Нашрияи Омӯзгор

«Кино» нашр гардид

Сана: 2021-04-01        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Кино аз воситаҳои муҳимтарини   санъат ба шумор меравад.  Тӯли фаъолияти 90 – солаи худ «Тоҷикфилм» кинофилмҳои зиёде  ба навор бардоштаву пешкаши мухлисон гардонид, ки шуҳрати ҷумҳурӣ ва ҳам худи муассисаро баланд бардоштанд.

То имрӯз дастовардҳои соҳа хеле кам инъикос мегардид. Тақризҳо, фикру андешаҳои коршиносони соҳа, тамошобинони қаторӣ қариб, ки вуҷуд надошт. Хушбахтона, акнун соҳа соҳиби маҷаллаи худ бо номи «Кино» гардид, ки муассисаш  «Тоҷикфилм» мебошад. Шумораи аввали он, ки  ба навадсолагии «Тоҷикфилм» ва 80 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷойизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, марҳум Ато Муҳаммадҷонов бахшида шудааст. Дар оғози нашрия иқтибосро аз суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мехонем: «Фаромӯш набояд кард, ки таърих як фазои холӣ нест, балки онро одамони зинда ба вуҷуд меоранд. Вале мо дар бораи абармардони миллатамон маълумоти кофӣ надорем. Вақти он расидааст, ки силсилаи зиндагиномаи фарзандони бузурги миллати хешро ба вуҷуд орем». 

Навиштаҳои Маҳмадсаид Шоҳиён - «Аз лабораторияи кӯчак то муассисаи тавонои давлатӣ», Ато Аҳроров – «Аввалин филмбардори синамои тоҷик», Саъдулло Раҳимов «Таърихи кинои тоҷик дар 30 соли истиқлолият», Тиллои Фаррухпай «Атои бебаҳои кинои тоҷик» ва ғайра аз рушди қариб садсолаи кинои тоҷик қисса мекунанд.

Чунонки сармуҳаррири маҷаллаи «Кино», киношиноси шинохта   Тилло Некқадамов  иттилоъ дод, шумораи навбатии маҷалла, ки рӯзҳои наздик ба табъ мерасад, боз  ҳам аз таърихи филмбардорӣ ва ташаккули ин навъи санъат дар ҷумҳурӣ, мавзӯъҳои филмҳои нав қисса хоҳад кард.

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш