Ҳунари ороишии амалӣ падидаи ҷолиб ва мураккабе дар фарҳанги ҳар халқу миллат аст. Ин падидаи беназир гуногунпаҳлу буда, навъҳои мухталифро фаро мегирад. Ҳунари ороишӣ, ҳамзамон, бо пайдоиши халқу миллатҳо ба миён омада, бо решаҳои фарҳангии куҳанаш имрӯз ҳам дар рушду нумӯъ мебошад. Санъати ороишии амалӣ ва навъҳои гуногуни он дар фарҳанги мардуми тоҷик ҷойгоҳи хос дорад, балки як падидаи муҳими фарҳанги миллии тоҷикон мебошад Бавижа ҳунари ороиш дар чӯб: чӯбтарошӣ ва кандакорӣ аз ҷумлаи ҳунарҳои суннативу меросии мардуми мост, ки дар миёни ҳунарҳои амалии мардумии халқи тоҷик мавқеи махсусро касб кардааст. Имрӯз ҳам дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон ҳунармандони зиёде машғули эҷоди асарҳои ҷолиби бадеӣ ҳастанд ва инкишофи навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумии тоҷикон дар сатҳи баланд қарор дорад. Чӯб аз ҷумлаи масолеҳи паҳншудае мебошад, ки коркарди онро одамон аз давраҳои хеле қадим аз худ кардаанд. Дарахтон ду хел мешаванд: паҳнбарг ва сӯзанбарг. Аз мағз то пӯст дар намуди хатҳои сафеди дурахшон нурҳои мағз равонанд. Онҳо рангҳои гуногун дошта, барои ба дохили дарахт ворид кардани об, ҳаво ва моддаҳои ғизоӣ хизмат мекунанд, ки он камбий ном дорад. Ёдгориҳои меъморӣ ва бозёфтҳои бостоншиносии Осиёи Марказӣ (сарзамини таърихии мардуми тоҷик) шаҳодат медиҳанд, ки наққошӣ дар ин ҷо аз замонҳои қадим оғоз ва ривоҷ ёфтааст. Намунаҳои ҳунари кандакорӣ дар чӯб дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон мавҷуданд. Нусхаи болору сутун, тахту шифтҳои кандакории чӯбӣ дар қадимтарин кушкҳои диёри мо: Ҳулбук, Панҷекати қадим, Шаҳристон, Тахти Сангин, Аҷинатеппа, ёдгориҳои Бадахшон, Хуҷанд ва Рашту Ҳисор дарёфт шуда, ба осорхонаҳои кишвар гузошта шудаанд. Намунаҳои нодири нақшу нигоре, ки дар натиҷаи ҳафриёт аз Тирмиз, Варахша (Бухоро), Афросиёб (Самарқанд), Панҷекати қадим, Ҳулбук (Хуталон) ва дигар маҳалҳо ёфт шудаанд, шоҳиди ҳунари мустақил ва фарҳанги волои аҷдоди тоҷикон мебошанд. Дар асри VIII ва ибтидои асри IX дар ҳудуди Суғд, Истаравшан ва Чоч мактаби мустақиле бо номи «Нуқраи Суғд» машҳур шуда буд, ки унсурҳои наққоширо фаровон истифода мекарданд. Фаъолияти наққошони тоҷик дар замони Шӯравӣ (солҳои 1924–1991) низ идома ёфтааст. Наққошони тоҷик анъанаву суннатҳои беҳтарини ҳунармандони гузаштаро эҷодкорона идома дода, ҳамзамон, сабку равияҳои навро ба вуҷуд меоварданд. Ороиши чойхонаҳои «Роҳат», «Саодат», тарабхонаи «Тоҷикистон», сақфи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, сақфи дохили бинои фабрикаи «Гулдаст» (Душанбе), чойхонаи «Панҷшанбе» (Хуҷанд), тарабхонаи «Гули бодом» (Конибодом), чойхонаҳои «Ором» ва «Дилором» (Исфара) ва ғайра намунаҳои олии санъати наққошии муосири тоҷик мебошанд. Дар кишвари мо имрӯз ҳам бо ҳунари чӯбкории устоҳои машҳури тоҷик коху кӯшкҳо ва қасру фароғатгоҳҳои зиёд ороиш дода мешавад, ки диққати ҷаҳонгардонро ба худ ҷалб кардаанд. Пас аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон наққошӣ шаклу мазмуни нав гирифт. Дар наққошӣ суннатҳои гузаштаи халқи тоҷик дар омезиш бо сабки нав истифода мешаванд. Бунёди силсилачойхонаҳои миллӣ бо ороиши наққошӣ дар Хоруғ, Норак, Данғара, Бохтар, Кӯлоб, Исфара ва дигар шаҳру навоҳии мамлакат бо наққошиҳои суннатӣ ба ҳукми анъана даромад. Аз ҷумла, соли 2010 яке аз калонтарин чойхонаҳои миллӣ дар ноҳияи Данғара ба истифода дода шуд. Дар қатори кандакории рӯйи чӯб беҳтарин наққошони касбӣ дохили биноҳо ва сақфҳоро бо рангҳои мунаққаш дастӣ оро додаанд. Дар шаҳри Душанбе бузургтарин маркази фарҳангию фароғатӣ «Кохи Наврӯз» бунёд шуд, ки дар дунё ҳамто надорад. Он дар масоҳати 3 гектар ҷойгир буда, 12 толор дорад. Сақфҳои чӯбӣ ва сутунҳои азим дастӣ кандакорӣ шудаанд. Махсусияти нақшҳо дар он зоҳир мегардад, ки такрори якдигар нестанд. Барои офаридани нақшҳои мунаққаш устоҳои чирадаст аз тамоми гӯшаву канори мамлакат даъват шудаанд. Солҳои охир дар ороиши биноҳои расмӣ ва дигар иморатҳо тарзи нави наққошӣ — наққошии каҳрабоӣ, ки бештар дар фарш истифода мешавад, маъмул шуд. Аз ҷумла, ҳангоми ороиши бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, толори маҷлисгоҳи Президенти Тоҷикистон, Қасри миллат, дар нақшҳои каҳрабоӣ баробари унсурҳои нави наққошӣ анъанаву суннатҳо ва сабкҳои наққошии гузаштаи тоҷик фаровон истифода шудаанд. Ин намунаи ҳунари тоҷикон манзури бинандагони ҷаҳон гардонда шудааст. Барои мисол, дар шаҳри Боулдери Амрико як чойхонаи тоҷикӣ бо заҳмати дасти кандакорони тоҷик чанд сол пеш бунёд шуда буд, ки маҳсули дасти ҳунармандони моро дар он гӯшаи дунё ба намоиш мегузорад. Имрӯз ҳам дар Тоҷикистон мактабҳои омӯзиши кандакорӣ дар чӯб мавҷуданд, ки ҳар сол теъдоде аз ҷавонони тоҷикро соҳиби теғи кандакорӣ месозанд. Набояд фаромӯш кард, ки кандакорӣ кори сангин ва пурзаҳмат аст ва на ҳар нафари ин пешаро интихобкарда чунин заҳматро то охир таҳаммул мекунад. Дар муассисаи таълимии мо машғулиятҳо оид ба технологияи коркарди дастии чӯб дар устохона гузаронида мешавад. Дар ин ҷо барои ошноӣ бо амалияи коркарди чӯб ва ҳунарҳои дастӣ дар чӯб шароит ва асбобҳои корӣ муҳайё карда шудааст. Дарсҳои технология (таълими меҳнат) мутобиқ ба талаботи низоми салоҳиятнокӣ мегузаранд. Ҳамаи корҳо зери назари омӯзгор иҷро мешаванд. Дар аввали соли таҳсил дар бораи қоидаҳои умумии бехатарӣ маълумоти муфид пешниҳод мегардад. Омӯзгор барои рушди эҷодкорӣ ва салоҳиятнокии хонандагон шароит муҳаё намуда, онҳоро ба мустақилият ва эҷодкорӣ ҳидоят мекунад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки чанд нафар шогирди мо дар ин соҳа малака ва лаёқат доранд ва аз иҷрои мустақилонаи супоришҳо баромада метавонанд.
Некрӯз ПИРОВ,
омӯзгори технология
Иловакунӣ
Иловакунии фикр