Нашрияи Омӯзгор

Марҳабо, Наврӯз!

Сана: 2021-03-17        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

Ҳамасола баҳори дилафрӯз бо худ меҳмонеро ба кулбаҳои мардуми мо меорад, ки қадамаш муборак аст ва он Наврӯз ном дорад. Наврӯзи хуҷастафол, ки ба дилҳо ҳамеша рӯшноӣ мебахшад:
Наврӯзи наву соли наву кори нав омад, 
Дар кишвари дил файзи фараҳбори нав омад! 

Наврӯз аз сифати нав ва исми рӯз таркиб ёфта, мафҳуми эҳёи табиати фасли рӯиданҳо  баҳорро  ифода мекунад. Шукуфтани гулҳо, садои хониши мухталифи кулли ҷонзоди рӯйи замин, донаи умед пошидани марди деҳқон мӯҷиби фарорасии фасли баҳор аст. Таърихи пайдоиши Наврӯзро ҳар гуна арзёбӣ намудаанд. Аммо ба аксарият маълум аст, ки Наврӯз иди бостонӣ ва анъанавии халқҳои эронинажод мебошад, ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ – якуми моҳи фарвардин (ё ҳамал ҳам мегӯянд), мутобиқ ба 21 марти солшумории милодӣ рост меояд. Он ба киштукори мардум наздикӣ дорад. Аз ин рӯ, онро Иди Соли нав ё Сари сол ҳам мегӯянд. Минбаъд он ҳамчун русуми аҷдодонамон идома ёфт. Махсусан, Наврӯз дар даврони давлатдории Ҳахоманишиён ба ҳукми анъана даромад. Ҷашн гирифтани ин иди фархунда вақту соати муайян дорад. Танҳо шурӯи он ба 21 март рост меояд ва дар ҳар давлату минтақа (ё кишварҳо) онро ба таври  гуногун ҷашн мегиранд. Масалан, бинобар ақидаи Абӯрайҳони Берунӣ, Наврӯзро шоҳони Сосонӣ шаш рӯз ҷашн мегирифтаанд. Тайи ин муддат барномарезӣ  менамудаанд ва ҳар рӯзи он мардум ва касбу кори онҳо табақабандӣ мешуд. Чунончӣ, рӯзи аввал ба пазироии мардум, рӯзи дуюм таклифи танҳо давлатмандону мансабдорон … сурат мегирифт. Ба ҳамин минвол, аз рӯйи одат ва анъана Наврӯз ҷашн гирифта мешуд. Вале бузургворе қайд намудааст, ки Наврӯз ҳатман аз аввали моҳи ҳамал (21 март) шурӯъ шуда, давомияташ 31 рӯз аст. Ба ин маънӣ: Ибтидои ҳамал зи Наврӯз аст, Ёд гираш, ки сиву як рӯз аст. Дар «Таърихи Наршахӣ»  бошад, чунин омадааст: «Ва чун бозори охирини сол бошад, бист рӯз бозор кунанд ва бисту як рӯз Наврӯз кунанд ва онро Наврӯзи кишоварзон гӯянд». Бояд гуфт, ки Наврӯз анъанаҳои ба худ хос дорад. Беҳтарини  он тозагиву озодагист. Мардум дар ин рӯз ва омад – омади он хонаҳоро тоза менамоянд, палос ва дигар ҷиҳози зиндагиро ба тартиб оварда, хӯрокҳои лазизтарин мепазанд, то ки меҳмонони худро бо табъи баланд пазироию дилбардорӣ карда тавонанд. Кӯчаю хиёбон, шаҳракҳо аз ифлосиҳо тоза карда мешаванд, ҷӯю заҳбурҳо, қад – қади роҳҳои одамгузару мошинрав низ намуди дигар пайдо менамоянд. Ба ёд овардани хотираи гузаштагону  шод намудани рӯҳу арвоҳи онон ҳам аз суннатҳои Наврӯзист. Ба ин васила, сари қабри онҳо рафта, дуою фотиҳа мехонанд. Атрофи қабристонҳо ба тартиб оварда мешаванд. Ин аст файзи наврӯзӣ, ки ҳамагонро пирӯзманд мегардонад. Мутаассифона, дар даврони аввалҳои ҳукмронии зимомдорони сохти Шӯравӣ чунин иди миллии писандида ҳамчун падидаи динӣ арзёбӣ шуда буду таҷлили он мамнуъ. Шукри Худованд, ки бо ба даст овардани истиқлол дар кишварамон чанд сол аст, ки онро дар сатҳи давлату ҳукумат ботантана бо ҳам ҷашн мегирем. Тавассути ақлу заковат ва хирадмандии  Роҳбари давлат ва аз баракати Наврӯз рӯзҳои 21 – 24 март чун ҷашни байналмилалӣ  рӯзи истироҳат эълон шудааст. Тоҷикистон бори дигар дар арсаи байналмилалӣ собит намуд, ки кишвари мо Ватани Наврӯз аст. Кулли мардуми ҳавзаи Наврӯз, форсизабонони олам мисли мо, тоҷикон, ин идро бо хушиву хурсандӣ, бо шеъру тарона ва чангу чағона ҷашн мегиранд, аз баракати он баҳраёб мегарданд.   Мардуми тоҷик деҳқонзода аст ва медонад, ки сабаби ризқу рӯзиаш заҳмат кашидан дар замин аст. Имрӯз аз ин сабаб марди деҳқон бо дасту дили гарм каландашро ба даст гирифта, баҳри ободии кишвар ва марзу бум заҳмат мекашад, зеро он ҳама ифтихору сарбаландиҳоямон дар ҳама гуна соҳаҳои  кор ба натиҷаи заҳматҳои марди деҳқон вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ, мавсими деҳқонӣ, ки ба Наврӯз рост омадааст, омаданашро фарруху фархунда медонем ва мегӯем: Биё, Баҳор, Наврӯзи деринтизор, бахшой бар корҳои мо барор,   барор дарду аламҳоро аз қалби одамҳои дилфигор, зеро ту қодири ба ин кор! 

Ҳотами ҲОМИД, 
«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш