Нашрияи Омӯзгор

Маориф ва матбуот

Сана: 2021-03-14        Дида шуд: 833        Шарҳ: 0

Бар асари ҷараёни маорифпарварӣ, инқилоби рус ва инқилобҳои Эрону Туркия дар ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмии Аморати Бухоро дигаргуниҳо ба вуқӯъ пайвастанд. Яке аз воқеаҳо ин буд, ки бо ташаббусу ибтикороти равшанфикрон Мирзо Муҳиддин ва Мирзо Сироҷ 11 марти соли 1912 ба чопи нахустин матбуоти миллии тоҷикии «Бухорои Шариф» асос гузошта шуд. Дар шумораи аввалини он, дар мақолаи «Ғояи омол» асосгузорон ҳадафи асосии худро хидмат ба тараққии маориф азёбӣ кардаанд: «Аз ҷумлаи асбоби тараққии маориф (бар ҳасби авқоти ҳолия) ҳамоно интишороти рӯзномаҷот аст, ки ахбори ҳама ҷоро ба ҳама кас медиҳад! Навъи инсониро аз тасаввуроти ҳамдигарӣ муталлеъ менамояд!... Мухтасар ин ки рӯзнома беҳтарин асбобе аст дар нашр ва таъмими маориф ва мувонисати бани навъи инсонӣ бидуни ҳоҷат бо хилта ва омезиши зоҳирӣ». (Набавӣ, А. «Бухорои шариф» сароғози матбуоти миллии тоҷикӣ. – Душанбе, 2012. – С.150) Д ар баррасии ҳамин мавзӯъ устод Садридиин Айнӣ дар асари машҳури «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» (Куллиёт, 2005) омили асосии ислоҳи кишварро «Ду чиз: Мактаб! Ҷарида!» медонад. Устод Айнӣ, ки яке аз хонандаҳои асосии «Бухорои шариф» низ буд, дар робита ба таъсири рӯзномаи «Бухорои шариф» ва «Тӯрон» дар асари зикршуда чунин изҳори андеша мекунад: « … ҷаридаи «Бухорои шариф» ва «Тӯрон» дар Бухоро таъсири хуб кард. Филҷумла, инқилоби фикриву илмӣ рӯй дод. Дар мадрасаҳои куҳна дар байни талаба сухан аз ислоҳи макотиб ва мадорис мерафт, ғайринофеъ будани ҷадвали дарсҳои ҳозира музокира меёфт (агар рақамҳои авохири «Бухорои Шариф» ро мутолиа карда шавад, чанд ариза ва талабнома барои ислоҳи мадорис ба имзои мутаадид аз талабагон дида мешавад) ... Баъзе мударрисин низ рағбати талабаро дида, бо вуҷуди аҳл набуданашон, дарси тафсиру ҳадис гуфтанӣ мешуданд. Ин ҳама аломати хайру асари «Бухорои шариф» ва «Тӯрон» буд». Ҳамчунин, бар асари нахустрӯзномаи «Бухорои шариф» нашрияҳои сезабонаи Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ – «Самарқанд»  у «Оина» ва рӯзномаи ҳукуматии «Рӯзномаи моварои баҳри Хазар» рӯи чоп омаданд. Мундариҷаи ин нашрияҳо низ аслан ба масъалаҳои мактабу маориф нигаронида шуда буд ва минбаъд онҳо натанҳо барои кушодани мактабҳои усули нав, балки ҷиҳати таъсисёбии нашрияҳои «Шуълаи инқилоб», «Овози тоҷик» ва замимаҳои он мусоидат карданд. Чунончи, муҳаққиқ М. Муродӣ дар китоби «Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ» (2017) навиштааст: «Ба ин мазмун метавон гуфт, ки ин нашрияҳо дар пайдоиши матбуоти соҳаи маориф ҳамчун замина хидмат кардаанд». Аз ҳамин нигоҳ муҳаққиқ М. Рустамзода низ дар китоби «Нахустматбуоти соҳаи маориф» изҳор медорад, ки «… агар ягон вақт таърихи маорифи тоҷикро пурра иншо кунанд, аввалин рӯзномаҳои тоҷикиро ҷузъи таърихии он хоҳанд ҳисобид. Яъне дар хулосабарорӣ андаке пеш рафта гуфтанием, ки «Бухорои шариф» ба як маънӣ на танҳо аввалин нашрияи тоҷикӣ – зодрӯзи матбуоти тоҷик, балки нахустнашрияи соҳаи маориф низ маҳсуб меёбад». 25 августи соли 1924 баъди ташкил шудани Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп гардид, ки дар оғоз «Овози тоҷики камбағал» унвон дошт. Инъикоси масъалаҳои мактабу маориф аз мавзӯъҳои марказии рӯзномаи мазкур ба ҳисоб мерафт. Тавре муҳаққиқ И. Усмонов дар китоби «Журналистика (Қисми 3)» (2008) қайд мекунад: «Яке аз хизматҳои барҷастаи газетаи  «Овози тоҷик» дар ташкили маорифи тоҷик аст. Шуморае нест, ки газета дар он ақалан чаҳоряки мақолоти худро ба ин масъалаи муҳим набахшида бошад». 13 январи соли 1929 шумораи нахустини замимаи «Овози тоҷик» бо номи «Саводи меҳнат» аз чоп баромад, ки мундариҷаи он низ сирф ба масъалаҳои соҳаи маориф бахшида шуда буд. Аз ҷумла, аксари мавзӯи мақолаҳои онро мубориза ба муқобили бесаводӣ, таълими алифбои лотинӣ, оид ба мактабҳои нав ва таҷрибаи муаллимони пешқадам ташкил медод. Боиси таъкид аст, ки маҳз бо фаъолияти публитсистии худ устод Садриддин Айнӣ дар рӯзномаи «Овози тоҷик» оид ба мушкилоти мактабҳои навтаъсис, ҷалби ҷавонон ба мактаб, тарбияи омӯзгорони ҷавони мактабҳои тоҷикӣ, нашри китобҳои дарсӣ, забону адабиёти тоҷикӣ масъалагузорӣ мекунад.  Дигар аз фидоиёни соҳаи маориф, муҳаррири маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» (1919) Саидризо Ализода низ баъди баста шудани маҷалла ба сифати котиби масъул дар рӯзномаи «Овози тоҷик» кор кардааст. Мавсуф низ дар инъикоси масъалаҳои мактабу маорифи тоҷикӣ саҳми шоиста гузоштааст. Ҳамчунин, фаъолияти публитсистии Қурбӣ, Азизӣ, Роҷӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода ва Зеҳнӣ маҳз дар ҳамин рӯзнома рушду инкишоф ёфт. Муҳаққиқ А. Азимов дар китоби «Воқеияти зиндагӣ ва матбуоти тоҷик» (2000) зикр мекунад, ки  «Рӯзномаи «Овози тоҷик» дар таърихи тамаддуни миллии мо ҳамчун мактаби тарбияи кадрҳои журналистӣ, ҳамчун василаи ташкил ва ташаккули матбуоти нави тоҷик шинохта шудааст». Баъди ташкили  Ҷумҳурии мухтори Шӯравии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1924 қарор дар бораи таъсиси Назорати маорифи Тоҷикистон ба тасвиб расид ва Аббос Алиев аввалин нозири маорифи Тоҷикистон таъйин гардид. Бо сабаби он ки кадрҳои соҳаи маориф намерасиданд, Назорати маориф аз 5 марти соли 1925 ба кор шурӯъ кард. Аз рӯзҳои аввали ба фаъолият пардохтани Назорати маориф ва талошҳои нозири он Аббос Алиев яке аз масъалаҳои асосӣ ташкили нашрияҳои даврӣ буд ва ҳамин тавр 15 марти соли 1925 рӯзномаи «Иди тоҷик» аз чоп баромад. Шумораи нахустини он идона буд ва аз номаш низ маълум аст, дар рӯзҳои аввали ба кор оғоз кардани Ҳукумати Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон интишор шуд. «Иди тоҷик» тақрибан баъди як моҳ  5 апрели соли 1925 бо номи «Бедории тоҷик» табдили ном мекунад ва баъдан «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ» ва дар даврони соҳибистиқлолӣ «Ҷумҳурият» ном гирифт. Тавре муҳаққиқон И.Усмонов ва Д. Давронов дар китоби «Таърихи журналистикаи тоҷик» (2008) қайд мекунанд, «… аввалин муҳаррири «Бедории тоҷик» Аббос Алиев буд. Ин бесабаб не. Аббос Алиев ҳанӯз аз ибтидои соли 20 дар кори матбуот иштирок мекард ва таҷрибаи муайяни публитсистӣ дошт. Вай яке аз аввалин муҳаррирони «Озод Бухоро» мебошад». Ин маъниро муҳаққиқ М. Рустамзода дар китоби «Нахустматбуоти соҳаи маориф» (2016) тақвият бахшида, бар он андеша аст, ки «Пас, вақте ки муҳаррири шумораи аввалин нозири маорифи Тоҷикистон (Аббос Алиев дар назар аст. – Н. Н.) аст, рӯзномаи таҳти таҳрири ӯ чоп шуда низ нашрияи Назорати маориф бояд бошад». Сабаби дигари муҳаррири масъул таъйин шудани Аббос Алиевро Қосим Дайламӣ, ки ба ҳайати таҳририяи «Бедории тоҷик» шомил буд, дар мақолаи «Оғози кор» («Комсомоли Тоҷикистон», 1968, 17 январ) ин тавр шарҳ медиҳад: «… соли аввал редаксияи «Бедории тоҷик» ро аз ҷиҳати кадру воситаҳои техникӣ Комиссариати халқи маорифи Тоҷикистон идора мекард. Зеро 95 фоизи ширкаткунандагони нашри рӯзномаи мазкур коркунони масъули ин комиссариат буда, илова бар ин худи матбаа ҳам дар ихтиёри вай (Аббос Алиев дар назар аст. – Н. Н.) буд». Мавриди зикр аст, ки дар давраҳои гуногун таҳрири рӯзномаи мазкур ба зиммаи шахсиятҳои воқеан ҳам, фидоии соҳаи маорифу фарҳанг Аббос Алиев, Алӣ Исмоилзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Қосим Дайламӣ, Қулӣ Обидов, Муҳаммад Мусавӣ  буд, ки ҷиҳати чопи рӯзнома ва омода кардани мухбирон аз ҳисоби омӯзгорон дар мактабҳо саҳми шоиста гузоштаанд. Ҳамчунин, бо ибтикори Назорати маориф соли 1925 дар техникуми омӯзгории шаҳри Душанбе курсҳои 9 – моҳаи тайёр кардани мухбирон ва кормандони матбаа ташкил мешавад. Баъди хатми ин курсҳо мутахассисон ба деҳот баргашта, дар баробари дар мактабҳои маҳви бесаводӣ дарс гуфтан, дар мавриди воқеаҳои деҳот ба идораҳои рӯзномаҳо аз ҷумла, «Бедории тоҷик» хабару мақолаҳо навишта мефиристоданд. Биноан, яке аз ҳадафҳои асосии рӯзномаи «Бедории тоҷик» инъикосу баррасии масъалаҳои соҳаи маориф буд ва ҷиҳати тарғибу таблиғи мактабҳои нав, омода кардани кадрҳои омӯзгорӣ, маҳви бесаводӣ ва рушду инкишоф бахшидани маорифи Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст. Бояд гуфт, ки хидмати аввалин нозири маориф Аббос Алиев, ки қофиласолори ин корзор буд, мондагору таърихӣ мебошад. Баъди як соли таъсисёбии нахустин рӯзномаи ҳукуматӣ дар ҳудуди Тоҷикистон бо номи «Иди тоҷик» (1925) Назорати маорифи Тоҷикистон аввалин маҷаллаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ, адабӣ, фаннӣ, илмӣ ва танқидии соҳаи маориф – «Дониш ва омӯзгор» ро таъсис медиҳад, ки шумораи нахустини он 1 марти соли 1926 чоп мешавад. Нахустин шумораи маҷаллаи мазкур ба муносибати яксолагии Назорати маориф рӯи чоп омад ва муҳаррири он Аббос Алиев буд. Бояд гуфт, ки маҷаллаи мазкур аввалин нашрияи соҳаи маориф маҳсуб меёбад, ки дар ҳудуди Тоҷикистон чоп шуд. Дар бораи аввалин маҷаллаи соҳаи маориф Қосим Дайламӣ дар мақолаи «Нахустин маҷаллаи педагогӣ» («Маориф ва маданият». –  1967. – 28 декабр) зикр мекунад, ки «Дар охирҳои январи соли 1926 маҷаллаи педагогии «Дониш ва омӯзгор» органи Комиссариати маорифи халқи Тоҷикистон дар Душанбе таъсис ёфт, ки ин дар таърихи ҳаёти Тоҷикистон нахустин маҷалла ба шумор мерафт. Муҳаррири масъули он Аббос Алиев ва муовини он муаллифи ин сатрҳо буд, аммо дар нашри он гурӯҳе аз коркунони масъули газетаи «Бедории тоҷик», Комиссариати маорифи Тоҷикистон ва педагогҳои барҷаста, аз ҷумла, устод Абулқосим Лоҳутӣ, Меҳдӣ, Таҳмосов, Миртолиб Саидзода, Климчитский, Раҳимӣ, Қамбарзода, Акоп Кузнетсов, Форс, Деҳқон, Ҳайдарзода, Раҳматзода ва дигарон низ иштирок мекарданд». Дар муроҷиатномае, ки дар шумораи аввали маҷалла бо номи «Мақсади мо» чоп шудааст, ҳайати таҳририя мақсаду мароми худро чунин баён кардаанд: «… маҷаллаи мо махсуси муаллимони Тоҷикистон аст. Чун дар Тоҷикистон имкони табъ кардани китобҳои лозимаро надорем, мехоҳем бо ин маҷалла ба муаллимон роҳбарӣ карда, онҳоро бо аҳволи вақт, усулҳои тоза ва роҳи таълим ва тарбия ошно намоем». Дар шумораи нахустини маҷалла муроҷиати Раиси Ҳукумати Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва аъзои ҳукумат бо номи «Ба тамоми ходимони маориф», мақолаи раиси Кумитаи инқилобӣ Нусратуллоҳ Махсум «Вазифаи муаллим дар Тоҷикистон» ҷой дода шудаанд. Ҳамчунин, мақолаҳои Аббос Алиев «Иди яксолаи мо», Чинор Имомов «Иди таърихии Тоҷикистон», Раҳимӣ «Мактаби куҳна ва мо», Миртолиб Саидзода «Даврҳои тарбияи иҷтимоӣ» ба табъ расидаанд, ки мавзӯи онҳо аз рушд ва инкишофи соҳаи маорифи Тоҷикистон, ёрӣ ба муаллимон, мубориза бар зидди бесаводӣ, таърихи ҳалқи тоҷик иборатанд. Тавре аз шиносномаи маҷалла маълум мегардад, он маҷмӯаи адабӣ ва илмӣ низ мебошад. Дар гӯшаи адабӣ ва илмӣ намунаи эҷодиёти адибони тоҷик ва мақолаҳои илмии олимон ҷой дода шудааст. Аз ҷумла, намунаи онҳо шеърҳои устодон Садриддин Айнӣ «Ахгари инқилоб», «Инқилоб», Абулқосим Лоҳутӣ «Сангари хунин» (аз таърихи Каммуни Порис) ва мақолаи профессор Бартолд «Тоҷикон» (дар тарҷумаи Қосим Дайламӣ) мебошанд. Минбаъд ин иқдомро нашрия идома дода, дар баробари мавзӯъҳои мактабу маориф ба мавзӯъҳои адабиву фарҳангӣ ва илмӣ низ аҳамияти хоса додааст. Тавре дар нишонаи «Дониш ва омӯзгор» дарҷ гардидааст, маҷалла бояд аз тарафи Назорати маорифи Тоҷикистон дар ҳар понздаҳ рӯз як бор нашр мешуд, вале ин ҳадаф иҷро нашуд. Сабаби инро муҳаққиқон дар мушкилоти техникӣ медонанд. Аз ҷумла, муҳаққиқ М. Рустамзода дар китоби «Нахустматбуоти соҳаи маориф» (2016) чунин шарҳ додаст: «Воқеан, бояд гуфт, ки «Иди тоҷик» ва «Дониш ва омӯзгор» аз нахустин нашрияҳое мебошанд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон – шаҳри Душанбе чоп мешуданд. Аз ин рӯ, нашрияи нав ба мушкилоти гуногуни техникӣ рӯбарӯ гашт. Ҳамин тавр, «Дониш ва омӯзгор» то моҳи июли ҳамон сол (1926) чор шумора (шумораҳои се ва чор якҷоя) чоп шуду бас». Шояд дар матбуоти он давра мушкилоти фанниву техникӣ вуҷуд дошт, вале Қ. Дайламӣ дар мақолаи «Нахустин маҷаллаи педагогӣ» («Маориф ва маданият», 1967, 28 декабр)  сабаби аз фаъолият бозмондани маҷалларо дигаргуна шарҳ медиҳад: «Маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор» зиёд умр надид, зеро ба муносибати тағйироте, ки дар охирҳои соли 1926 дар кадри роҳбарикунандаи Комиссариати маорифи Тоҷикистон ба амал омада буд, аз фаъолият бозмонд, вале дар муддати зиёде хостгорони зиёде пайдо карда буд». Ба андешаи инҷониб, назари Қ. Дайламӣ низ қобили қабул аст, зеро ӯ дар ин нашрия ба ҳайси муовин фаъолият мекард ва аз рафти ҳодисаҳо бохабар буд. Тавре маълум аст, Аббос Алиев то охири соли 1926 дар вазифаи нозири маорифи Тоҷикистон кор кард ва албатта, барканор шудани ӯ аз ин вазифа ба кори маҷалла таъсири манфӣ расонид. Ва дигар ин ки Аббос Алиев асосгузори рӯзномаи «Иди тоҷик» низ буд. Оё ин нашрия мушкилоти фаннию техникӣ надошт? Албатта, дошт. Чунончи, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар китоби «Фитнаи инқилоб дар Бухоро» (2010) менависад: «Дар ҳамон гувоҳнома (справка о научно – педагогической работе профессора А. А. Алиева), дар Бойгонии давлатии Тоҷикистон дар парвандаи Аббос Алиев ҳаст, ишора шудааст, ки ба сабаби ихтилофи назар бо И. А. Зеленский – котиби Дафтари осиёмиёнагии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ охири соли 1926 Аббос Алиев ба Тошканд пас хонда шуд…. Чунонки мебинем, сабаби барканории Аббос Алиев аз Вазорати маорифи Тоҷикистон ихтилофи ӯ бо И. Зеленский будааст». Ба ҳар ҳол, нақши «Дониш ва омӯзгор», ки асосгузори он Аббос Алев мебошад, дар мавриди ба вуҷуд омадани дигар матбуоти соҳавӣ бузург аст. Моҳи августи соли 1927 дар соли сеюми таъсиси Ҳукумати Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон бо тавсияи Совети Комиссарони халқии Тоҷикистон кормандони Назорати маорифи Тоҷикистон дар шаҳри Самарқанд шумораи аввалини маҷаллаи илмӣ – адабӣ «Дониш – биниш» – ро  дар ҳаҷми 40 саҳифа бо теъдоди 1500 нусха (минбаъд «Раҳбари дониш» ва маҷаллаи имрӯзаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маърифати омӯзгор») аз чоп бароварданд. Ба ҳайати таҳририяи маҷалла Муҳаммад Мусавӣ, Муҳаммадҷон Ҳасанӣ, Нарзуллоҳ Бектош, Уйғур ва Ҷабборӣ шомил буданд. Собит Манофзода баъди мутолиаи маҷаллаи «Дониш – биниш» 8 сентябри соли 1927 дар шумораи 172 – и рӯзномаи «Овози тоҷик» мақолаи интиқодие ба чоп мерасонад. Ин ҷо мехоҳем дар робита ба шарҳи мақолаи мазкур бештар сухан бигӯем, зеро он дар таҳқиқотҳои анҷомдодашуда камтар зикр шудааст. Забони ин мақола сода, фаҳмо буда,  арзиши баланди илмӣ дорад ва  аз аввалин мақолаҳо дар мавриди нақди матбуоти даврӣ маҳсуб меёбад. Дар оғози мақола С. Манофзода дар бораи мушкилоти гузаштани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, идораҳо ва ташкилотҳои ҳизбӣ ба забони тоҷикӣ ва сабаби қатъ гардидани чопи маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор» андешаҳояшро баён карда, сипас, бевосита камбудиҳои маҷаллаи «Дониш – биниш»–ро дар ҳафт банд, ки ба сифати чоп, таҳия, ҷобаҷогузории мақолаву расмҳо, забону мунадариҷаи мақолаҳо, сохтор ва интихоби номи  маҷалла рабт дорад, таҳлилу баррасӣ менамояд. Аз ҷумла, дар  банди 7 – ум омадааст: «Дар ҳар як шумораҳои маҷалла барои огоҳии муаллимони қишлоқ бояд як мақолаи машруҳ ва муфассал дар бораи аҳволи сиёсӣ – иқтисодӣ ва вазъияти байналмилалии ҳукуматҳои шӯроӣ навишта шавад ва дар пеши ин вазъиятҳо вазифаи иҷтимоии ҳар як коргар ва деҳқони меҳнаткаш ҳам бо забони сода фаҳмонида шавад, то ин ки муаллими қишлоқ битавонад нисбат ба вазъиятҳои гуногун ҳар вақт барои деҳқонон роҳбарии дуруст намояд…». Пешниҳоди С. Манофзода дар мавриди табдили номи маҷалла ба «Раҳбари дониш» ё «Партави дониш» низ хеле мантиқӣ мебошад. Дар баробари ин, дар мақола барои чопи босифат ва тарғиби обуна пешниҳодҳои судманд манзур гардидааст, ки аз сатҳи касбияти С. Манофзода дар матбуот дарак медиҳад. Ба назари инҷониб, маҳз ҳамин мақолаи интиқодӣ сабаб мешавад, ки чопи минбаъдаи маҷаллаи мазкурро ба ҳайси котиби масъул ба уҳдаи ӯ мегузоранд. Бо дархости Комиссариати маориф ва ҳайати таҳририя масъулияти тартибу таҳияи чопи минбаъдаи маҷалла ба дӯши С. Манофзода гузошта мешавад. Ҳамин тариқ, шумораи дуюми маҷалла бо номи «Раҳбари дониш» моҳи октябри соли 1927 дар ҳаҷми калон бо ороиши хубу шакли нав дар шаҳри Тошканд аз чоп мебарояд. С. Манофзода дар чопи босифати «Раҳбари дониш» ва ҳамчун пажӯҳишгару мунаққид ба масъалаҳои забону адабиёти тоҷик ва соҳаи маориф дахл карда, дар рангину муҳтавоманд гардонидани мундариҷаи маҷалла саҳми шоиста мегузорад. Ба ҳамин минвол, хидмати маҷаллаи «Раҳбари дониш» дар тарғибу инъикоси масъалаҳои маориф ва адабиёти фарҳанг дар марҳилаҳои гуногун бо роҳнамоии ҳайати эҷодӣ, аз ҷумла, устод Садриддин Айнӣ, Собит Манофзода, Муҳаммад Мусавӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Азизӣ, Турақул Зеҳнӣ, Пайрав Сулаймонӣ, С. Ҷавҳаризода ва дигарон дар таърихи матбуоти тоҷик мондагор аст. Аз солҳои сиюми садаи ХХ вобаста ба талаботи замон, аз ҷумла, супоришҳои ҳизбу давлат дар назди матбуот вазифаҳои нав гузошта мешаванд. То охири солҳои бистум инъикоси соҳаҳои гуногун: маориф, илм, фарҳанг, адабиёт ва ҳатто кишоварзӣ ба зиммаи «Раҳбари дониш» (аз нимаи дуюми соли 1929) будааст ва аз соли 1932 маҷалла ба ду қисмат ҷудо мешавад: маориф ва адабиёт. Қисмати маориф бо номи «Инқилоби маданӣ» (аз ноябри соли 1930)  интишор мегардид ва қисмати дувум, яъне, адабиёт «Барои адабиёти сотсиалистӣ» номгузорӣ шуд (ҳоло маҷаллаи «Садои Шарқ»). «Дониш – биниш», «Раҳбари дониш», «Инқилоби маданӣ» ва «Мактаби советӣ»  номҳои собиқи маҷаллаи аҳли маорифи кишвар «Маърифати омӯзгор» мебошанд. Бо сабаби он ки фаъолияти соҳаи маориф фарогир мешуд, соли 1932 Комиссариати халқи маорифи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки рӯзномаи соҳавии худро таъсис диҳад ва он мунтазам чоп шаваду ахбору маълумоти заруриро сари вақт ба аҳли маориф пешниҳод кунад ва ҳамин тавр ҳам мешавад. Бо қарори маҷлиси Шӯрои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунист (б) – Тоҷикистон, рақами 112, аз 5 июли соли 1932 аввалин рӯзномаи соҳаи маориф  «Барои маорифи коммунистӣ» таъсис дода мешавад ва муҳаррири он Нозири маорифи халқ  Саид Носиров (1901 – 1938) таъйин мешавад. Нақши нашрияи «Барои маорифи коммунистӣ» дар баррасиву арзёбии масъалаҳои инқилоби маданӣ – маҳви бесаводӣ, фарогирии насли наврас ва наслҳои ҷавону калонсол ба таҳсил, таълиму тарбия, таълифу чопи китобу барномаҳои таълим, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, усулу шеваҳои таълим, тарғибу ташвиқи таҷрибаи омӯзгорони пешқадам, баланд бардоштани савияи касбии омӯзгорон, ташаккули афкори илмиву педагогӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳӣ ва амсоли инҳо хеле калон мебошад. Бояд гуфт, ки нахустин рӯзномаи аҳли маорифи кишвар  «Омӯзгор»  аз оғози таъсисёбӣ ҳамқадами замон будааст ва инро ҳам дар табдили ном кардан ва ҳам дар мазмуну мундариҷаи он баръало мушоҳида кардан мумкин аст. Дар ибтидо «Барои маорифи коммунистӣ» ном дошт, ки ифодакунандаи идеологияи ҳизби коммунист буд. Соли 1938 ба таъсири забони русӣ ва «Учительская газета» тағйири ном ба «Газетаи муаллимон» кард ва мазмуну мундариҷоти он мушаххастар гардид. Аз соли 1959 бошад, нашрия номи «Маориф ва маданият» ро  гирифт, ки аз муттаҳид гардидани соҳаҳои маорифу фарҳанг дарак медиҳад. Соли 1981 боз «Газетаи муаллимон» номгузорӣ шуд, ки далели бозгашт ба рисолати таърихӣ  ва касбият аст. Аз соли 1989 табдили ном ба «Омӯзгор» кард, ки баёнгари бедории миллӣ ва хештаншиносӣ мебошад. Дар бархӯрди марҳилаҳои таърихӣ ва ҷараёни инкишоф ин нашрия ҳамеша инъикоси масъалаҳои муҳимми мактабу маориф ва адабиёту фарҳангро ҳадафи асосии худ қарор дода, дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дар соҳаи маориф, илму фарҳанг, адабиёту маънавиёт нақши бориз гузоштааст. Тавассути нашрия аҳли маорифи кишвар аз асноди ҳуқуқии соҳаи маориф ва дастурҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати маориф бархӯрдор шуда, фаъолияти худро ба низом даровардаанд, таҳкиму тақвият бахшидаанд ва дар баробари ин, афкору андешаҳои худро аз тариқи нашрия оид ба бурду бохт ва проблемаҳои мавҷуда ва ислоҳи онҳо пешниҳод кардаанд. Аз таҳлили осори донишмандон ва пажӯҳишгарони таърихи матбуоти тоҷик хулоса ин аст, ки дар саргаҳи таъсиси аввалин матбуоти миллии тоҷикӣ маорифпарварону кормандони соҳаи маориф қарор доштанд. Ин масъаларо муҳаққиқ М. Муродов дар китоби «Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ» (2017) хеле хуб шарҳ додааст: «Аввалан, мақсад ва маслаки ин соҳа (соҳаи маориф  Н.Н.), ки равшангароӣ аст, ба табиат ва аҳдофи рӯзноманигорӣ шабоҳат дорад, яъне маориф бидуни матбуот ва матбуот бе масъалаҳои маориф вуҷуд дошта наметавонад; баъдан, маорифи кишвар аз бунёдгузорони матбуоти даврии тоҷик аст, аввалин нашрияҳои даврӣ маҳз бо иқдом ва кӯшишҳои аҳли маориф рӯйи чоп омадаанд; солисан, аудиторияи нашрияҳои соҳаи маориф нисбатан зиёд буда, ағлаб рисолати маърифатҷӯйӣ ва равшангароӣ доранд». 

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА, 
«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш