Нашрияи Омӯзгор

Ғолибони «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»

Сана: 2021-03-17        Дида шуд: 835        Шарҳ: 0

Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими  супоридани ҷоиза, диплом ва ифтихорномаҳо барои ғолибони олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар соҳаи илм барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» баргузор гардид. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки рафти олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар соҳаи илм барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» имсол нисбат ба солҳои қаблӣ хубтар буд. Соли ҷорӣ дар озмун саволҳои мураккаб дар доираи стандарт ва барномаи таълимӣ ворид шуда буданд, ки донишҷӯён тавонистанд аз уҳдаи иҷрои онҳо ба хубӣ бароянд. «Тавре медонем озмун ҷои мубориза аст ва на ҳама ба он ғолиб меоянд. Ба нафароне, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд, роҳхат дода мешавад, ки бе супоридани имтиҳон ба магистратура дохил шаванд», – илова намуд президенти АМИТ. Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар соҳаи илм барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» аз рӯи равияи математика, физика, астрономия, геология, биология ва технологияҳои иттилоотӣ доир гардид. Пас аз хулосаи аъзои  ҳакамон, аз рӯи равияи астрономия, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фарҳодҷон Шокириён ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ Бобошо Шарифов соҳиби ҷойи аввал гардиданд. Дар равияи математика донишҷӯи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов Ҳикматулло Исматов ва донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Саъдуллоев, дар равияи технологияи иттилоотӣ, донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Таҳмурас Абдурашидов ва донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Назаров барандаи ҷойи аввал гардиданд. Аз рӯи равияи физика донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷамшеди Рустам ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Ҷобири Қурбоналӣ, дар равияи геология донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Наргис Бобохонова ва донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зокирҷон Ҷобиров соҳиби ҷойи аввал шуданд. Дар равияи биология ҷои аввал насиби донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Нуриддин Садриддинов ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Нилуфар Бозорова гардид. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар олимпиадаи мазкур 194 нафар  донишҷӯ аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар соҳаи илм барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» тайи 8 сол аст, ки баргузор карда мешавад. Дар анҷом ба ғолибон диплом ва Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дипломҳо тақдим карда шуданд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш