Нашрияи Омӯзгор

Махзани донишу маърифат

Сана: 2021-03-17        Дида шуд: 775        Шарҳ: 0

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент (собиқ омӯзишгоҳи омӯзгорӣ) таърихи қариб якасраи пуршараф дорад. Ин боргоҳи илму маърифатро дар нимаи дуюми асри ХХ шахсиятҳои номваре чун Лоиқу Сорбон, Ҷумъа Одинаю Ӯрун Кӯҳзод, Давлатшоҳи Тоҳириву Абдурауф Муродӣ, Равшани Ҳамроҳу Сармад, Ноҳиду Шаҳодат ва садҳо олимону шоирони варзида хатм кардаанд. Бо ин навишта тасмим гирифтам, чун собиқ дастпарвари он шаммае аз меҳрномаи худро рӯйи коғаз биёрам. 
Соли 2008. Пас аз бомуваффакият супоридани имтихоноти кабул  донишҷӯи омӯзишгоҳи омӯзгорӣ гаштам. Дар гурӯҳи мо, ки таҳсилоти ибтидоӣ бо ихтисоси иловагии забони русӣ ном дошт, 14 нафар донишҷӯ таҳсил мекарданд: 13 нафар духтар ва як нафар писар. Ба мо омӯзгорони ботаҷриба, чун  А.Латипова, С.Нарзӣ, К.Аҳроров, Г.Маҷидова, Р.Ҳамроҳ, М.Саидмуродова, И.Ашӯров, М.Раҳмонова, С.Бадалов ва дигарон дарс мегуфтанд. Бештар ба дарсҳои забони русӣ таваҷҷуҳ доштем. Муаллимаи забардасти ин фан Латипова Анна Александровна (рӯҳашон шод бод!) ба калонсолии худ нигоҳ накарда, бо ҷидду ҷаҳди зиёд ба мо дарс мегуфтанд. Баъдтар устод С. Нарзӣ ба гурӯҳи мо роҳбар таъйин шуданд, ки аз фанни адабиёти бачагона дарс мегуфтанд. Аз рӯзҳои аввал ҷиддӣ ва серталаб будани устод ба мо маълум шуд. Мо, донишҷӯён, ҳар як суханони устодро гӯш карда, супоришҳояшонро дар вақташ иҷро мекардем. Дарси аввалини устоди забони тоҷикӣ Комилҷон Аҳроровро имрӯз низ дар хотир дорам. Он кас ҳангоми фаҳмонидани мавзӯъ байни мизҳо гашта, дониши хаттии моро низ месанҷиданд. Пеш аз фаҳмонидани дарс то кадом андоза тасаввурот доштани моро доир ба мавзӯи нав бо саволҳо муайян мекарданд.  Он вақт  ба худ гуфтам: «Устоди ҳақиқӣ бояд чунин бошад». Аҳли гурӯҳ дарсҳои устодро бесаброна интизор мешудем. Пеш аз омадани устод ҳар калимаеро, ки дар имлояш шубҳа доштем, дар тахтаи синф менавиштем ва имлои онро аз устод мепурсидем. Аз давраи донишҷӯӣ як дафтари забони тоҷикӣ  дорам, ки онро аз ҳар як китоб афзалтар мешуморам. Бархе аз мо, донишҷӯён, ки бо мақсади омӯзгори забони русӣ шудан ба омӯзишгохи омӯзгорӣ омада будем, пас аз дарсҳои устод фикри худро дигар кардем. Айни замон 6 нафар аз ҳамсабақони ман ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар муассисаҳои таълимӣ дарс мегӯянд. Пас аз хатми таълимгоҳ ман низ бо мақсади омӯзгори забони тоҷикӣ шудан ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи филологияи тоҷики ДОТ-и шаҳри Панҷакент супоридам. Ифтихорманд аз онам, ки шарафи шогирдии устоди донишманд, шоири шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшани Ҳамроҳро низ дорам. Номбурда аз фанҳои методикаи таълими забони тоҷикӣ ва матни классикӣ ба мо сабақ мегуфтанд. Маҳз ба туфайли сахтгирию серталабии устодон дар таҳсил ҷидду ҷахд намуда, иштирокдори озмунҳои фаннӣ ва гирандаи идрорпулии Президентӣ гаштам. Муаллимаи педагогика ва психология – Маҳбуба Саидмуродоваро ҳамагон чун устоди сахтгиру серталаб шинохтем. Равоншиноси варзида низ буданд. Ростӣ, баъдҳо аз муаллима метарсидем. Аз он сабаб бим доштем, ки он кас фикри моро мехонанд. Муаллима пеш аз имтиҳони давлатӣ бо донишҷӯён тайёрии ҷиддӣ медиданд. Боре бо хоҳиши мо дарси иловагӣ ташкил намуданд. Азбаски вақти холии муаллима хеле кам буд, маслиҳат шуд, ки дарсҳои иловагӣ соати 7-и субҳ оғоз ёбанд.  Рӯзе ба омӯзишгоҳ барвақттар омадем, дари он ҳанӯз қуфл буд ва мо маҷбур шудем рӯйи харакҳои таълимгоҳ дарси иловагии худро гузарем. Пас аз машғулият муаллима гуфтанд: «Ана, ин як намуди дигари дарс-дарс дар ҳавои тоза.» Бо супориши муаллима мо дафтари панд ташкил дода будем, ки имрӯз низ бо ман аст. Муаллима  Г.Маҷидова ҳамагӣ як нимсола ба мо аз фанни машқи хат дарс дода бошанд ҳам,  аҳли гурӯҳ он касро дӯст доштем. Дарси машқи хат барои мо на танҳо машқи зебонависӣ, балки дарси шеъру сухандонӣ, имлову иншонависӣ ва тарғиби ахлоқи ҳамида буд. Муаллима кӯшиш мекарданд, ки дар ҳар машғулияташон чизи наве ба мо гӯянд. Устод Маҷидоваро бо меҳр «Модар» ном мебарам. Он кас имрӯз низ маслиҳатгари омӯзгорони ҷавон ҳастанд. Соли 2015 бо даъвати устодон ба коллеҷ омадам. Аз тарафи сарвари кунунии коллеҷ-доктори илмҳои филология Ҷовид Холов ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ба кор қабул шудам. Орзуи деринаи ман – фаъолият дар омӯзишгоҳи азизам ниҳоят чомаи амал пӯшид. Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ (айни замон коллеҷи омӯзгорӣ) хеле тағйир ёфта, ободу зебо гаштааст. Роҳравҳои онро гулу дарахтҳои ороишӣ зебу зинат медиҳанд. Дар  шукуфоии симои зоҳирии коллеҷ саҳми сарвари он хеле назаррас аст. Дар арафаи таҷлили ҷашни 90-солагии коллеҷи омӯзгорӣ зери назари устод Ҷовид Холов китобе бо номи «Кохи илму адаб» ба чоп расид, туҳфаи арзандае буд, ба алоқамандон ва ҳаводорони ин макони маърифат. Анқариб панҷ сол мешавад, ки дар оғӯши гарму маърифатбори ин донишсаро кору фаъолият мекунам ва хушбахт аз онам, ки дар қатори чунин устодон ба таълиму тарбияи ҷавонон машғулам. Имсол таълимгоҳи азизи мо ҷашн дорад. Дил аз фараҳу шодӣ лабрез мешаваду бо тамоми ҳастиям мегӯям: «Эй қадамҷои бузургон, ҷашни фархундаи 90-солагиат муборак! Хамеша шукуфон бошу садҳо  омӯзгорони варзида ва шахсиятҳои барҷастаро ба ҷомеа эҳдо намо!»

Фирӯза РӮЗИЕВА,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш