Нашрияи Омӯзгор

Фасли изтиробҳо

Сана: 2018-07-12        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

(ё талошҳо давом доранд)

1 июли соли равон имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ оғоз гардид.  Имсол  шумораи умумии довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) 94 905 нафарро ташкил дод.

Зимни суҳбат котиби матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломзода иброз дошт, ки барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) имтиҳони умумӣ – қисми А, ки супоридани он барои ҳамаи довталабон, новобаста аз ихтисосҳои интихобкардаашон ҳатмӣ аст,  1 июл оғоз гардид. Ёдрас мешавем, ки қисми А аз се субтест (забони тоҷикӣ, математика, таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ) иборат аст. Дар ин қисми имтиҳон довталаб субтести забони тоҷикиро ҳатман бо забони тоҷикӣ ва субтестҳои дигарро, вобаста аз забони имтиҳонсупорӣ, ки ҳангоми бақайдгирӣ интихоб кардааст, бо забони тоҷикӣ ё русӣ месупорад. Барои ҷавоб додан ба саволҳо ва ҳалли масъалаҳои се субтести қисми А 180 дақиқа муқаррар шудааст.

Мувофиқи ҷадвали муқарраршуда даври асосии имтиҳонҳо аз 1-ум то 13-уми июли соли ҷорӣ дар 47 маркази имтиҳоние, ки тибқи рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) ташкил карда шудаанд, баргузор мегардад.

Имтиҳони қисми А барои ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо, тибқи ҷадвалҳои баргузории имтиҳонҳо (даврҳои асосӣ), ки бо дарназардошти ворид гардидани кори хаттӣ (эссе) ба низоми ИМД муқаррар гардидааст, то 7-уми июл идома меёбад. Хотиррасон мекунем, ки соли ҷорӣ довталабоне, ки гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ро интихоб кардаанд, дар баробари қисмҳои А ва Б, кори хаттӣ (эссе) низ бояд нависанд, ки барои он як рӯзи алоҳида (4-уми июл) муайян гардид. Вобаста ба ин, довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 3-юмро интихобкарда рӯзи 3-юми июл қисми А-ро супорида, рӯзи 4 уми июл кори хаттӣ (эссе) навиштанд. Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ)-ро интихобкарда қисми А-ро рӯзи 5-уми июл супориданд.

Имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) барои ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо аз 8-уми июл оғоз гардида, то 13-уми июл идома меёбад.

Барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш), бинобар аз шумораи ҷойҳои нишасти пешбинишуда зиёд будани шумораи довталабон, имтиҳонҳо (ҳам қисми А ва ҳам қисми Б) ба тартиби зерин 2 рӯзӣ гузаронида мешавад:

- рӯзи аввал – барои довталабоне, ки забони имтиҳон-супориашон тоҷикӣ буда, рақамҳои назоратияшон бо рақами тоқ тамом мешавад ва барои ҳамаи довталабони забони имтиҳонсупориашон русӣ.

- рӯзи дуюм – барои довталабоне, ки забони имтиҳон-супориашон тоҷикӣ буда, рақамҳои назоратияшон бо рақами ҷуфт тамом мешавад.

Раванди имтиҳонҳоро кормандони доимӣ ва муваққатии марказ, ки шумораи онҳо соли ҷорӣ беш аз 2000 нафарро ташкил медиҳад, идора мекунанд. Имтиҳонҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бораи он пеш аз оғози имтиҳон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ ба довталабон маълумот ва барои риояи талаботу қоидаҳои муқарраршуда дастур дода мешавад, баргузор мегарданд.

Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест дар давраи баргузории имтиҳонҳо ҳамарӯза пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи марказ ба нашр мерасанд. Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақа(ҳо)-и ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта шудаанд ва ҷавобҳои дуруст – калидҳои саволу масъалаҳои тестии дар сомонаи марказ нашршуда холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб кунад. Ҳамчунин, то нашри варақа(ҳо)-и ҷавобҳо дар кабинети инфиродияш довталаб метавонад бо истифода аз китобчаи тест, ки дар дасташ аст, холҳои бадастовардаашро мустақилона ҳисоб кунад. Варақаи кори хаттӣ (эссе)-и довталаб низ пас аз нусхабардорӣ дар шакли аввала, яъне бе тафтиш дар кабинети инфиродии довталаб ҷой дода мешавад. Довталабон имкон доранд, ки варақаҳои кори хаттӣ (эссе)-и худро аз кабинети инфиродияшон чоп ва эссеи навиштаашонро мустақилона ё ҳамроҳи омӯзгорони худ аз рӯйи меъёрҳои муқарраргардида, ки маълумоти муфассал дар бораи он дар сомонаи марказ ҷойгир карда шудааст, санҷанд.

Бинобар ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) ворид гардидани кори хаттӣ (эссе) эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) соли ҷорӣ 30-юми июл ба нақша гирифта шудааст.

Дар идомаи суҳбат З.Абдусаломзода қайд кард, довталабоне, ки дар давр(ҳо)-и асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ –қисми А (имтиҳони умумӣ) ва (ё) қисми Б (имтиҳони ихтисос) ва (ё) қисми Е (кори хаттӣ (эссе)) иштирок карда натавонистанд, даври иловагии имтиҳонҳо барои чунин довталабон аз 18-ум то 20-уми июл ба роҳ монда мешавад.

Тибқи тартиби муқаррар-гардида, довталабе, ки дар имтиҳон (имтиҳонҳо) (даври асосӣ) иштирок карда натавониста, хоҳиши иштирок дар даври иловагии имтиҳонҳоро дорад, бояд маблағи иловагии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардаи марказро пардохт карда, ба марказ ариза пешниҳод намояд.

Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои як довталаби дар имтиҳон (имтиҳонҳо) (даври асосӣ) иштирокнакарда, ки хоҳиши иштирок дар даври иловагии имтиҳонҳоро дорад, чунин муқаррар карда шудааст:

1) барои иштирок дар ҳамаи қисмҳо А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) ва Е (кори хаттӣ (эссе)) – 120 сомонӣ;

2) барои иштирок танҳо дар яке аз қисмҳо – А (имтиҳони умумӣ) ё Б (имтиҳони ихтисос) ё Е (кори хаттӣ (эссе)) – 60 сомонӣ.

Даври иловагии имтиҳонҳо – қисми А (имтиҳони умумӣ) рӯзи 18-уми июл, қисми Б(имтиҳони ихтисос) рӯзи 19 уми июл ва қисми Е (кори хаттӣ (эссе)) рӯзи 20-уми июл танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Муҳлати қабули аризаҳо оид ба масъалаи мазкур аз 5-ум то 15-уми июл муқаррар гардидааст. Ба довталабоне, ки барои иҷозат гирифтан ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ ариза пешниҳод кардаанд, тавсия медиҳем, ки шумораи телефони худро, ки ҳангоми бақайдгирӣ ва ё пешниҳоди ариза қайд кардаанд, фаъол нигоҳ дошта, барои гирифтани маълумоти зарурӣ бо Маркази миллии тестӣ дар тамос шаванд.

 

Н.ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш