Нашрияи Омӯзгор

Меомӯзем, то биомӯзонем

Сана: 2021-03-17        Дида шуд: 844        Шарҳ: 0

Геометрия ҳамчун фан дар асри 3-и пеш аз милод ба майдон омадааст. Ҳанӯз 4000 сол муқаддам дар Миср ва Бобулистон донишҳои геометриро дар сохтани манораҳои баланд, дар шаҳрҳо, сохтмонҳои қасрҳо, аз ҷумла, пирамидаҳои мисрӣ истифода бурдаанд.
Пас аз пош хӯрдани давлатҳои ғуломдории дунёи қадим маркази илмӣ дар асрҳои миёна ба мамолики шарқ – Осиёи Марказӣ, давлатҳои Араб ва Ҳиндустон мекӯчад. Доир ба саҳми олимони Осиёи Марказӣ дар ин давра низ маълумотҳои зиёде мавҷуданд. Олимони Шарқ мутафаккири машҳур Умари Хайём ва риёзидони асри XIII Насриддини Тӯсӣ ва пайравони онҳо дар инкишоф ва рушду нумӯи ин фан саҳми беандоза бузургро гузоштаанд. Ҳамин тавр, давра ба давра  илми геометрия рушд ёфта, то ба замони мо расид ва одамон аз қоидаю нишондодҳои  он дар ҳама самти фаъолияташон  васеъ истифода мебаранд. Хурду бузург аз оғози омӯзиши ин фан медонанд, ки калимаи геометрия аз  юнонӣ гирифта шуда, маънои «заминченкунӣ»-ро  дорад. Бар замми ин, геометрия на танхо мавриди тақсими замин, балки дар ҳар лаҳзаи фаъолияти мо кумак мерасонад. Масалан, шаклу андозаи ашёи дилхоҳи истеҳсолшаванда ба инобат гирифта шуда, дар дастгоҳҳои бо  ченкуниҳои геометрӣ сохташуда омода ва ба фурӯш бароварда мешаванд. Агар муҳандис ба дуру наздик кунонидани равшании чароғҳои автомашинаҳо аҳамият намедод, кунҷи ба боло ва самти замин фиристодани равшании он ба инобат гирифта намешуд, бешубҳа, ҳангоми ҳаракати шабона ронандагон ба ҳамдигар монеа эҷод карда, ба нохушиҳо рӯ ба рӯ мегардиданд. Дар сохтмони биноҳо аз таҳкурсӣ сар карда то ба анҷоми он донишҳои геометрӣ даст медиҳанд, ки мутахассисон миқдори масолеҳ, маблағ, шумораи коргарон ва шаклу масоҳати ишғолнамударо муаяйн намуда, дар муҳлати ба нақша гирифташуда  ба охир расонанд. Дар ҷо ба ҷогузории мизу курсӣ, ҷевону дигар ҷиҳози хона аҳамияти ҷиддӣ дода, ба баробар гузоштану  пастию баландиҳои онҳо риоя мекунем. Хулоса, геометрия дар ҳаёти инсон мавқеи бениҳоят баланд дошта, ба ӯ мо на танҳо дар дарсхо, балки дар атрофамон низ вомехӯрем. Ҳамаи ашёи  маҳсули дасти инсон шаклҳои геометриро доро мебошанд. То солҳои наздик дар китобҳои дарсии фанни геометрия барои мавзӯъҳо  ҳаҷми бениҳоят ками ҳам маълумотҳо ва ҳам мисолу масъалаҳо пешниҳод мешуданд. Омӯзгор  ва хонандагон фақат дарсро бо қоидаазхудкунӣ мегузарониданд. Илова бар ин, ҳалли мисолу масъалаҳо бо истифодаи қиматҳои аниқи ададҳо кам дода мешуданд. Ҳоло ҳам масъалаҳои баъди мавзӯъҳо додашуда  қисми зиёдашон матнӣ буда, ҳалли онҳо исботро талаб мекунанд, ки на ҳар як хонанда онро метавонад бо теоремаҳои қаблӣ асоснок намуда ҳал намояд.   Омӯзиши геометрия   ба  васеъшавии  дониши  хонанда, пурратар  ва  чуқуртар  фаҳмидани масъалаҳои мухталифи математика ва физика дар ҳалли сохтанҳои  меъморӣ  ва  техникӣ  мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, омӯзгорон бояд аз зинаи аввали таҳсил  дарсҳоро бо роҳҳои содаю фаҳмо ва ҳам шавқовар баргузор намоянд. Сарфи  назар  аз  натиҷаҳои мусбате, ки дар таҳияи китобҳои дарсӣ дида мешаванд, дар ин самт ҳоло ҳам барои тартиб додани барномаҳо ва бо тарзи содаю равон тарҳрезӣ намудани мавзӯъҳои китоби дарсӣ ва набудани мисолҳои татбиқи онҳо дар ҳаёти ҳаррӯзаи инсон баъзе норасоиҳо мавҷуданд. Аз тарафи дигар, дар барномаҳои таълимии муассисаҳои олии омӯзгорӣ низ истифодаи маълумотҳои таърихӣ  ва дохил намудани татбиқи маълумотҳои дар мавзӯъҳои геометрӣ омада дар ҳаёти инсон мавҷуд нестанд.  Дар сурате, ки ин яке аз талаботҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ маҳсуб меёбад. Ҳамин ҷиҳатҳо боиси он мегарданд, ки кам омӯзгори ҷавонеро ёфтан мумкин аст, ки ба хонандаи ҳозира озодона, дарсро ташкилу баргузор намуда тавонад. Барои таҳия намудан ва ба чоп омода намудани китобҳои дарсии  геометрия устодон заҳмати зиёд мекашанд. Албатта, инро ҳар як  омӯзгор хуб мефаҳмад. Бо вуҷуди ин, он касоне, ки бо таълими геометрия  сару кор мегиранд, боз зиёдтар дарк мекунанд, ки ба хонанда исбот намудани теоремаҳо ва татбиқ намудани маълумотҳои мавзӯъҳои қаблӣ дар исботҳо ва ҳалли масъалаҳо чӣ гуна душвориҳоро ба миён меоварад. Аз ин лиҳоз, содатар намудани ҷумлаҳо, истифодаи мисолҳои татбиқӣ дар ҳаёти инсон, интихоби масъалаҳо аз сода ба мураккаб ва ворид намудани масъалаҳои шавқовари ба мавзӯъҳо алоқаманд аз манфиат холӣ нест.

Салоҳиддин ГУЛМАҲМАДОВ,

омӯзгори коллеҷи техникии ДТТ ба номи М.Осимӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш