Дар замони ҳозира барқарор кардани кори узвҳо ва системаҳо, ки барои мутобиқ гаштани организми инсон ба таъсири омилҳои номувофиқи муҳити атроф нигаронида шудаанд, инчунин, барқарор намудани фаъолияти кори организм яке аз масъалаҳои ҳалталаби рӯз ба ҳисоб меравад. Яке аз роҳҳои самараноки солимгардонии аҳолӣ, истифодабарии биорегуляторҳои табиӣ мебошад, ки айни замон дар шакли иловаҳои фаъоли биологии ғизои гуногун зиёд пешниҳод мешавад. Ба ин самти комилан нави тиббӣ-профилактикӣ ва клиникӣ диққати олимон, мутахассисони соҳавӣ ва ширкатҳои истеҳсолии аксари давлатҳои тараққикардаи дунё равона карда шудааст.
Иловаҳои фаъоли биологӣ маҷмӯи консентратҳои табиӣ ё ба табиӣ монанди моддаҳои фаъоли биологӣ мебошанд. Барои истеъмоли бевосита ё ба мақсади ғанӣ гардонидани таркиби ғизо ва моддаҳои фаъоли биологӣ пешбинӣ карда шудаанд. Иловаҳои фаъоли биологиро аз растаниҳо, ҳайвонот ва ашёи минералӣ бо усулҳои химиявӣ ё биотехнологӣ дар шаклҳои гуногуни доруворӣ, хокашакл, таблеткаҳо, капсулаҳо, шарбатҳо, афшурдаҳо (экстрактҳо) истеҳсол мекунанд. Тибби муосир ба алоқамандии солимии инсон ва тартиби ғизогирии вай диққати махсус медиҳанд, чунки ғизо на танҳо воситаи сершавӣ ва манбаи энергия аст, балки он омили асосии фаъолияти муътадили тамоми системаву узвҳо буда, муқовимати организмро ба омилҳои номусоиди муҳити атроф баланд мебардорад. Иловаҳои фаъоли биологӣ ва ғизо моддаҳоеро доранд, ки барои нигоҳдории фаъолияти муътадили организм ва баланд бардоштани муқовимати организм ва бемориҳо мусоидат менамояд. Аз ин сабаб, онҳоро ба сифати терапияи ёрирасон дар табобати бемориҳои гуногун истифода мебаранд.
Норасоии витаминҳо, ва дигар моддаҳои ғизоӣ ба заифшавии организм, паст шудани фаъолияти меҳнатӣ ва ба ҳолати узвҳои дохилӣ таъсири манфӣ расонда, сабаби бемориҳои вазнин шуда метавонанд. Дар ин мавридҳо баландшавии ҳолати пӯст, мӯйҳо, нохунҳо, тезшаваии равандҳои пиршавӣ ба назар расида, ба давомнокии умр таъсири манфӣ мерасонанд.
Рӯзигул Розиқова,
Нозигули Мирзоумар,
омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63, ноҳияи Шоҳмансур
Иловакунӣ
Иловакунии фикр