Нашрияи Омӯзгор

Забони модарӣ

Сана: 2021-04-01        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Ҳаст дар дунё нишони ман забони модарӣ,

Ёдгори ҷовидони ман - забони модарӣ.

Чашми бинову ҷаҳони ман - забони модарӣ,

Дар садоқат имтиҳони ман - забони модарӣ.

 

Ҳеҷ ганҷе нест дар таърих ҳамсанги забон,

Ному нанги мо бувад вобастаи нанги забон,

Ҷумлаи фарҳанги мо пайванди фарҳанги забон,

Ному фарҳанге набошад бе забони модарӣ.

 

Гар ба дунё халқи мо буд асрҳое бепаноӣ,

Кард умре хештанро дар забони худ паноӣ

В-он забонро дошта дар мардуми чашмон нигоӣ,

То замони мо равон омад забони модарӣ.

 

Дар ҷаҳон ҳар миллатеро зинда медорад забон,

Бо забон пайванд мегирад замоне бо замон,

Дар шууру дар дилу ҷонам мақомаш ҷовидон,

Чун Ватан дар манзалат омад забони модарӣ.

 

Аввалин ҳарфи забонам - бо забони модарӣ, 

Охирин шарҳу баёнам - бо забони модарӣ!


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш