Нашрияи Омӯзгор

Ангезаи меҳр

Сана: 2021-04-01        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Банда бо адиб ва рӯзноманигори шинохта, шахсе, ки дар ҳама ҳолат ҳузураш ва зуҳураш дар нишасту маҳфилҳо қалбҳоро тасхиру мунаввар мекунад. Абдурауф МУРОДӢ ҳанӯз аз замони дар бахши Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ дар шаҳри бостонии Панҷакент кор  карданаш робитаи дӯстӣ ва аҳди бародархондагӣ доштаму ӯ  он солҳо дар музофот зиндагӣ мекард.

 Тасаллут ба забондонӣ, гувоҳӣ аз манобеи таърихӣ, дақиқкориву ҳисси баланди масъулият, инчунин, соҳиби таҷрибаи зиёди омӯзгорӣ будан баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва бо роҳхати Вазорати маориф ҳамчун муаллими мактаби миёнаи №5-и шаҳри Роғун ба шуғли омӯзгорӣ оғоз кардан ва инчунин, дар мактаби деҳаву мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин шаҳр  кору фаъолият кардан ӯро мутмаин сохтаву ин афзалиятҳо муҷиби он гаштаанд, ки ба пешаи муқаддаси омӯзгорӣ ва ҳамзамон касби рӯзноманигорӣ арҷ гузорад.

Абдурауф Муродӣ баҳори соли 1961 замоне ба дунё омад. Ин рӯзҳо дар хотири амаки Илёс, ки бисёр шахси зираку бомаърифат буданд, хотирмон ва марғуб аст. Ба дунё омадани писарак бо амри тақдир дар ин хонадон боз як хурсандии ифтихорбахш буд. Туфайли зуҳури мубораки ин тифли некқадам дар ин хонадон боз як овози мутантан, садои гиряи кӯдаки навзод ба фалак  печида, аз узви нави хонадон мужда дод ва ба хурсандии амаки Илёс хешу ақрабою мӯйсафедони баори деҳаву дигар сокинони атрофи рустои Хӯҷапанҷ ҳамроҳ шуда, волидайни хушбахтро самимона шодбош гуфта, барои тифли навзод дуои хайр медоданд. Амаки Илёс аз табрики ҳамдеҳагон ва ёру дӯстон сараш ба осмон расида, гӯё бо неруи вижаву ҳиссиёти ботинии худ аз фарзанди солеҳу номбордори авлод гардидани тифли навзод хуб пайхас мекард. Ҳамон рӯзҳо басо хурсанду масрур ва шердил буд.

Бояд зикр намоям, ки шахсан банда зиёда аз 30 соли расо аст, ки Абдурауф Муродиро аз пайи ҷустуҷӯи дурри мақсуд, хидмат ба халқу Ватан тавассути қаламаш хуб мешиносам. Номбурда солиёни зиёдест, ки дар нашрияи бонуфузи “Омӯзгор” пайи хидмат ба мардум  аст. Ӯ на танҳо дорои истеъдоди баланд ва сухани дилкашу дилпазир, балки молики эътиқоди қавии зотӣ, рӯҳи латиф, сафои дил, покизаниҳод ва дорои сурату сирати нек низ мебошад. Суҳбаташ гуворо, шамъи фурӯзони соҳибдилону адиби хушқалам ва ҳаҷвнигори шинохта аст. Умуман, дар ботину вуҷуди худ кину ҳасад надорад ва ба касе ва ё чизе ҳаргиз ба чашми баду нияти нопок наменигарад. Инсонҳои наҷибу соҳибистеъдодро дӯст медораду кумаки маънавӣ мерасонад. Гуфтори хубу табассуми диловезу зебо, чеҳраи кушод ва шодону шодмон дорад. Инсонест дорои хислатҳои наку ва  меҳрубону масъулиятшинос. Аммо ба қавли худи акои Абдурауф, сирри мардон пинҳон ва пӯшида бимонад, беҳтар аст...

Бо латоиф мекунад аз ханда моро рӯдакан,

Чун ниёгонаш бувад соҳибдилу ширинсухан.

Мавсуф, инчунин, дар муҳити оилавӣ ва хонаводагӣ шахси бозарофат ва дар айни замон, ҷиддиву самимӣ, сахтгиру серталаб, бомасъулият, пурбаракат ва хушбахт аст. Ҳамсари соҳибмаълумот ва фарзандони солеҳ дорад.

Абдурауф Муродӣ  узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуот, фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муҳимаш он аст, ки ба шарофати ҳисси баланди масъулияташ эҳтироми аҳли маориф ва илму фарҳанги тоҷикро сазовор гардида, дар ҷомеа мавқеи хосаи худро пайдо кардааст. Ҳамеша бо дониши қавӣ ва маслиҳатҳои муфиду судманд ба корафтодагон дасти мадад расонида, онҳоро хурсанду мамнун менамояд. Дилҳои мардум аз оташи кошонаи мавсуф мудом фурӯғ мегирад. Зеро ӯ ҳамеша маҳбуби қалбҳо ва азизи дилу дидаи омӯзгорону мардум маҳсуб меёбад.

Дӯст ва рафиқи шафиқи дирӯзу имрӯзаамро  ба зодрӯзи фирӯзаш самимона ва аз  таҳти дил шодбош гуфта, барояш саломатии бардавом, илҳоми баланди эҷодӣ, боли парвози хаёл, ободию осоиши бардавоми рӯзгор ва фатҳи қуллаҳои тозаи муродро дар ҷодаи фаъолияти адабӣ таманно менамоям:

Муродиё, муборак қуллаи шаст,

Нагардад  баъд аз ин ҳам шасти ту паст!

 

Мухбирҷон КЕНҶАЕВ,

журналист, сармутахассиси шуъбаи

табъу нашри Академияи

миллии илмҳои Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш