Нашрияи Омӯзгор

Нақшаи миёнамуҳлат баррасӣ гардид

Сана: 2018-07-12        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми июли соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ оид ба баррасии лоиҳаи Нақшаи миёнамуҳлати татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф барои солҳои 2018–2020 бо иштироки муовини аввали вазир Р.Мирбобоев, муовинони вазир С. Давлатзода, Л.Назирӣ, Ф. Усмонзода, сардорони раёсату шуъба, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии кишвар ва шарикони рушд доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳанӯз 30 июни соли 2012 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори №334 Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то  соли 2020-ро тасдиқ намуд. Якҷо бо стратегияи мазкур Нақшаи миёнамуҳлати татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф барои солҳои 2012 – 2014 тасдиқ гардид. Соли 2014 аз ҷониби Вазорати маориф ва илм Нақшаи дуюми миёнамуҳлати татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф барои солҳои 2015 – 2017 низ таҳия ва тасдиқ карда шуд. Дар давраи татбиқи ду Нақшаи миёнамуҳлати Стратегияи миллии рушди маориф оид ба ислоҳоти соҳаи маориф як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд, ки татбиқи маблағгузории сарикасӣ дар ду зинаи таҳсилот: дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва  таҳсилоти томактабӣ, таъсиси Маркази миллии тестӣ дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, таъмиру сохтмони зиёда аз 1000 муассисаи таълимӣ, ташкили таълими салоҳиятнок дар зинаи таҳсилоти ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гузаштани ҳамаи донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ ба низоми кредитии таълим аз зумраи онҳост.

Инчунин, гуфта шуд, ки 24 апрели соли 2018 бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №1600 лоиҳаи давраи навбатии Нақшаи миёнамуҳлати татбиқи Стратегияи миллии  рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2018-2020 ба имзо расид, ки мувофиқи он 5 гурӯҳи корӣ дар зинаҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва иловагӣ, идора ва маблағгузории соҳа таъсис дода шуданд.

Сипас, роҳбарони гурӯҳҳо-муовинони вазири маориф ва илм доир ба корҳои анҷомёфта ва нақшаҳо барои оянда фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

Тибқи иттилои роҳбарони гурӯҳҳо дар Нақшаи миёнамуҳлати татбиқи Стратегияи миллии рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ҳадафҳо муайян карда шудааст, ки фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, махсусан дар 3-6 солагӣ бо афзалият додан ба қабули кӯдакони имконияташон маҳдуд, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои инкишофи барвақтӣ, омодасозии физикӣ ва психологии кӯдакон ҷиҳати дастрасӣ ба таҳсилот дар зинаи ибтидоӣ, хусусан, кӯдакон аз гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, амалӣ намудани гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо стандартҳои фаннӣ, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ бо дарназардошти муносибати босалоҳият ба таълим, фароҳам овардани шароити таълимӣ ҷиҳати дастрасии баробарҳуқуқӣ миёни хонандагон (писару духтарон), аз ҷумла, кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус ва кӯдакон аз гурӯҳҳои осебпазир ба таҳсилоти босифат дар ҳама зинаҳои таълим, таҳия ва нашри китобҳои дарсии насли нав бо дарназардошти гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим, таъмини таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии босифат бо назардошти он, ки хатмкардагони литсейю коллеҷҳо дар бозори меҳнат рақобатпазир бошанд, то соли 2020 таъмини баробарӣ оид ба гирифтани маълумоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва иловагӣ барои калонсолон, аз ҷумла, барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, то соли 2020 зиёд намудани фарогирии аҳолии 17-24 сола, аз ҷумла, занону духтарон, бошандагони деҳот ва шахсони имконияташон маҳдуд бо таҳсилоти олии касбӣ ва ғайра аз зумраи корҳои ба нақша гирифташуда мебошанд.

Дар музокираҳо намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, шарикони рушд-ЮНИСЕФ, Бонки ҷаҳонӣ, ЮСАИД, Рушди таҳсилоти касбӣ низ суханронӣ намуда, фикру андешаҳо ва пешниҳодоти худро иброз намуданд.

 

Эҳсон Сафарзода,

 сардори Маркази матбуоти Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш