Нашрияи Омӯзгор

Харҷи беҳуда

Сана: 2021-04-01        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

 

- Барои афзудани таваҷҷуҳи шавҳарам нисбат ба худам дирӯз бо нархи гарон китоби “100 тарзи ҷалби мардон ба худ”-ро харидам.

- Харҷи беҳуда кардаӣ, дугона. Як шиша арақ мехаридӣ, кифоя буд.

 

ДАР ДӮЗАХ

Ӯ аз зӯри дард беҳуш шуд ва чун ба худ омад, гуморид, ки мурдааст ва андешид: шояд ба ҷаннат афтода бошам?

Аммо чун яке чашмаш ба занаш афтод, ки дар паҳлуяш қарор дошт, ғамгин шуд: не, ман дар дӯзахам.

 

ТАВСИЯ

- Духтур, дар хобам ҳамеша гурге ба ман ҳамла меорад. Чӣ маслиҳат медиҳед, то ором бихобам?

- Сагеро дар паҳлуятон баста бихобед.

 

ГОВ МЕОРАМ!

Донишҷӯ дар имтиҳон ба одитарин суол посух дода натавонист. Ин омӯзгорро сахт ба ғазаб овард ва ӯ донишҷӯро таҳқир кард: - Гӯсола!

Аз ин нидо донишҷӯ ба фаҳми худ маънӣ бардошта, бо хурсандӣ иброз дошт:

- Гӯсола ҳам гап шуд, устодҷон! Ман ба шумо гов меорам, фақат як “3” монед, кифоя.

 

ДУ “БОНК”

Аввал ман хазинадори хона будам. Хеле сарфакорона истифода мекардам маблағи гирдомадаро. «Амонатбонк», - мегуфт занам бо киноя маблағашро ба ман супорида.

Баъд навбати хазинадорӣ ба занам расид. Ӯ пулҳоро калон - калон, бераҳмона сарф мекард.

“Хиёнатбонк”, - эътироз кардам ниҳоят ман ба ӯ ва аз маблағгузорӣ даст кашидам.

 

ҲАМДАРДӢ

Кормандони идораи роҳсозӣ ба ҳамкори худ Озоди Мунир бинобар сабаби ба муҳлати тӯлонӣ барои меҳмонӣ ба хонааш омадани модарарӯсаш изҳори ҳамдардии амиқ ва таслият мекунанд.

 

НАРХ

Устоди донишгоҳ аз донишҷӯе, ки дар имтиҳон даҳон кушода натавонист, 100 сомонӣ талаб кард ва таъкид намуд: - Ҳоло ҳам нархи мо арзон, пештар “даҳони пӯшида сад тилло” будааст.

 

ХОҲИШ

Занам маро ба хиёнат айбдор кард. Ман бо раддия ба ӯ изҳори садоқат кардам:

- Аввалин ишқам ту будӣ,

Охиринаш ҳам ту бошӣ.

Ва илова кардам:

- Илтиҷо мекунам, занак, ба мобайнаш кордор нашав!

 

ДУ “ВОҲ”

Занам ду ҳалқаи заррин ба хона овард ва гуфт:

- Инҳо аз они дугонаам. Мефурӯхтааст. Мехаред барои ман?

Ба якумаш ишора кардам:

- Ин чанд пул будааст?

- Ҳазор сомонӣ, - оромакак ҷавоб дод занам.

-           Воҳ! - беихтиёр нидо дардодам ман.

Нархи ҳалқаи дуюмро пурсидам.

- «Ду воҳ», - посух дод занам.

 

ТАДБИР

Девонае як пой мӯзаи хешро азми фурӯхтан дошт. Пурсиданд:

- Чаро чунин кунӣ?

Гуфт:

- Мехоҳам бо пули аз фурӯши як пойи мӯза ба даст овардаам пойи дуюмашро, ки даридааст, таъмир кунам.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш