Нашрияи Омӯзгор

Роҳнамои зиндагии осоишта

Сана: 2021-03-17        Дида шуд: 758        Шарҳ: 0

Соли 2020–ум бо паҳншавии коронавирус дар аксар давлатҳои олам соҳаи иқтисод рӯ ба коҳиш овард. Давлатҳои абарқудрат тамоми имконияту воситаҳоро истифода бурданд, вале бар асари ин вабои ҳамагир хисороти зиёде ба амал омад. 
Ин нукта 26 январи соли ҷорӣ дар Паёми  Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба таври зер таъкид гардид: «Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада,  боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид». Хушбахтона, иқтисодиёти кишвари мо нисбат ба дигар давлатҳо чандон коҳиши ҷиддӣ надид. Як идда соҳаҳо дар фаъолияти худ ба мушкилӣ дучор гардида бошанд ҳам, дар натиҷаи сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба таври бояду шояд муфлисшавии корхонаҳо пешгирӣ карда шуд. Бинобар он, ин нукта низ дар Паём таъкид: «Яъне, мо соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани паёмадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисоди мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем». Аз дидгоҳи Президенти мамлакат барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, қабл аз ҳама, фаъолият дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин кардани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масоили иҷтимоии аҳолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» тақвияти бештар бояд бахшида шавад.   Ҳукумат ба масъалаи  ҳифзи аҳолии мамлакат ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон ба таври доимӣ ғамхорӣ зоҳир намуда, барои беҳтар сохтани шароити маишати онҳо чораҳои саривақтиро амалӣ намуд.  Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо кардани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, дар Паёми имсола махсус зикр ёфта, бо мақсади идомаи корҳо ва тақвият бахшидани тадбирҳо дар самти пешгирии омилҳои  номатлуб ба таҳияи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025» супориш дода шуд. Паёми имсола низ чун Паёмҳои пешин пурмуҳтавою серпаҳлу буд. Дар он доир ба дигар самтҳои ҳаётан муҳими имрӯза, аз қабили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, дастгирии ҷавонон, робитаҳои дипломатӣ, ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир, ҳамкориҳои зичу судманд бо давлати ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  ва дигар шарикони худ, инчунин, арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, азхуд кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон дахл карда шуда,  ба масъулини ин соҳаҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.  Дар Паём  Пешвои миллат ба соҳаи иқтисоди мамлакат бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда,  ба хотири пешрафти Ватан, ки асоси онро рушди иқтисоди миллӣ ташкил медиҳад, ҳидоятҳои созгор намуданд, ки моро ба ояндаи дурахшон хоҳад расонид. Воқеан ҳам, бе рушди иқтисоди ватанӣ наметавон ба пешрафти ин ё он соҳа ноил гардид.  Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо татбиқи амалии ҳадафҳои дар Паём пешбинигардида иқтисодиёти кишвар боз ҳам рушд намуда, ба яке аз давлатҳои мутараққии минтақа табдил хоҳад ёфт.

Ҷаъфар ҚОДИРОВ,

устоди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш