Аз 01 то 06 июли соли 2018 дар шаҳри Бургаси Ҷумҳурии Булғория олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика «IMC-2018» байни 612 хонанда аз 35 давлати дунё баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он 4 даста (24 нафар) муаррифӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти олимпиада хонандагони кишвар сазовори 15 медал (2 медали тилло, 6 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ) гардиданд.
Ҳамзамон, 1 даста аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори мақоми аввал, 1 даста сазовори мақоми дуюм ва 1 дастаи дигар сазовори мақоми сеюм гардида, шараф ва Парчами Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.
Хонандагони кишвар аз аввали соли 2018 дар 13 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Руминия, Россия, Малайзия, Булғория, Беларус, Ветнам, Италия, Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 196 медал, аз ҷумла, 47 медали тилло, 71 медали нуқра ва 78 медали биринҷӣ гардиданд.
Манучеҳр ҲАБИБЗОДА,
корманди Маркази ҷумҳуриявии
дарёфт ва рушди истеъдодҳо
Иловакунӣ
Иловакунии фикр