Нашрияи Омӯзгор

Шарофати пешаи наҷиб

Сана: 2021-03-14        Дида шуд: 835        Шарҳ: 0

Ман ҳамеша бар он ақидаам, ки омӯзгорӣ, воқеан ҳам, шарафбортарин ва беҳтарин аз кулли пешаҳост. Аз шарофати ин пеша борҳо бархӯрдор шудаву ифтихор кардаам, ки омӯзгор ҳастам ва аз шаҷараи омӯзгорам. Падари арҷмандам низ умре шуғли омӯзгорӣ доштанд ва ҳаргиз арзи пушаймонӣ аз ин шуғли баргузидаашон накардаанд. Яқин, бар асари таъсирпазирию бардошт аз фаъолияти падар буда, ки ман аз пайи эшон рафтам ва инак, солҳост, ки дар сафи аҳли маориф қарор дорам. Ба қавли мардумӣ, устухони ман бо нони омӯзгор шах шудааст ва воқеан ҳам:

Надидам неъмате дар ҳар ду олам

Ҳалол аз пораи нони муаллим.

Сухан дар оғоз аз шарофати омӯзгор буд. Ба шарофати падари омӯзгорам ман як силсила китобҳои хуби илмию методию адабиро мутолиа кардам, бисёр мушкилоти корамро бартараф сохтам, ба чанде аз идораҳои маърифатию фарҳангӣ ворид гаштаву дастуру маслиҳатҳои муфид гирифтам ва ҳамчунин, бо як идда ашхоси неку хирадвар, бо эҷодкорони асил ошноӣ пайдо намудам. Боре падари бузургворам ба ман маслиҳат доданд: -Фаъолияти омӯзгориат, ба назарам, хуб аст, духтарам. Вале омӯзгор дар баробари таълиму тарбия додан бояд эҷодкор ҳам бошад, мақолаҳо нависад, дар конфронсҳо суханронӣ кунад. Ин ҳам такмили фаъолият мешавад, ҳам сайқали дониш… Ҳидояти падар бароям сахт корагар шуду нахустин мақолаи методиамро (ба назари худам) ҳамчун муаллимаи синфҳои ибтидоӣ рӯи коғаз овардам ва аз ин хусус ба падарам мужда расондам. Падарам хеле  хурсанд шуданду офаринам хонданд ва рӯзи дигар мопадару духтар ба идораи ҳафтаномаи «Омӯзгор» омадем. Вориди кабинете шудем, ки дар паси мизи ба шакли ҳарфи «Т» гузошташуда шахси айнакдори ҷиддисимо менишаст. Ба пешвозамон аз ҷой хест ва ба нишастан даъват намуду худро муаррифӣ кард: -Ман ҷонишини  сармуҳаррир Абдурауф Муродӣ. Агар ягон хизмат бошад… Падарам ба ман ишора карданду навиштаамро ба ҷонишини сармуҳаррир дароз намудам. Ӯ онро аз дастам гирифту ба ҷояш нишаст ва дарзамон машғули мутолиа шуд. Рости гап, дар дилам ҳаросе падид омад. Навиштаи нахустин. Камтаҷрибагӣ. Нобоварӣ… Ниҳоят, Муродӣ аз варақҳои ман сар боло карду бидуни муқаддимае гуфт: -Ин мақола нест, реферат аст! Камҳавсалагию саҳлангорӣ кардаед, хонум! Ин ҷо ӯ каме хомӯш монда, баъд суханонашро идома бахшид. Акнун як қадар нарм сухан мегуфт. Дар бораи эҷоду эҷодкорӣ, масъулиятмандию ҷиддият дар қаламкашӣ, дар бораи ҳусни сухану мартабаи суханвар, дар бораи эҳтироми забон ва забони мақола дар рӯзнома хеле саҳеҳу муассиру дилчасп ҳарф зад. Гуфтораш пур аз мақолу андарзу байтҳои пурмазмун буд, гуворою пазиро ба гӯш мерасид. Агар аз ду ҷумлаи аввалаш як қадар ранҷидаву дилсард шуда бошам, идомаи суханонаш нисбат ба ӯ дар дилам эҳтироме  пайдо кард. Махсусан, дар поёни суханонаш «Муаллимаи азиз, ба ҳар ҳол, ман дар ин навиштаҳои шумо як навъ шарораи истеъдодро мебинам, кӯшиш кунеду навиштаҳои рӯзномаву маҷаллаҳоро амиқтар биомӯзед, ҳатман омӯзгори эҷодкор мешавед» гуфтанаш хеле рӯҳбаландам намуд. Ин байт ҳам аз ҳамон суҳбат дар хотирам нақш бастааст:

Коне, ки канӣ зи баҳри гавҳар,

Сангат диҳад аввал, он гаҳе зар.

Дар роҳи бозгашт ба хонаамон падари омӯзгорам, ки борҳо ба одамшинос буданашон ҳам қоил шудаам, андешаманд гуфтанд: Духтарам, маслиҳатҳои хуб шунидӣ, Муродӣ эҷодкори асилу доно ва журналисти ҳақиқӣ будааст. Аз суханону иқтибосу таҳлилҳояш маълум. Навиштаатро аз нав кор куну ба ӯ бозгардон, ҳамааш хуб мешавад. Аз ин гуфтаҳои падарам эҳтиромам ба Муродӣ афзуду ӯро дар дил устод хондам ва аз пайи таҳрири навиштаам шудам. Чун кор ба назарам беҳтару анҷомёфта намуд, хостам боз роҳ ба сӯйи идораи «Омӯзгор» пеш гирам, аммо ҷуръат накардаму ба устод Муродӣ занг задам. Устод, хайрият, маро фаромӯш накарда будаанд ва гӯё ки дӯстони дерин бошем, самимона аҳволпурсӣ карданд ва маломатам намуданд: Чаро то ҳол мақоларо бо таҳрир ба мо дастрас накардаед. Одам кори оғозкардаашро ҳаргиз набояд нимкора монад. Азми дурусту саъйи комил бояд дошт, зеро «Бе азми дурусти саъйи комил, Касро нашавад мурод ҳосил». Муаллимаи азиз, шумо истеъдод доред, танҳо онро бояд сайқал дод… Ва боз чанд сухани рӯҳбахшу ҳидоятгар гуфтанд устод. Ростӣ, хеле шукуфтам, ки аз забони як рӯзноманигори варзида ин қадар таърифу тавсиф мешунавам. …Ҳамин тавр, ҳамкории ман бо ҳафтаномаи бароям азизу маҳбуб«Омӯзгор» оғоз ёфт. Мақолаи нахустини «ҷанҷоли»-ам ба нашр расиду пасон давра ба давра мақолаҳои дигарам рӯйи чопро диданд. Ростӣ, пас аз чоп мақолаҳоямро дида, ҳам хурсанд мешудаму ҳам хиҷолат мекашидам. Устод Муродӣ навиштаҳоямро хеле таҳрир мекарданд. Як «дарс»-и устод ҳеҷ аз ёдам намеравад: гоҳе ки ба нашрия мақолаи навамро меовардам, варақаки таҳриршудаи навиштаи пешинамро ба дастам дода, мегуфтанд:-Бигиреду муқоиса бикунед ва хулоса барореду биомӯзед! Ман навиштаи худ ва таҳрири устодро муқоиса карда, воқеан ҳам, дарси нигорандагӣ меомӯхтам ва мекӯшидам, ки ғалатҳоямро дар услубу нигоришу ҷумлаороӣ такрор накунам… Соли 2019 буд. Ба ифтихори 20-солагии Созмони хонандагон дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоише баргузор шуд, ки дар он устод Муродӣ низ ширкат доштанд. Дар анҷоми ин ҳамоиш бо устод вохӯрдам. Ба ман офарин гуфтанд, ки аз пайи такмили худу омӯзиши пайваста ҳастам. «Навиштаи охиратон тақрибан бидуни таҳрир чоп шуд. Қаламатон хеле рост шудааст. Вале дар хотир бояд дошта бошед, ки бузургонамон фармудаанд: «Қонеъ машавӣ, ба ҳар чӣ ёбӣ, Аз хуб ба хубтар шитобӣ», -гуфтаанд»,-иброз доштанд устод. Хеле хурсанд шудам, боварам ба худу ба қаламам афзуд. Бо маслиҳати устод мақолаҳоямро ба нашрияҳои дигари ҷумҳурӣ низ пешниҳод кардаму ба чоп расиданд. Акнун дигар бо дили пур, бо бовари комил қалам бо нияти эҷод ба даст мегирам. Ба эҷоди таронаҳои насрӣ даст заданам низ бастагӣ ба маслиҳату ҳидоятҳои устод Муродӣ дорад… Аз хислатҳои ҳамидаи устод, чун хоксорию хушмуомилагӣ ва дилогоҳӣ «сӯиистифода» намуда, чанд шиносу ҳамкори худро, ки низ ба мақоланависӣ ҳавасу рағбат доштанд, ба ҳузури эшон овардам, ба истилоҳи маъмул, миёнаравӣ ё воситабозӣ кардам. Устод онҳоро хуш пазируфтанд, маслиҳатҳои судманд доданд ва ба чопи навиштаҳояшон мусоидат бинмуданд. Эҳтиромам, обрӯям ба ин васила дар назди дӯстонам дучанд шуд. Бо мурури вақт огаҳӣ дарёфтам, ки устод Муродӣ муаллифи қариб 20 китоб будаанду дар доираҳои адабӣ хамчун нависанда, шоир ва ҳаҷвнигори муваффақ шинохта шудаанд. Чанд китобашон (аз ҷумла, «Бархез, баҳор омад!» «Пайкори мӯрон», «Атри гулбарг», «Дарункӯб»…)-ро хонда, ба ростӣ, ҳам роҳат кардаму ҳам маърифат афзудам. Махсусан, ҳаҷви устод хеле писандам омад. Воқеан, устод дар Рӯзи ханда-1 апрел ба дунё омадаанду дар ҳаҷву ҳазлгӯӣ камназиранд. Боре бо устод як мақолаи маро барои чоп ба назди сармуҳаррири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» Шодӣ Шокирзода бурдем. Сармуҳаррир мақоларо аз назар гузаронида, гуфтанд: Муродӣ, ман аз забони ин мақола чизе нафаҳмидам. Устод дарзамон ҷавоб доданд: Бодиққаттар хонед, мефаҳмед. Фақат дар назар дошта бошед, ки муаллима Норова русӣ фикр мекунанду тоҷикӣ менависанд. Шокирзода хеле хандиданд ва мақолаам бо андаке таҳрир дар шумораи навбатии маҷалла чоп шуд. Бори дигар як мақолаамро ба назди устод бурданӣ шуда, аз рӯйи эҳтиёт қаблан занг задам. Устод Муродӣ дар ҷавоб гуфтанд, ки ман бемораму дар хонаам хобам. Бо дилсӯзӣ маслиҳат додам: -Устод, андаке асалро бо шир се-чор маротиба хӯред, Худо хоҳад, шифо меёбед. Дар ҷавоб аз гӯшии телефон шунидам: -Бону, агар ин чизҳоро медоштам, бемор намешудам… Ҳоло дар шаҳр кор мекунаму дар арафаи ҳимояи кори илмиям қарор дорам. Ва дар навиштани  мақолаҳои илмиям низ аз маслиҳатҳову қалами таҳрири устод Муродӣ бархурдор будам. Ҳар гоҳ ки ба мушкилие дучор мешавам, хаста ва дилгир мегардам, дар ёфтани калимаи мувофиқе ё таҳрири ҷумлаеву матне дармемонам, ба устод Муродӣ занг мезанам; ҳам маслиҳатҳои мушкилкушо дармеёбаму ҳам хушдил мешавам, механдам. Устод дар ҳар маврид байти мувофиқе, ҳикояте, мақоле, латифае, иқтибосе доранд ва саховатмандона нисори кас мекунанд. Дар бисёр маҳфилу суҳбату ҷамъомадҳо таърифу тавсифи устод Муродиро аз забони ашхоси фазилатманду маъруф шунидаам. Ман аз доштани чунин устоди равшанзамир ва дӯсту дастгир ифтихормандам. Устодро ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик табрик мегӯям ва барояшон рӯзгори пурнишоту сиҳатмандӣ таманно дорам. Сари сабз, қалами сабз ва ҷодаҳои сабз насибашон бод ҳамеша.

Зарина НОРОВА,

мудири кафедраи ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш