равшан нагуфтаанд, ки чунин барномаи намунавии ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи муосир аз ҷониби кӣ ва ё киҳо мураттаб гардад? Барномаи ин ё он фанни таълимӣ аз ҷониби як кас набояд навишта шавад. Ин кори саҳл нест. Бино бар ин, чунин ҳуҷҷати муҳимме, ки ба стандарти давлатии маълумот ва дигар меъёрҳои тарбиявӣ – ахлоқӣ мутобиқ бошад, бояд аз ҷониби ҳайати салоҳиятнок, мутахассисони касбӣ, методистони таҷрибаноку эҷодкори мактабҳо навишта шавад. Дар ин бобат аз гузашта, аз даврони Шӯравӣ таҷриба ҳаст. Ягон барнома аз ҷойи хушку холӣ таълиф нахоҳад ёфт. Ин ҳайат бояд аз ду гурӯҳ иборат бошад. Гурӯҳи якум маводи синфҳои ибтидоӣ ва дуюм синфҳои 5 – 11 – ро фарогир бошад. Ин гурӯҳҳо бояд чунин амал намоянд: * Маводи сарагардида ва пешниҳодшударо, барои ҳар як синф ҳаматарафа ва пухта санҷида, ба барнома ворид созанд; * кӯшиш ба харҷ дода шавад, ки маводи дар як синф интихобгардида дар дигар синф такрор нашавад; * маводи интихобгардида, чи аз ҷиҳати равонӣ ва чи аз ҷиҳати тарбиявӣ, ба синну соли хонандагон мувофиқ ва мутобиқ бошад ва манфиатҳои миллату давлату кишварро мунъакис намояд. Дар ин бобат дар замони Шӯравӣ чунин анъана ва расме буд: ҳини мураттаб намудани барномаи фан ҳар як маводи интихобгардида дар синфҳои 5 – 7 аз тарафи дабири гурӯҳи корӣ ифоданок хонда мешуд, дигарон бодиққат гӯш мекарданд ва сониян, андеша ва фикру хулосаи хешро баён мекарданд. Ҳайат саъю кӯшиш мекард, ки маводеро сара ва интихоб намояд, ки ҷанбаҳои тарбиявӣ – ахлоқӣ, маърифатӣ ва ватандӯстиро фароҳам оварда бошад ва аз сода ба мураккаб низом ёбад. Як нуктаро ёдовар мешавам, солҳои 80 ум устоди зиндаёд, профессор Холиқ Мирзозода, ки ба ҳайати таҳиягарони барномаи адабиёти тоҷик барои синфҳои 5 11 роҳбар буду камина дабир, ҳар як матни барои адабиёти синфҳои 5 -7 интихобнамударо таъкид мекард, ки хонем. Ӯ бо сабру таҳаммул ва иродаи қавӣ соатҳо нишаста гӯш мекард ва андешаҳои хешро мегуфт ва дигаронро низ ба он водор мекард. Баъзан оид ба як ибора ва ифода баҳсҳо тӯл мекашид, ки баъд ба барнома роҳ ёбад. Натиҷаи ҳамин масъулиятшиносӣ, нуктапардозӣ, бурдборӣ ва заҳматҳо буд, ки барнома ва китобҳои дарсии солҳои охирини даврони Шӯравӣ хеле беҳтар гардида буданд. Бар замми ин, дар фарҷоми барномаи ҳар як синф меъёрҳои ҳаҷми донишу фаҳмиш, малакаву маҳорат муайян ва музайян гардида буданд, ки имрӯз бархе онро таълими салоҳиятнок ном мебаранд. Албатта, ин меъёрҳо ихтирои мо набуда, аз дастуру низомномаҳои пешниҳодкардаи Россия мураттаб мегардиданд. Бисёр нуктаҳои мақолаи профессорон Нуриддин Саид ва Хуршед Зиёӣ, ки ҳарфу дар ҷодаи маорифи кишвар таҷрибаи зиёд ҳосил намуданд, қобили қабул аст. Методологияе, ки онҳо барои навиштани китобҳои дарсӣ пешниҳод намудаанд, бояд барои ҳар як муаллиф ва мураттиб дастури амал гардад. Қаблан ҳам андешаҳои профессор Нуриддини Саид ва директори собиқи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф профессор Ш.Исрофилниё дар боби китобҳои дарсӣ мунташир гардида буд. Дарвоқеъ, фикру андешаҳои онон қобили қабул буданд, вале дар амал барнома ва китобҳои дарсӣ дар шакли пешина боқӣ монданд. Баъзе роҳбарон ва масъулони риштаи маориф бар он андешаанд, ки китоби дарсӣ бояд аз тарафи олимони маъруф навишта шавад. Агар китоби дарсӣ аз ҷониби чунин ашхоси хирадманд таълиф гардад, албатта, ба манфиати ҷомеа аст. Вале ба шарте ки ин ашхос умре дар кунҷи ҳуҷраи корӣ нанишаста бошанд, мактаби миёнаро хуб донанд, психологияи хонанда, дараҷаҳои таълими ҳар як зинаи таҳсилро дарк намоянд. Вақте ки методист ва омӯзгори таҷрибадидаю эҷодкор ба таълифи китоби дарсӣ шурӯъ менамояд, ӯ хешро бояд чунон тасаввур кунад, ки дар паси мизи ҳамон синф ба ҳайси хонанда нишастааст ва ин маводе, ки ӯ мувофиқи барнома пешкаш менамояд, ба хонанда чӣ таассуроте мебахшад ва аз кадом ҷиҳат ба ӯ ғизои маънавӣ ва ё фарҳангӣ эҳдо хоҳад кард. Ногуфта намонад, ки на ҳар методист ва омӯзгори таҷрибанок ва собиқадор аз уҳдаи мураттабсозӣ ё таълифи китоби дарсӣ баромада метавонад. Дар ҷумҳурии мо аҳёнан методистону омӯзгорону мураббиёне кору фаъолият мекунанд, ки омӯзанда ва пажӯҳанда, эҷодкоранд. Андешаҳои онон қобили таваҷҷуҳанд. Маҳз онҳоро бояд даъват намуду дар паҳлуи олиме нишонд. Дар хусуси он ки китоби дарсӣ барои кӣ навишта мешавад, нигошта ва андешаҳои директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм Ш. Ёрмуҳаммадов низ ҷолиби диққат аст. Вале муаллиф саволгузорӣ карда, ба саволи хеш мушаххас посух надодааст. Ба андешаи ӯ, “китоби дарсӣ ҳам барои омӯзгор ва ҳам барои хонанда таълиф мегардад.” Бисёриҳо бар ин ақидаанд, ки гӯё китоби дарсӣ барои омӯзгор навишта мешавад. Дар ҳақиқат, китобҳои дарсии адабиёти тоҷик барои синфҳои 8, 10, 11 барои омӯзгорону пажӯҳандагон таълиф гардидааст. Хонанда аз таҳлили асарҳои адибони классик ва муосир иншо ва ҳатто эссе навишта наметавонад. Ҷанбаҳои методии ин китобҳо фалаҷ аст. Суолу супоришоте, ки баъди ҳар як боб оварда шудаанд, аз фаҳми хонанда дур асту дасти методист надида. Дар ин китобҳо бисёр масоили илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, ки барои хонанда мутлақо зарурат надоранд. Дигар ин ки забону тарзи баёни ин китобҳо мушкил мондааст. Ё ин ки баҳсҳои илмии ҳалношудаи олимон дар китоби дарсӣ ба хонанда чӣ лозим аст? Масалан, “нобино будан ва ё набудани устод Рудакӣ,” “феъли зишт доштани Дақиқӣ,” “чанд таҳрири “Шоҳнома” ва амсоли он. Чунин нигоштаҳои бемаврид ва беҷо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки олимони варзидаи мо аз методологияи таълифи китоби дарсӣ огаҳ нестанд. Дараҷаи дарку фаҳмиши хонанда ва хусусиятҳои синнусолии онҳоро ба инобат намегиранд, аз муҳити синфу мактаб фарсахҳо дуранд. Академик – олими бузурги соҳаи маорифи Россия Юрий Константинович Бабанский дар нақлиёте, ки ӯро бояд ба мактаби миёна мебурд, ҷон дод. Профессор Шарифҷон Ҳусейнзода болои китоби дарсии “Адабиёти тоҷик” (барои синфи 8) чил сол заҳмат кашид. Ба семинарҳо, маҷлисҳои машваратии омӯзгорон, конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, ба дарсҳои омӯзгорони макотиби миёна ва шогирдонаш фаъолона ширкат меварзид, мушоҳида мекард, фикру андешаҳои омӯзгорони собиқадорро навишта, китоби таълифнамудаи хешро суфта ва сайқал медод. Аз таҷрибаи олимони методисти ҷаҳонӣ ва маорифпарварони бузург чунин бармеояд, ки китоби дарсӣ танҳо барои хонанда мураттаб ва таълиф мегардад. Барои кадом тоифаи хонанда? Мусаллам аст, ки дар ҳар як синф се намуди хонанда таҳсил менамояд: * хонандаи аълохон ва пешқадам; * хонандаи миёнахон; *хонандаи сустхон. Мутахассисони соҳаи педагогика ва равоншиносӣ бар он хулоса омадаанд, ки китоби дарсӣ барои талабаи миёнахон навишта шавад. Чаро? Барои он ки агар китоби дарсӣ барои хонандаи аълохон навишта шавад, барои дигарон мушкилӣ пеш меоварад, хусусан, сустхонҳо аз он китоб бебаҳра мемонанд. Агар барои сустхон навишта шавад, барои аълохонҳо тамоман шавқангезу мароқовар нест. Дар солҳои 80 – ум баъзе кормандони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ҳатто баъзе омӯзгорони таҷрибадида пешниҳод карда буданд, ки аз ҳар як синф талабаҳои сустхонро рӯйхат карда, барои онҳо синфҳои алоҳида ташкил бидиҳанд ва китобҳои дарсии алоҳида мувофиқ ба фаҳмишу дониши онҳо бинвисанд. Хушбахтона, ин пешниҳод дастгирӣ наёфт. Хулоса, китоби дарсӣ дар дасти омӯзгор ба ҳайси дастури таълимию тарбиявие бошад, ки шогирдонро зина ба зина ба сӯи қуллаҳои илму дониш ҳидоят намояд.
Хоҷа Қурбон ТОҲИРӢ
доктори илмҳои педагогӣ, профессор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр