Нашрияи Омӯзгор

Бисту як соли фаъолияти серҷабҳа

Сана: 2021-03-14        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

Ташкил ва баргузор намудани чорабинии тантанавии умумимактабӣ бахшида ба ҷашни бисту якумин солгарди таъсисёбии Созмони хонандагон дар муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва шабонарӯзии кӯдакони нобино ва сустбини назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои хонандагон, омӯзгорон ва волидайн ҷолиби диққат ва хотирмон буд. Ҳ адаф аз роҳандозии чорабинии мазкур дар мафкура ва қалби хонандагон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ ва омода будан баҳри ҳифзу ҳимояи якпорчагии сарзамини муқаддаси тоҷикон маҳсуб меёбад. Баргузории чунин чорабиниҳо дар хонандагон дарки масъулияти фардиро аз марҳилаи ба зинаи “Ахтарон”-и Созмони хонандагони Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ дохил шуданашон бедор менамояд. Дар баробари омода кардани барномаи махсуси ҷашнӣ, дар байни синфҳои дуюм, сеюм ва чоруми муассиса озмуни “Эҷодкорони наврас”, ки бахшида ба бисту якумин солгарди таъсисёбии Созмони хонандагони Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, эълон карда шуд. Озмуни мазкур эҷод намудани ҳикояча ва ё афсонаи беҳтарин ва аз рӯи мундариҷаи матни эҷодшуда сохтан ва ороиш додани китобчаро дар бар мегирифт, ки аз рӯи нақшаи муайян баргузорӣ карда шуд. Хонандагонро мебоист, нақли саргузашти хеш ё саргузашти наздиконашонро пешкаш намуда, аз байни онҳо як нақли ҷолибтаринро интихоб намуда, дар бораи он ҳикоят иншо намоянд. Ҳангоми мушоҳида аз рафти ҷараёни омодасозии китобчаҳо шоҳиди он гаштем, ки ин амал баёнгари шавқу рағбати беандозаи хонандагон гардид. Озмун ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян ва бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.  Дар ҷамъомад волидайне, ки дар навбати хеш замоне аъзои Созмони хонандагон буданд, фарзандони худро ба дохил шуданашон ба сафи Созмони хонандагон таҳният мегуфтанд. Ҳамин тариқ, бо боварӣ метавон гуфт, ки дар баробари бисту якумин солгарди таъсисёбии хешро ҷашн гирифтан, Созмони хонандагони ба номи Исмоили Сомонӣ ба ҳадафҳои хеш, ки муҳимтарини онҳо дар ниҳоди мактаббачагон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ ва ваҳдату ягонагии миллату якпорчагии кишвар, меҳнатдӯстӣ, дӯстиву рафоқат, ҷонибдорӣ аз сиёсати Роҳбари давлат мебошад, расида тавонист

Ҳамида ОРИФҶОНОВА,

роҳбари Созмони хонандагони ба номи Исмоили Сомонии муассисаи

давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва шабонарӯзии махсус

барои кӯдакони нобино ва сустбини назди сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш