Нашрияи Омӯзгор

Сухан аз рушди матбуоти тоҷик

Сана: 2021-03-17        Дида шуд: 822        Шарҳ: 0

Бахшида ба  Рӯзи матбуоти тоҷик  дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бо ташаббуси факултаи журналистикаи  ДМТ, Иттифоқи журналистон   ва  Шӯрои ВАО  и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Матбуоти даврӣ: мушкилот ва дурнамо» ҳамоиш баргузор гардид. Дар он доираи васеи омӯзгорону донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ ва як қатор сардабирону мутахассисони соҳа ширкат варзиданд. Зимни ифтитоҳи  ҳамоиш  ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода доир ба хизматҳои шоёни як қатор устодони варзидаи соҳаи рӯзноманигории донишгоҳ, аз қабили профессорон В. Асрорӣ, А. Саъдуллоев, Б. Камолиддинов ва дигарон ёдовар шуда, саҳми онҳоро дар самти омӯзишу тарбияи рӯзноманигорон нек арзёбӣ кард. Вай афзуд, ки роҳбарияти донишгоҳ минбаъд низ аз лиҳози моддӣ – маънавӣ ва муҳайё сохтани воситаҳои таълимӣ барои журналистони оянда кумак хоҳад расонд. Муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Қурбоналӣ Абдураҳимзода аз  инкишофи матбуоти тоҷик сухан гуфта, зикр намуд, ки агар солҳои 90 – уми асри гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 191 рӯзномаю маҷалла нашр мегардид, имрӯз он ба 621 адад расидааст, ки аз онҳо 395 – тояш ҷамъиятию хусусист. Мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Шодон Шарифзода аз таваҷҷуҳи Ҳукумат ба соҳа ёдовар шуда, иброз дошт, ки чанд ҳуҷҷате ба тасвиб расид, ки баҳри рушди соҳаи журналистика шароит фароҳам овард ва ҳамзамон онро ба талаботи замон мувофиқ гардонид. Профессори кафедраи матбуот Мурод Муродӣ аз нақши ВАО дар ҷумҳурӣ сухан гуфт. Номбурда иброз дошт, ки рушди техникаву технология дар соҳа пешравиҳоро  ба миён овард. Зеро ба ин васила банду баст, ороиши рӯзномаву маҷаллаҳо ба тарзу усули нав нашр гардида, диққати хонандаро ба худ ҷалб намуданд. Дар баробари ин, мавсуф қайд кард, ки рисолати журналист боз ҳам бештар меафзояд. Бахусус, муносибат бо забон ва истифодаи дурусти технологияи муосир аз мутахассисон масъулияти зиёдеро талаб менамояд. Раиси Шӯрои ВАО, сармуҳаррири рӯзномаи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов оид ба нақши меъёрҳои ахлоқи касбӣ ва рушди журналистикаи муосир андешаронӣ намуд. Ба таъкиди ӯ, бо вуҷуди инкишофи воситаҳои техникӣ матбуот дар ҷомеа мавқеи худро аз даст нахоҳад дод. Иштирокдорони ҳамоиш пас аз хотимаи чорабинӣ Осорхонаи Пешвои миллатро (дар факултаи иқтисодии ДМТ) тамошо карданд.     
 Ҳотами ҲОМИД, 
 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш