Мирзо Турсунзода оид ба масъалаҳои мухталифи адабиёт ва аз он ҷумла, танқиди адабӣ андешаҳои судманд баён кардаанд. Агар танқид холисона, далелдор босаводона, бо мақсади батараф кардани камбудиҳо равона шуда бошад, ҳадафрас мебошад. Агар аз зери нохун чирк кобем, ҳисси бадбинӣ дошта бошем, барои кадом тоифае ва гурӯҳе муаллиферо носазо гӯем, танқид ба ғараз мубаддал мегардад ва ин сон танқиди адабӣ моли адабиёт шуморида намешавад. Мунаққид масъулияти баландеро бар дӯш дорад. Санҷидан, баҳо додан, сараро аз носара ҷудо кардан, дар асар пайдо кардани диди хос, навпардозии адиб, комёбиро таҳсин гуфтан, роҳи ҳалли камбудиҳоро фаҳмонидан, ба лофу газоф дода нашудан, хушомадгӯёна аз асари пуч «дурдона» суфтан ва монанд ба инҳост, ки мунаққид ҳамроҳи танқид бояд кунад. Дар мақолаи «Танқиди адабӣ омили пешравист» қайд мекунанд, ки мунаққидони мо «ба баҳодиҳӣ саргарм шуда, таҳлилро фаромӯш мекунанд». Имрӯз ҳам тақрибан чунин аст. Эроду тавсияҳое, ки устод нисбат ба адабиёти солҳои ҳафтодум доштанд, то ҳол қувваҳои таъсиррасонии худро гум накардаанд. Ҳамоно танқиди адабӣ дар ҳолати шахшуда боқист. Таърифҳои болохонадор. Шеърҳои суст, забони лакнатдор, насри забонаш аз шеваҳо олуда, тасвирҳои хушку холӣ ва амсоли инҳо солҳои охир ривоҷ ёфта истодаанд, ки ба нафъи адибону адабиёти замони истиқлол нест. «Барои он ки танқид воқеаҳои дар адабиётамон ба вуҷуд меомадагиро зуд қайд карда тавонад, мунаққидон бояд ҳиссиёти ҷӯшони эстетикӣ ва нисбат ба адабиёт муҳаббати калон дошта бошанд, бояд ғамхори тақдири вай бошанд, вале афсӯс, ки ин ҳолат кам дида мешавад», гуфта буданд устод. То ин дам аҳли таҳқиқ ба маҳорати бадеӣ кам эътибор медиҳанд. Дар сухан сохтану бофтан, ёфтани тасвирҳои ноб, мавқеи истифодаи мавридноки калимаю ибораю таркибҳо ва мисли инҳо ба маҳорат пайванданд. Чун ин нест, адиб наметавонад, аз доираи якрангӣ берун барояд ва гуфтораш дилчаспу дилрас наметобад. Ва устод гуфтаанд, ки «мунаққидони мо ба масъалаҳои маҳорати бадеӣ ҳам кам аҳамият медиҳанд». Таҳқиқ кори саҳлу сода нест. Барои он ҳаққи қалами хуб, асаби орому осуда, шароити хуби эҷодӣ ба мунаққид мисли обу ҳаво зарур аст. Аз ин рӯ, ба қавли устод: «фақат танқиди умумиро мебинаму халос». Устод иқрор шуда буданд, ки «…мақолаҳои танқидиро, ки дар бораи ман навишта шудаанду вале ба мани нависанда чизи нав намебахшанд, бо таассуфи калон ба як сӯ мегузорам». Ба воситаи нашрияҳои рӯз ва ҳатто рӯзномаи «Адабиёт ва санъат», маҷаллаи «Садои Шарқ», ки минбари эҷодкорони Тоҷикистон мебошад, то ҳанӯз андешаҳои мунаққидонро оид ба ҳусну қубҳи эҷоди адибон нахондаем. Дар силсилаи «Адиб дар бораи адиб», ки рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» роҳандозӣ намудааст, таърифу ситоиши ҳамдигар ба иғроқ расида, ба гуфти устод «хизмати хирсона мекунанд, яъне ба умеди фоида зарар мерасонанд». Дар ҷойи дигар афсӯсхӯрон иброз медоранд, ки «ин гуна таърифи бемавқеъ ба кас халал мерасонад». -Мунаққид Сидқӣ, ёдрас карда буданд устод Мирзо Турсунзода …дар бораи маҷмӯаи шеърҳои устодаш Боқӣ Раҳимзода гап зада истода, ягон мулоҳизаи танқидиеро баён накард». Аз ин лиҳоз устод меҳрубонона, холисона мегӯянд, ки «…шоир муштоқи ёрии танқид аст, ки эҷодиёти ӯро боз ҳам ҷоннок намояд, ӯро ба муваффақиятҳои ҳалкунанда, яъне ба эҷод кардани асари калон бурда расонад». Танқид дар матбуот тухми анқост ва асарҳои назмию насрӣ лак дар лак, нигарони таҳлил буда, гӯш ба қиморанд, ки мутахассисон чӣ мегуфта бошанд? Эроди ҳамон замон гирифтаи устод имрӯз ҳам ҷон дорад: «Масъулияти набудани ингуна баҳсу мунозираҳо, албатта, ба гардани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва журнали «Шарқи Сурх» (ҳоло «Садои Шарқ») меафтад, ки онҳо бояд ташакилкунандаи мубоҳисаҳо бошанд». Ҳоло низ суҳбатҳои адабӣ кам иттифоқ меафтанд ва қариб садои танқид ба гӯш намеояд. Устод пайгирона дар ҳамон айём андешаи назар доштанд, ки «…бояд чораҳои ташкилӣ дида шаванд, то танқиди адабиро ба пояи баланд бардорем». Мунаққид зимни таҳлили осори назмию насрӣ бурду бохти эҷодкорро тагурӯ мекунад. Дар меёбад, ки оё мазмуни тоза дорад, мувофиқати шаклу мазмун риоя шудааст, забони шеър ё наср чӣ ҳол дорад, санъати суханаш дар кадом поя мебошад? Чанд мулоҳизае, ки солҳои охир дастрас шуду хондем, ба ҷуз ситоишу таъриф ва зикри «шоири бузург», «нависандаи маъруф», дар хулосаҳо бештар бо «андешаҳои орифона дар шеъраш» ва суханҳои маҷбур ба рӯи коғаз оварда шуда пайхас мешаваду бас. Ҳамин ҳолатро, ки идома дорад, устод бармаҳал мушоҳида карда, гуфтаанд: «сухани бомаврид ба образи бадеӣ характер медиҳад. Ростӣ, худи образро ҳам сухан ба вуҷуд меоварад, хислати миллӣ, обуранги миллиро ҳам сухан меофарад. Афсӯс, ки мо баъзан дар ҷустуҷӯи сухани зебои бомаврид дуруст меҳнат намекунем». Устод роҳбару раҳнамои аҳли адаб буданд. Чун мунақкид амал ҳам мекарданд. Аз мутолиаи осори адабӣ-танқидиашон пайдост, ки ба эҷоди насли нав ва баркамол муносибати якрӯ, беғаразона ва дастгирона доштанд. Дар бораи Лоиқ Шералӣ бо муҳаббат сухан гуфта, ҷустуҷӯи шоиронаи ӯро ин тавр шарҳ додаанд: «Маънии ҷустуҷӯиро ман дар дарёфтани тарзи баёни олӣ, дар баёни равшану содаю мукаммал, дар содагие мебинам, ки он ҳамаи паҳлуҳои одаму оламро бо тамоми мураккабиҳояш ифода карда тавонад». Ва ин ҷӯяндагии адибро бояд танқиди адабӣ рӯи об барорад, то аз комёбиаш шод гардад. Аз норасоиаш натиҷа бардораду аз дастовардаш хонандагонаш шод шаванд. Андешаву мулоҳизаҳои судманди устодро бояд омӯхт ва баҳри амалаш кӯшиш ба харҷ бояд дод, то нависандагону шоирону муҳаққиқон ҳамчун дастуру роҳнамо ба онҳо рӯ оранд ва суде бардошта бошанд. Хирадмандона устод ёдовар шуда буданд: «Шеър дурӯғу шайтонатро намедонад. Шоир дурӯғ гуфта метавонад, аммо он гоҳ шеъри ӯ шеър нахоҳад буд».
Маъруфи ҲИСОМ,
Модар ЁРОВА
Иловакунӣ
Иловакунии фикр