Нашрияи Омӯзгор

Дастури пурарзиши физикӣ

Сана: 2021-03-14        Дида шуд: 817        Шарҳ: 0

Ба наздикӣ матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дастури таълимӣ – методиеро бо унвони «Алифбо»  и физика» бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли  давлатии Тоҷикистон ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва ма-ориф», бо ибтикори номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи физикаи умумии факултаи физикаи ДМТ Ҳ. Саъдуллозода аз чоп баровард. Дар мукаммал гардондан ва ба нашр омода сохтани дастур докторони илмҳои физикаву математика, профессорон Д. Солеҳов, Д. Ақдодов ва дотсенти кафедраи зикрёфта Б. Гулов саҳми арзанда гузоштаанд. Дастур барои  омӯзгорони ҷавон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, хонандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, гимназияю коллеҷҳо ва худомӯзон пешбинӣ гардидааст. «Алифбо»-и физика бо сарсухани «Омӯхтани физика чӣ зарурат дорад?» оғоз ёфта, дар он дар мисоли кашфиётҳои оламшумул, аз қабили радиоактивият, ки дар бунёди киштиҳои яхшикани бемисли атомӣ (дурусттараш ядро ё худ ҳастаӣ), электростансияҳои бо энергияи реаксияҳои амалкунанда, ихтирои лазерҳои барои бунёди техникаю технологияи муосири навтарин корбастшаванда, инчунин, дастовардҳои дигари нодири дар асоси назарияи қонуниятҳои физикӣ амалигардида, омӯхтани ногузири физикаи дар назари аввал нофаҳму дилгиркунанда, вале дар асл хеле шавқовару бедоркунандаи ҳисси кунҷковии ҷавонони наврс  асоснок карда шудааст. Ба қавли муаллифон,  дастур пайраҳаи нахуст нест, дар азбар кардани физика ҳамчун асоси назарию техникаи муосир онро бояд убур кард. Дар дастур намунаҳои ҳалли батафсили масъалаҳои барои шарҳу эзоҳи матн зарур оварда шудаанд, ки бо расму  нақшаҳои возеҳи ранга оро ёфтаанд. Ҳарчанд дар дастур доир ба системаҳои воҳидҳое, ки то қабули системаи ягонаи байналмилалии СИ амал мекарданд, маълумоти муфассал оварда шудаанд, ки танҳо аҳамияти таърихӣ доранду бас, то андозае дилгиркунанда баён ёфтаанд. Вале дар поёни дастур маводи зиёд чун маълумотнома  илова  шудаанд, ки бо воҳидҳояшон формулаҳои асосии ҳама  соҳаҳои физика, ҷадвалҳои гуногуни қиматҳои бузургиҳои физикавӣ, маълумоти кофӣ аз арифметика, алгебра, геометрия, тригонометрия оварда шудаанд, ки зарурати дастурро ба маротиб афзун менамоянд. Хеле муфид мебуд, агар нусхаи электронии дастур тариқи интернет паҳн карда мешуд.  

Шамсулло АМИНОВ,

номзади илмҳои техникӣ,

дотсенти ДДТ ба номи академик М. С. Осимӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш