Нашрияи Омӯзгор

«Навгониҳо дар таҳсилоти олии касбии муосир»

Сана: 2021-04-01        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Навгониҳо дар таҳсилоти олии касбии муосир» баргузор шуд, ки дар он муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм иштирок кард. Ректори донишгоҳ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо оид ба ҳадафи баргузории конфронс андешаҳояшро иброз дошт. Инчунин, дар ҳамоиши мазкур сардори раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Ш. Қурбонов оид ба мавзӯи «Интегратсияи неруи зеҳнӣ – омили муҳими рушди илм» ва профессори донишгоҳи мазкур М.Х. Абдуллоев дар хусуси «Нақши истиқлол дар рушди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» суханронӣ намуданд. Сипас, конфронс дар бахшҳои «Навовариҳо дар идоракунии таҳсилот», «Такмили раванди таълим дар мактаби олӣ», «Муосирсозии таълими фанҳои табиӣ, риёзӣ ва техникӣ», «Нақши технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар азнавсозии таҳсилот» кори худро идома бахшид. Дар бахшҳои номбурда донишмандону унвонҷӯён аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок ва дар атрофи беш аз 150 мавзӯи пажӯҳишӣ маърӯза карданд. Ногуфта намонад, ки маводи конфронси илмӣ - амалӣ ҳамчун китоби алоҳида (дар ду ҷилд) ба чоп мерасад.

С.АЗИЗӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш