Нашрияи Омӯзгор

Ҷашни эҳёи табиат

Сана: 2021-03-17        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

Наврӯз яке аз қадимтарин иди миллии тоҷикон буда, дар тӯли таърих аз ҷиҳати шаклу мазмун такмил ва тағйир ёфта, то ба замони мо расидааст. Дар натиҷаи муайян шудани тақвими аниқи солшуморӣ, онро дар ибтидои моҳи фарвардин, дар рӯзи мизони шабу рӯз муқаррар намудаанд,ки ин ба тақвими имрӯза ба 21 уми март рост меояд. Ин сана аз даврони ба расмият даромадани «Тақвими ҷалолӣ» қариб даҳ аср инҷониб бе тағйир мондааст. Боз Наврӯзи ҷаҳонӣ даррасид! А з рӯи гуфтаи Абӯрайҳони Берунӣ, дар аҳди шоҳаншоҳии Сосониён фарвардинмоҳ ба шаш бахш тақсим шуда, чун моҳи Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст. Панҷ рӯзи аввалро подшоҳон бо ашрафиён, панҷ рӯзи дуюмро бо бахшидани ҳадияҳо, панҷ рӯзи сеюмро шоҳ бо хидматгузорон, панҷ рӯзи чаҳорумро бо одамони хосу наздиктаринаш, панҷ рӯзи панҷумро бо лашкариёнаш ва панҷ рӯзи боқимондаро бо омма ҷашн мегирифтаанд. Ривояте маълум аст, ки гӯё Искандари Мақдунӣ пас аз забти Эрон ва кушта шудани шоҳаншоҳ Доро, хостааст бо анъанаҳои ниёгон ҷашни Наврӯзро дар тахти Ҷамшед гузаронад. Дар давлати Сосониён одате маъруф буд, ки подшоҳон дар рӯзи аввали Наврӯз ба наздикони худ меҳрубонӣ карда, туҳфаҳо медоданд, рӯзи дуюм бо деҳқонон ва сокинони оташкадаҳо, рӯзи сеюм бо саворон, рӯзи чаҳорум бо аҳли хонаводаю наздикони худ, ниҳоят рӯзи панҷум бо писарон ва фарзандонашон меҳрубонӣ карда, рӯзи шашум дар доираи дарбор ид меоростанд. Дар ин рӯз ғайр аз шахсоне, ки худи подшоҳ мехост, каси дигар ҳуқуқи дар маҷлис иштирок карданро надошт. Дар тамоми рӯзҳои наврӯзӣ, навозандагон ва сарояндагони хоси дарбор дар хизмат буданд, инчунин, об пошидан ба рӯи якдигар яке аз анъанаҳои наврӯзӣ будааст, то кишвар обод бошаду сол файзбор. Шабҳои наврӯзӣ дар маҳаллаҳои аҳолинишин оташ меафрӯхтанд ва дар атрофи он ба Худо шукрона ва ба нури дурахшони оташ саҷдаҳо мекарданд. Одати дигари наврӯзӣ он буд, ки шахсони доро ба мардум, махсусан, ба кӯдакон шакар ва ширинӣ ҳадия мекарданд. Сабаби ин ҳадияҳоро дар он медиданд, ки мувофиқи ривоятҳо найшакар дар Эрон ёфт шуда будааст. Бар замми он ки дар рӯзи Наврӯз гӯё шакар пайдо шудааст, бахшидани шириниҳо рамзи дар соли оянда ширин гузаштани зиндагии мардум ҳисоб меёфтааст. Бо қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди Наврӯз додани мавқеи иди миллӣ ва чаҳор рӯзи аввали онро рӯзи истироҳат эълон намудан ва гузаронидани чорабиниҳои наврӯзӣ бо шукӯҳу шаҳомат бо иштироки Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишона ва эҳтироми ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба миллати тоҷик, урфу одат ва анъанаҳои гузаштагонамон мебошад. Ҳамин аст, ки баргузории маъракаҳои ҷашни Наврӯз сол то сол вусъат ёфта, нуфузу эътибори хосаро соҳиб гаштааст. Яке аз суннатҳои дерин ва маъмули иди Наврӯз густурдани дастархони идона мебошад. Дастархони наврӯзӣ, пеш аз ҳама, рамзу рози хоси худро дорад ва дар он орзую омол ва нияти халқ инъикос ёфтааст. Чун анъана рӯи дастархон ноне гузошта мешавад, ки аз ҳафт навъи ғалла пухта шуда бошад. Ин мафҳум ҳафт табақи осмон ва афзудани баракати хонаводаро нишон медиҳад. Рӯи дастархон бояд оинае гузошта шавад, ки рамзи покию равшаниро инъикос мекунад. Инчунин, будани тухми мурғ дар дастархон нияти сербачаю пурфайз гаштани аҳли хонавода аст. Дар рӯи дастархон гузоштани косаи пуроби тоза бошад, рамзи серобу сербориш омадани солро нишон медиҳад. Дар бисёр маҳаллаҳо анъана шудааст, ки рӯйи дастархони наврӯзӣ, назди оина шамъ фурӯзон менамоянд ва дар болои равоқи китобмонӣ китоби муқаддаси «Куръон»-ро мегузоранд, то ки тамоми сол зиндагӣ шуълавар бошаду Парвардигори олам хонаводаро дар паноҳаш нигоҳ дорад.

Иззатулло РАҲИМОВ,

мудири Маркази омӯзиши забонҳои ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш