Раиси кумитаи ҷавонон ва варзиши ВМКБ Сураҷ Чоршанбиев зимни суҳбат иттилоъ дод, ки айни замон 7610 нафар ҷавонони вилоят дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил дошта, 56 нафар гирандаи стипендияи Президентӣ ва раиси вилоятанд. Барои такмили донишу маҳорати наврасону ҷавонон дар вилоят даҳҳо маркази маорифу фарҳанг, ташкилотҳои ҷамъиятиву хусусӣ амал карда истодаанд. Шомилшавии ҷавонони вилоят ба гурӯҳҳои тундрав ва таҳсилашон дар мактабҳои динии хориҷ аз мамлакат ба тадриҷ коҳиш ёфта, дар соли 2020 аз мактабҳои динии хориҷӣ 110 нафар донишҷӯ ба Ватан баргардонида шуданд. Наврасону ҷавонони вилоят дар 26 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 15 чемпионат ширкат намуда, соҳиби 36 медали тилло, 62 медали нуқра ва 90 медали биринҷӣ гардиданд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр