Нашрияи Омӯзгор

Рушди маориф дар даврони истиқлол

Сана: 2021-03-17        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

Пас аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави он дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Дар ин муддат барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқи зиёде таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардиданд, ки барои рушди бемайлони соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Соҳаи маориф дар сохтори фаъолияти худ ду шохаи асосии пайваста ва ногусастаниеро чун таълим ва тарбия дар алоқамандӣ инкишоф медиҳад. Агар мактаб ба насли ҷавони мо илмро омӯзонад, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ чун муассисаҳои ёрирасон бо тарбия, мукаммал гардондани дониши онҳо машғул гардида, дар интихоби касбу ҳунар ба онҳо ёрӣ мерасонад. Таҳсилоти иловагӣ қисми таркибии соҳаи маориф буда, ба рушди қобилияту истеъдоди кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, қонеъ гардонидани майлу рағбат ва талаботи маънавии онҳо нигаронида шудааст. Он маълумоти ибтидоӣ ва умумии хонандагонро пурра гардонида, барои интихоби касб замина мегузорад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 83 маркази таҳсилоти иловагӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар даврони Истиқ-лоли давлатӣ Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” таъсис ёфт, ки он яке аз самараҳои беҳтарини давраи соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад. Марказ бо мақсади рушди истеъдодҳо, таъмин намудани хоҳиш ва майлу рағбати хонандагон ба донишомӯзӣ ташкил карда шуда, барои рушди фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва эҷодии хонандагони болаёқат шароит фароҳам меорад. Мавриди қайд аст, ки дар давоми соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо зиёда аз 10 шакли гуногуни олимпиада: анъанавӣ, даставӣ, номӣ, фосилавӣ, зеҳнӣ, байналмилалӣ ва берун аз кишвар гузаронида мешаванд. Ҳамасола олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ дар 4 давра гузаронида мешавад, ки хонандагони болаёқат метавонанд дар асоси барномаҳои таълимӣ донишу малакаи омӯхтаашонро дар амал тадбиқ намоянд. Раванди таълиму тарбия ва ташаккули шахсият дар муассисаҳои таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», стандартҳои давлатии таҳсилот, консепсияҳои маълумоти миллӣ ва тарбия, низомномаҳои муассисаҳои таҳсилоти Тоҷикистон ҳамчун самтҳои афзалиятноки ислоҳоти мактабу маориф ва ҳаёти иҷтимоии кишвари Тоҷикистон эътироф гардиданд. 

М.ОШИМОВА, 
Д.АБДУРАҲИМОВА, 
кормандони кафедраи педагогика ва психологияи 
ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш