11 марти соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид. Дар ҳамоиш мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода иштирок ва суханронӣ карданд. Таъкид гардид, ки нақши матбуот дар рушду пешрафти соҳаҳои хоҷагии мамлакат муассир мебошад. Дар замони муосир ВАО-и кишвар дастовардҳои соҳибистиқлолии моро ба таври шоиста инъикос менамояд. Ҳамин тариқ, соли равон шаш нафар намояндаи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар бахшҳои радио, телевизион ва матбуот барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардиданд. Боиси ифтихори мо – кормандони нашрия мебошад, ки дар бахши матбуот сармуҳаррири нашрияи «Омӯзгор» Нурализода Ноилшоҳ Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутиро соҳиб гардид. Инчунин, дар бахши матбуот – Ҳақназар Каримзода аз рӯзномаи «Мароми пойтахт», Тағоймурод Нуралиев аз рӯзномаи «Шаҳриёр»-и шаҳри Ваҳдат ва Абдулвоҳид Оев, публитсист, соҳиби Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ гардиданд. Дар бахши радио ин ҷоиза ба Худоёри Валӣ (аз радиои «Имрӯз»), дар бахши телевизион ба Муҳаммадраҷаби Ҳанафия (аз Телевизиони «Тоҷикистон») тақдим гардид. Зимни назарсанҷие, ки аз ҷониби Академияи ВАО-и Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гузаронида шудааст, номинаҳои «Сардабири сол», «Журналисти сол», «Маҷаллаи сол», «Телевизиони сол», «Радиои сол, «Нашрияи соҳавии сол», «Маҷаллаи соҳавии сол», «Рӯзномаи сол» ва Роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии саломатӣ ва омӯзиши Амрико дар шаҳри Ню-Йорк доктор Ораш Алоӣ «Коршиноси сол» эълон гардида, бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Бори аввал Ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев, ки ба рушди матбуоти маҳаллӣ нигаронида шудааст, ба рӯзномаи «Хатлон»-и вилояти Хатлон ва «Нигоҳи ҳақ»-и ноҳияи Мастчоҳ сазовор дониста шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм як қатор рӯзноманигорон ва ВАО барои саҳми арзанда дар инъикоси масъалаҳои соҳаи маориф ва илм ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва таҳияи силсиламавод бо Сипоснома, Ифтихорнома ва нишони «Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, котиби масъули нашрияи «Омӯзгор» Насриддин Охунзода бо нишони «Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд. Ҳамчунин, қариб сад нафар корманди воситаҳои ахбори омма ва табъу нашри Тоҷикистон бо нишонҳои «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд. Ҳамзамон, мухбири нашрияи «Омӯзгор» дар минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамид аз рӯйи номинатсияи “Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ” ба гирифтани Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон мушарраф гардид. Шоистаи таъкид аст, ки нашрияи «Омӯзгор» ва замимаи он барои кӯдакон ва наврасон «Пайрав» барои иштироки фаъолона дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат, таблиғи дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо сипосномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Аҳли қалами нашрияи «Омӯзгор» Ноилшоҳ Нурализода – сармуҳаррири нашрияи «Омӯзгор»-ро барои соҳиб шудан ба Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Насриддин Охунзода – котиби масъули нашрияро барои сазовор гардидан ба нишони «Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мухбири нашрия Шариф Абдулҳамидро барои ба даст овардани Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон самимона табрик менамоянд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр