Ҳангоме ки ба кӯдакистон ворид мегардем, садои хандаи беғаши кӯдакон, мусиқии дилнавоз, хониши шеър давраҳои кӯдакиро ба хотир меоранд. Аҷаб давраи гуворост айёми кӯдакӣ. Мо тасмим гирифтем, як рӯзи муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №157-ро, ки бо номи “Хушояк” дар ноҳияи Сино фаъолият мекунад, нақл намоем. Маъмурияти кӯдакистони мазкур баҳри фароҳам овардани шароити хуб барои кӯдакон мекӯшад ва аз рӯи барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабии “Рангинкамон”, “Низомномаи намунавии муассисаҳои томактабӣ” ба роҳ мондани машғулиятҳо аз ҷониби омӯзгорон (мураббияҳо) чораҳои судманду муассир меандешад. Ҳар як мураббия ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши кӯдакон ҷидду ҷаҳд мекунад. Мудири кӯдакистон Р. Зарифова иброз медорад, ки самаранокии таълиму тарбияи кӯдакон аз маҳорату малакаи касбии мураббӣ вобастагӣ дорад. Месазад кору фаъолияти педагогии мураббиёни соҳибтаҷриба Гулнора Шодиева, Сайрам Худоева, Сайёра Назриева, Людмила Расулова, Ҳалима Каримова, Малоҳат Ғафурова, Екатерина Вихлаева, Наргис Қурбонова ва Дилнора Ишматоваро қайд намуд, ки дар таълиму тарбияи кӯдакон аз усулу шеваҳои навини таълим истифода мекунанд. Падару модарон низ аз ҷараёни таълиму тарбияи фарзандонашон қаноатбахш мебошанд. Ба қарибӣ баҳри баланд бардоштани савияи дониши кӯдакон ва бо мақсади ташаккули инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва бо назардошти қобилияту хусусиятҳои фардии кӯдакон озмуни “Донояк” байни кӯдакони муассиса баргузор гардид. Айни ҳол ғолибони ин озмун давраи ниҳоиро интизор гашта, мунтазам савияи дониши хешро сайқал дода истодаанд ва баҳри дастболо шудан дар давраҳои минбаъда бо онҳо мураббиён кору фаъолият намуда истодаанд.
Мавлуда АЗИЗОВА, сармураббии муассисаи давлатии таълимии томактабии №157и ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр