Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкорӣ бо «Омӯзгор» тақвият меёбад

Сана: 2021-03-17        Дида шуд: 817        Шарҳ: 0

Тайи солҳои охир ҳамкорию робитаи устодону омӯзгорон бо нашрияи «Омӯзгор» вусъат ёфта, сафи муаллифони мо мунтазам меафзояд… 
Вобаста ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (аз 26 январи с.2021) омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ андешаҳои худро навишта, ба мо фиристодаанд. Бояд зикр кард, ки дар ин бобат мақолаҳои фаровоне дар саҳифаҳои нашрия ба чоп расиданд, ки мо аз муаллифони ин навиштаҳо сидқан миннатдорем. Директори МТУҒ «Паймон» Абдуҷаббор Ғанизода, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи ДДХ ба номи Б.Ғафуров Сафар Эркаев, омӯзгорони мактаби №64-и ноҳияи  Варзоб Алиса Болтаева, Маҳмадалӣ Одинаев, Бобур Қодиров аз ноҳияи Деваштич, Заррина Оқилова, корманди Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб, Лайло Саидова, омӯзгори мактаби №98-и ноҳияи Сино, омӯзгори мактаби №102-и шаҳри Душанбе С.Ғаффорзода ва чанди дигар перомуни мазмуну муҳтавои Паёми Сарвари давлат андешаронӣ намудаанд. Як силсила матолиби иншонамудаи омӯзгорон дар хусуси ҷанбаҳои илмию назариявии мафҳумҳои фанҳои алоҳида нақл мекунанд. Дар зимн хотиррасон карданием, ки ҳангоми таълифи ингуна навиштаҳо муаллифон бояд ба забон ва тарзи баён, қоидаҳои имло, мантиқу услуб ва пайдарпайии андеша таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зеро дар бисёре аз навиштаҳо қоидаҳои имло риоя намешаванд, забону мантиқ хароб, андешаҳо муғлақу пароканда ба назар мерасанд. Ҳол он ки забон унсури асосию калидии ҳар як навишта ба шумор меравад. Бе дурусту ҳаматарафа донистани забон қалам ба даст гирифтану атрофи масъала ё мавзӯе андеша баён кардан ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Мақолаи навиштаи Фирӯзҷон Арабзода, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара дар хусуси шартҳои фонетикии калимаҳо ва аналогияи онҳо дар забони муосири тоҷикӣ ва англисӣ ҳарчанд аз ҷиҳати фарогирии мавзӯъ ҷолиб ба назар расад ҳам, вале таҳрирталаб аст. Мақолаи омӯзгори мактаби №20-и ноҳияи  Айнӣ Абдурашиди Абдунабӣ-«Озмунҳовасилаи рушди истеъдодҳо» дошта, мулоҳизаҳои муаллифро дар хусуси озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар бар мегирад. Матлаби мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ Мирзошариф Ниёзбадалов – «Тафовути навиштани эссе аз иншо» ва омӯзгори мактаби №4-и ҳамин ноҳия Мирзоҷиян Ҷиянов«Китоб-чароғи фурӯзон» низ бо муҳтавои худ ба масоили тарбияи маънавии насли наврас ва тарзи навишти эссею иншо бахшида шудаанд. Ҳамин тариқ, мақолаю матолиби навиштаи Г.Раҳматуллоева, омӯзгори мактаби №85-и ноҳияи Сино, Сайёд Файзов, омӯзгори мактаби №2-и шаҳри Восеъ, Маҳбубҷон Меликов, омӯзгори мактаби №16-и ноҳияи Айнӣ, Тоҷинисо Зувайдова, омӯзгори мактаби №49-и ноҳияи  Фирдавсӣ, Фирӯзаи Муҳаммадалӣ, омӯзгори мактаби №63-и нохияи Рӯдакӣ, Фарангис Аллаева аз мактаби №16-и ноҳияи Айнӣ, Меҳрибону Муъминова аз мактаби №80-и шаҳри Душанбе, Дилафрӯз Неъматова аз мактаби №172-и ноҳияи Рӯдакӣ, Амонзода Муъмин Саидмирзо аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Фирӯза Шодиева аз коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод, Абдураззоқ Қаюмов аз литсейи №1-и шаҳри Исфара, Ворис Ашӯров аз гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, муовини директор оид ба таълими мактаби №3-и ноҳияи Шаҳринав Камолиддин Сироҷов, омӯзгори мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон Равшанбек  Пайшаев, омӯзгори мактаби №2-и ноҳияи Данғара Шамсуллои Нурулло, муаллимаи мактаби №53и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Б.Икромова ва омӯзгор аз ноҳияи Ҷаббор Расулов Қурбон Зиёев маҳз ба роҳу усулҳои судманди таълими фанҳои алоҳида бахшида шудаанд, вале ба сабаби умумигӯию кашолгапӣ ва орӣ будан аз фикру андешаи нисбатан наву ноб аз чопашон худдорӣ кардем. Як идда навиштаҳо масоили  тарбиявию ахлоқиро дар бар гирифта, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар хусуси пешгирӣ намудани ҷавонон аз майлу таваҷҷуҳи онон ба таблиғоти сомонаҳои иғвоангезу душманони миллату Ватани мо, нақши падару модар дар камолоти маънавии фарзанд, роҳҳои ба мутолиа ҷалб намудани насли наврас, баргузории дарсҳои тарбиявӣ дар мавзӯъҳои гуногун ва ғайра мушоҳидаву бардошт ва нуқтаи назари худро баён намудаанд. Мутаассифона, аксари навиштаҳо таҳрирталабанд, иборат аз суханони умумӣ ва такроранд ва омодаву шоистаи гап нестанд. Дар матолиби муаллифони номбурда суханҳои обшуста ва ҷумлаҳои аз мантиқ дур низ зиёд ба мушоҳида расид. Таваҷҷуҳ кунед ба ин ҷумла: «Ду нуқтаи асосӣ (?) волидайн ва мактаб муҳандисони байни инсон (?) мебошанд. Дар хатми навиштаи худ аз омӯзгорони азиз хоҳиш менамудем, ки ҳангоми ирсоли навиштаҳои худ суроғаашонро пурра сабт кунанд, то ба кормандони нашрия мушкилӣ эҷод накунанд. Ҳамзамон, кӯшиш намоянд, ки навиштаашон дар сатҳи баланд иншо гардида, ҷавобгӯ ба талаботи нашрияи ҷумҳуриявӣ бошад. Ба забони навиштаҳои худ эътибор дода, дар мавзӯъҳои умдаи соҳаи маориф матлабу мақола таълиф кунанд.

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш