Нашрияи Омӯзгор

Ханда ҳам доруст…

Сана: 2021-04-01        Дида шуд: 858        Шарҳ: 0

 

Ҳамасола  якуми апрел чун Рӯзи ханда таҷлил  мегардад. Дар ин рӯз инсонҳо мекӯшанд бо ҳамдигар суханони ҳазломез гӯянд, бо лутф ҳарф зананд. Муҳаққиқон ба хулосае омадаанд, ки ин падида, аслан, аз Рими қадим маншаъ гирифтааст. Баъдтар дар Фаронса (соли 1564) Шоҳ Карли 9 фармон баровард, соли навро, ки якуми апрел мегузаронданд, ба якуми январ кӯчонанд. Ин чиз мувофиқи толеънома ба соли наҳанг (моҳӣ) рост омад. Минбаъд фаронсавиҳо якдигарро аз якуми январи соли 1565 бо соли нав ва ҳам бо рӯзи ханда табрик менамуданд.

Дар рӯзи якуми апрел одамон дар либоси якдигар моҳичаҳоро овехта мемонданд. Минбаъд он дар матбуоти Аврупо ва Британияи Кабир инъикос ёфт. Умуман, таърихи якуми апрел якранг нест ва дар давлатҳои гуногун ба таври мухталиф ва рӯзҳои гуногун ҳамчун рӯзи ҳазлу шӯхӣ ва хушгӯӣ таҷлил мегардад. Дар ин рӯз одамон барои шӯхиҳо, маъмулан, хафа намешаванд, балки ҳазлҳои якдигарро бо хушнудӣ мепазиранд.

Ба  ҳар сурат, касе аниқ намедонад, ки охири охирон чаро маҳз якуми апрел рӯзи ханда эълон шудааст. Масъалаи ба Россия кӯчондани ин рӯз ҳам ба касе равшан нест, аммо ин падида ба таври ишораҳо дар эҷодиёти адибони шинохтаи асри  17, ҳатто дар эҷодиёти Александр Сергеевич Пушкин низ ҷой дорад. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки мардум ба шӯхии якдигар сарфаҳм мераванд ва ба қадри зиндагии хуш мерасанд.

Воқеан ҳам, инсон ҳамеша ба сухани хуш ва лутфи латиф эҳтиёҷ дорад. Лаҳзаҳои хурсандӣ ӯро, андаке ҳам бошад, аз мушкилоти рӯзгор халос мекунад.  Адиб ва табиби тоҷик Муллозуҳур Тоҳирӣ фармудааст:

Лафзи хуш гуфтан хуш аст, гар шахс одат мекунад,

Ҷисму ҷони кас зи ҳарфи дӯст роҳат мекунад.

Дар ҳузури дӯстон гӯянд суханҳои латиф,

Ханда ҳам доруст, инсонро табобат мекунад.

Онҳое, ки мехоҳанд ҳамеша табъашон болида бошад, бигузор аз «дору» - и арзон ва дар айни замон беминнат - ХАНДА истифода баранд. Зеро зиндагӣ ва рӯзгори кунунии мо бо шӯхиву ханда беҳтар хоҳад гузашт. Ба таъкиди Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб:

Зиндагӣ бо шодиву шӯхӣ хуш аст,

Шодиву шӯхӣ кунед, эй зиндаҳо!

Ҳамраҳи хушкору хушгуфторҳо,

Хонаободӣ кунед, эй зиндаҳо!   

 Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш