Нашрияи Омӯзгор

Истилоҳоти забоншиносӣ дар дастурҳои таълимӣ

Сана: 2021-03-14        Дида шуд: 761        Шарҳ: 0

(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Ифодаю ибораҳои фразеологии барои истифода дар дарсҳо интихобшуда бояд дар нутқ серистеъмол буда, ҳамзамон, барои хонандагон навигарие пешниҳод намоянд ва дорои тобиши равшани муассирият бошанд». (саҳ. 169, 170, 171) Методисти намоён, профессор М. Т. Баранов дар «Методика лексики и фразеологии на уроках русского языка» (М.,1980) чунин таъкид кардааст: «Зарбулмасалу мақолҳо ба гурӯҳи фразеологизмҳо дохил карда намешаванд». (саҳ.104-105).  Ва ё дар барномаи таълим ва китобҳои дарсии (асосан дар) синфҳои 9, 11 ифодаҳои «воҳидҳои хулосакунанда», « воҳидҳои туфайлӣ» ба таври фаровон истифода шудаанд, ки саҳеҳ намебошад. Дар ин китобҳо бояд ба ҷойи ибораҳои мазкур мафҳумҳои «калима», «ибора» ва «ҷумлаҳои туфайлӣ» корбаст гарданд. Сониян, дар баъзе китобҳои дарсӣ (масалан, дар китоби «Забони тоҷикӣ» барои синфи 9) муаллифон истилоҳоте «сохтаанд»-у мавриди истифода қарор додаанд, ки ба андешаи мо, сунъисохт буда, ғайримаъмулианд ва нозукиҳои истилоҳро фаро намегиранд. Дуруст аст, ки баъзан аз рӯйи зарурат бар асоси қоидаҳои истилоҳнигорӣ вожаҳое ба сифати истилоҳ интихоб карда мешаванд, ки бо мазмуну маънии мафҳум сад дар сад мувофиқат карданашон муҳим нест. Чунонки ишора кардем, бо назардошти ин ки дар забон чунин истилоҳот қаблан мавриди истифода қарор доштанду ба хонандагон фаҳмою дастрасанд ва имрӯз низ аз онҳо истифода бурдан мумкин аст, ин истилоҳоти «ихтироъкарда»  и муаллифон қобили қабул нестанд. Чанде аз онҳоро дар зер зикр мекунем: ҷумлаи мураккаби тобеи муқаррарӣ, фармудаи бузургон (саҳ. 4,7), воҳиди томи наҳвӣ (саҳ. 105), банди наҳвӣ (саҳ.105), воҳиди мукаммалтари нутқ (саҳ.21), «Ҳиссаи… сарҷумла буда, ҳиссаи … пайрав аст (саҳ.21), (ба ҳайати ҷумлаи мураккаби (саҳ.21), ҷумлаҳои содаи ҳайати ҷумлаи мураккаби пайваст (саҳ.33), ба ҳайати сарҷумла, ба ҳайати ҷумлаи пайрав дохил мешавад (саҳ.32), аломатҳои китобат чӣ саҳм дорад? (саҳ.30), саҳму вазифаи калимаи ҳамнисбат (саҳ.34) … Ба истилоҳоти «навихтироъ» таваҷҷуҳ кунед: Агар истилоҳи «ҷумлаи мураккаби тобеи муқаррарӣ» ро бипазирем, пас «ҷумлаи мураккаби тобеи сертаркиб»-ро низ ба ҷумлаи мураккаби тобеи сертаркиби муқаррарӣ ва ғайримуқаррарӣ» бояд номгузорӣ кард. Ё вожаи «фармуда» дар супоришҳо, ба назари мо, бори маънии дилхоҳро намекашад. Хуб мебуд, ки он ба мафҳумҳои «гуфта» ё «гуфтор» «навишта» ё «навиштор» иваз карда шавад, зеро «фармуда» пеш аз ҳама, маънои супоришро ифода мекунад. Ва ё «воҳиди томи наҳвӣ» гуфта муаллифон чиро дар назар доранд? Шояд «матн» ро дар назар дошта бошанд. Чунин истилоҳ дар стандарти фаннӣ ва дар барномаи таълим дида намешавад. Пас, беҳтар нест, ки матн гӯем. Магар «Пайвандак ба ҳайати ҷумлаи пайрав дохил мешавад» гуфтан дуруст аст? Қаблан дар китобҳои дарсию асарҳои таҳқиқотӣ ифодаи «дар таркиби» истифода мешуд ва шинаму ба ҳама, ба хусус, ба хонандагону омӯзгорон фаҳмою дастрас буд. Дар қадами аввал зери мафҳуми «ҳайат» (ҳайати доварон) гурӯҳи одамон фаҳмида мешавад.  Севум, аз тавсияҳои носаҳеҳи муҳаррирони барномаи таълими нашри соли 2006 муаллифони китобҳои дарсӣ «илҳом» гирифта, низомро дар истифодаи истилоҳоти грамматикӣ (забоншиносӣ) риоя накардаанд ва баъзеашон бенизомиро ба баландтарин сатҳ расонидаанд (асосан дар «Забони тоҷикӣ» барои синфи 11). Аввалан, тартиби ягонаи истифодаро риоя накардаанд, ва, сониян, бо салоҳдиди худ аз муродифҳои мухталифи истилоҳот кор гирифтаанд, ки аз нигоҳи дидактикӣ комилан нодуруст аст. Ҳоло барои собит сохтани андешаҳоямон чанд намунаро аз китобҳои дарсии забони тоҷикии мактабӣ меорем. Намунаҳо нишон медиҳанд, ки муаллифони китобҳои дарсӣ аз тавсияи нодурусти ҳайати муҳаррирони барномаи таълим ҳайрон шуда, ҳар яки онҳо тибқи завқу хоҳиши худ аз истилоҳот ва муродифоти онҳо истифода бурдаанд: овошиносӣ (фонетикасаҳ.18), ҳодисаҳои фонетикӣ (саҳ.42), таҳлили фонетикӣ (саҳ.54), овошиносӣ (фонетика–саҳ.55), наҳв (синтаксиссаҳ.119), муродиф (синоним-саҳ.134), зидмаъно (антоним-137), ҳамгуна (омоним-саҳ.139), пасванд (суффикссаҳ.118), пешванд (префикс-саҳ.150), аломатҳои сарфӣ (саҳ.171) аз китоби «Забони тоҷикӣ» барои синфи 5; сарф (морфология-саҳ.11), наҳв (синтаксис  саҳ. 20), аломатҳои китобат (пунктуатсия), таҳлили наҳвӣ (синтаксисӣ  саҳ. 30), луғатшиносӣ (лексикология-саҳ.10) аз китоби «Забони тоҷикӣ» барои синфи 8; фонетика (савтиёт-саҳ.7), калима (луғатсаҳ.8), омоним (ҳамшакл-саҳ.8), антоним (муқобилмаъно-саҳ.9), морфология (сарф-саҳ.10), синтаксис (наҳв-саҳ.11), фонетика ва имло (саҳ.-156), морфология (саҳ.161), наҳв (163) дар «Забони тоҷикӣ» барои синфи 9; имло (орфография–саҳ.5), таҳлили фонетикӣ (овоӣ–саҳ.4), таҳлили морфологӣ (сарфӣ саҳ.4), таҳлили синтаксисӣ (наҳвӣ саҳ.4), фонетика (овошиносӣ саҳ.5), талаффузи сареҳ (орфоэпия саҳ.5), имло (орфография саҳ.5), меъёрҳои (принсипҳои–саҳ.5), меъёрҳои сарфӣ (морфологӣ-саҳ. 5), меъёри овоӣ (фонетикӣ-саҳ.5), орфоэпия (беғалат талаффуз кардани овозҳою калимаҳосаҳ.7), луғатшиносӣ (лексикологиясаҳ.7), маъношиносӣ (семасиологиясаҳ.7), садоноки «ӯ» (вови маҷҳулсаҳ.9), калимаҳо, таркибҳо, ибораю ҷумлаҳои рехта (воҳидҳои фразеологӣ  саҳ.17), омонимҳои овозӣ (омофон  саҳ.25), омонимҳои навишторӣ (омограф-саҳ.25), овозҳои наздикталаффуз (паронимҳо-саҳ.26), вариант (қарина саҳ.29), калимаҳои ҳаммаъно (муродиф ё синонимро ёбедсаҳ. 29), антоним (саҳ.29), антонимҳо ё калимаҳои зидмаъно (саҳ. 39), антоним аз санъати тазод (контраст) чӣ фарқ дорад? (саҳ.39), фразеологизмҳо (ибораҳои рехта  саҳ.44), воҳидҳои фразеологӣ (саҳ. 44), морфема (ҳиссаи калимаҳо-саҳ.51), калимасозӣ (морфемика саҳ. 51), ниимтире (дефис – саҳ.57), Чӣ гуна калимаҳоро ҳаммаъно, муродиф ва ё синоним меноманд? (саҳ. 15), муродифҳои луғавӣ аз аз вариант (қарина) чӣ фарқ доранд? (саҳ.15), қобилияти фонемагӣ (тағйир додани маънои калима саҳ.9) ва ғайраҳо. Аз китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои синфи 11.  Истилоҳоти грамматикӣ чун дигар истилоҳоти соҳаи илми дигар калимаҳое мебошанд, ки мафҳуми муайянеро мушаххасу дақиқ, бидуни омехтакунӣ бо дигар мафҳумҳо ифода мекунанд. Ин гуфта ба муҳтавои истилоҳот тааллуқ дорад. Дар ҳама гуна ҳолату шароит истилоҳоти грамматикӣ талаботи хонандагони мактабро ҳангоми омӯхтани грамматика қонеъ карда метавонад. Барои худсарона иваз кардани истилоҳот ба ҳеҷ кас, бахусус, ба муаллифони китобҳои дарсию маводи дидактикӣ ва омӯзгорон ҳуқуқ дода намешавад. Истилоҳоти дар барномаҳои таълим зиккргардида бояд тавре ки ҳастанд, дар ҳамон шакл ба хонандагон таълим дода шаванд. Зеро гуногунии истилоҳот кори таълимро душвор сохта, хонандагонро ба раҳгумӣ мебарад. Яъне агар хонандагон истилоҳоти фанниро хуб дарк ва аз худ накунанд, асосҳои назариявӣ ва муҳтавои илмии фанҳои таълимро ба таври лозима фаро гирифта наметавонанд. Бинобар ин, дар мактаби миёна на танҳо ба таълими истилоҳоти грамматикӣ, балки ба таълими тамоми истилоҳоти фанҳои дигар низ таваҷҷуҳи махсус додани омӯзгорон шарт ва зарур аст. Агар ин кор зимни тадриси фанни география ба таври дуруст ба роҳ монда шавад, итминони комил дорем, ки бисёр масъалаҳои душвори таълими забон – дурусту беғалат талаффуз кардану навиштан ва задагузории бамавқеъ дар калимаю истилоҳҳо, дурустнависии исмҳои хосу номҳои географӣ ғайраҳо ҳалли худро меёбанд. Ба ифодаи дигар, то чи андоза ба фанни таълим шавқу ҳавас пайдо кардани хонанда сароғоз ба сатҳи дарки мафҳумҳои илмии фан, тарзи баёни омӯзгор ва забони ӯ марбут аст. Дар китобҳои дарсии «Забони тоҷикӣ»-и мактабӣ ягонагии истилоҳоти забоншиносӣ риоя намешавад. Дар ҳар китоб ҳар хел аст. Баъзе муаллифон аз ду се ва ҳатто чаҳор муродифи як истилоҳ кор гирифтаанд. Бояд донист ва ба назар гирифт, ки мактаби миёна аз мактаби олӣ ба куллӣ фарқ дорад. Бинобар ин, ба инобат гирифтани хусусиятҳои синнусолӣ ва талаботи психологиву дидактикӣ амри зарурист.  Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳар чи зудтар ба гуногунии истифодаи истилоҳот дар китобҳои дарсии мактабӣ хотима бахшему яксонии истилоҳотро дар маҷмӯъ дар маводи таълим таъмин намоем.

Сайидамир АМИНОВ, забоншинос


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш