Нашрияи Омӯзгор

Дафтари қайдҳо

Сана: 2021-04-01        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Чун синну соли Меҳрон ба ҷое расид, дигар ҳама корро тарк гуфт ва дар идорае посбон шуд. «Акнун овони шоҳкориҳои мо гузашт, як бурида  нонамонро ёфта хӯрем, кифоя»,-ҳар ҷо иброз медошт ӯ. Аммо кори Меҳрон ҳамчун посбон бо нокомӣ оғоз  ёфт. Аз ду идора ӯро бинобар дар ғафлат мондану ба дуздӣ роҳ доданаш кафш пеши по гузоштанд. Ба идораи нав ба кор омад. Хоначаи посбон ин ҷо хеле маъқулаш шуд. Азм кард, ки дигар ҳушёру бедор хоҳад буду бардавом кор хоҳад кард. Дар дафтари қайдҳо ҳар як ҳодисаи шабонаро зикр менамуд. Сардори  идора ҳар субҳ Меҳронро самимона ба оғӯш мегирифту дар канори кати ӯ нишаста, ин дафтарро бо табассум ва бо камоли майл варақ мезад, қаноатмандона калла меҷунбонд ва гоҳе ситоиш ҳам мекард: «Ҳамин дафтари шумо аз осори баъзе адибонамон хеле беҳтар».

Субҳи рӯзи ҳафтуми посбонии Меҳрон дар идораи нав буд.  Сардор омад ва пас аз саломи анъанавӣ табассум ба лаб дафтари қайдҳои шабонаи посбонро варақ зад. Он ҷо чунин навиштаҳои нав пайдо шуда буданд: 1. Саг соате бедарак шуда, як по калӯши нав ёфта овард (дар зери кат мондам). 2 Лаби сатили партовҳо ба зинапоя бархӯрда, қат шуд. 3. Дар паси девори бинои рӯ ба рӯи идораамон як писару як духтар қариб якуним соат рост истода суҳбат карданд (гоҳ-гоҳ ҳамдигарро ба оғӯш мекашиданд). 4. Нисфишабӣ садои афтодани зарфе шунида шуд ва зуд ба берун баромада дидам, ки гурбаи сиёҳе офтобаи оби таҳорати маро аз рӯи зинапоя зада ғалтондааст. 5. Дар ҳуҷрачаам пашша пайдо шудааст, бо тоқиям 13 пашшаро зада куштам…

- Офарин, - гуфт сардор дафтарро ба каноре гузошта. -Шумо фаъол, ҳушёр ва бедор чун пионерони даврони Шӯравӣ.

Ва ба саҳни идора баромаду лаҳзае пас бо қошу қавоқи овезон баргашт. Ӯ аз дасти Меҳрон дафтари қайдҳоро гирифту дар он чизе сабт кард ва пеш аз рафтанаш гуфт:-Меҳроншоҳ, ҷулу пӯстакатонро ҷамъ кардан гиред, чанд лаҳза пас котибаи ман ба шумо нусхаи фармонро дар бораи аз кор озод шуданатон меорад.

Сардор рафт. Меҳрон лаҳзае чанд лол монда, ниҳоят, андаке ба худ омад ва дафтари қайдҳоро ба даст гирифта, чашм давонд. Дид, ки сардор дар давоми навиштаҳои ӯ илова кардааст: «Ду чархи мошини сардорро рабудаанд, вале ман бехабар мондаам».

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш