Мегӯянд, ки ҳангоми хоб ҷисми одам ба хунукӣ чандон тобовар нест. Яъне инсон дар хоб хунукхӯр мешавад. Рост мегуфтаанд; ман баъзан чун рӯзонаҳо хоб меравам, бо вуҷуди он ки ҳаво гарм аст, хунукӣ нороҳатам мекунад. Ҳар дафъа пеш аз хоб ба рӯ кашидани кӯрпаеро фаромӯш мекунам. Баъд хушам намеояд, ки хеста, кӯрпае ба рӯ гирам. Шукр, ғайр аз ман дар хона боз панҷ нафар (занам ва фарзандонам) «ошу нонхӯракҳо» ҳастанд, вале касеро ақл намерасад, ки ба болои сардори хонадон (!) кӯрпае партояд.
Бо мақсади аз гирумони зиндагӣ осоидан дирӯз боз соате хобидам. Бароҳат хобидам. Бедор шуда бинам, кадом баинсофе ба рӯям кӯрпае партофтааст. Хурсанд шудам аз ин нишонаи меҳру эҳтиром ва чун аҳли оила сари дастархон гирд омаданд, пурсидам, ки ин меҳрубонӣ кори кист. Маълум шуд, ки кори завҷаам будааст. Ман ҳамчун подоши меҳрубонӣ ва ба сифати ҳавасмандкунӣ дар ҳузури фарзандон намоишкорона ба шаҳбонуи хонадон панҷоҳ сомонӣ мукофотпулӣ додам. Ҳама бо шавқ кафкӯбӣ карданд.
Бар асари хастагӣ имрӯз ҳам нисфирӯзӣ соате хобам бурдааст. Яке аз фишори вазн ба обу арақ ғӯтида бедор шудам. Бинам, дар рӯям панҷ кӯрпа партофта шудааст ва панҷ узви хонаводаам дар сарам рост истода, бедор шуданамро интизорӣ мекашанд…
Аз қудратат гардам, пул!
Абдурауф Муродӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр