Нашрияи Омӯзгор

Хайрхоҳу хайрбину хайркор

Сана: 2021-04-01        Дида шуд: 833        Шарҳ: 0

 

Шоири номвару пурҳунари тоҷик Хайрандеш (Хайриддин Қурбонов) ба синни мубораки 60 қадам ниҳод. Фаъолияти рангину фарогири ин адиби писандида, воқеан ҳам, бо омоли хайр пайванди қавию ҳамешагӣ дорад. Ӯ дастгиру роҳнамои боҳиммату беминнати навсафарони ҷодаи адабиёт аст ва барои онҳо мунтазам маҳфилҳои гарму муҳтавоманд, ҳамоишу ҷашнвораҳои илҳомбахш, мулоқоту вохӯриҳои рӯҳафзо созмон медиҳад ва мекӯшад, ки бинои маърифати эҷодкорони ҷавон бунёди қавию устувор дошта бошад, хишти аввалаш дурусту рост гузошта шавад. Дар арсаи тарғиби шеъру адаб, илму дониш ва хираду маърифат Хайрандеш монои сарбози ҷасуру тавонмандест, ки гоҳе кори лашкаре бикунад. Бисёр амалҳои хайрхоҳонаи хешро ин шоири пуркор, аз ҷумла, тавассути нашрияи кӯдакону наврасони ҷумҳурӣ – «Пайрав», ки худ сармуҳаррири он аст, дар паҳнои адаб дар амал татбиқ менамояд.

Хайрандеш ашъори фаровоне эҷод кардаву китобҳои зиёде ба нашр расондааст. Нигоштаҳояш дорои сабку услуби хосанд ва дар онҳо равонию самимияти гуфтор, корбасти ҳунармандонаи санъатҳои бадеӣ, лутфи сухану танзи малеҳ равшан ба мушоҳида мерасад.

Ӯ аз печидагӯиву суханбозӣ ва корбурди вожаву ибораву ифодаҳои носуфтаву забонзада худдорӣ мекунад ва пасу пеши ҳар калимаву таркибро санҷида, сари кор мегирад. Аз ин ҷост, ки ашъораш зуд роҳ ба дилҳо меҷуянду нақш дар хотирҳо мебанданд ва гузашта аз ин, ба суруд табдил меёбанду сари забонҳо мешаванд. Эҷодиёти Хайрандешро ҳаводорони зиёдест…

Ба ин шоири номвар ва инсони соҳибфазилат идомаи фаъолияти бавусъат, эҷоди навин ва саҳатмандии бардавом таманно дорем ва ин таманниёти хешро бо байти зерини худи ӯ тақвият мебахшем:

Мардуми бекинаи олам, ҳама омин кунед,

Шеъри Хайрандешу меҳри чархи гардун зинда бод!

«Омӯзгор»

 

Ғазалҳо

Эй гирифторон, гирифторам, гирифтори сухан,

Пуди худро бофтам як умр бо тори сухан.

 

Олам аз бекор безор аст, то коре кунам,

Корҳо душвор шуд, душвортар кори сухан.

 

Бо сухан дору мадори бешуморе кардаанд,

Куштаи бисёр мебинам сари дори сухан.

 

З-осмонҳо бар замин омад фурӯ наззораам,

Қоматам хам гашт охир дар таҳи бори сухан.

 

Навбаҳор омад гулафшон, чеҳрахандон, дафзанон,

Ҳар касе ёри касе бошад, манам ёри сухан.

 

Подшоҳи олами шеър аз нажоди ориёст,

Мавлавӣ то ҳасту Фирдавсию Аттори сухан.

 

Бо сухан дилбастагонро, эй Худо, тавфиқ деҳ,

То қиёмат бош, Хайрандеш, ғамхори сухан.

 

***

Шиштанӣ дорад сари дасторхони тоҷикӣ,

Мазза дорад хӯрдани як бурда нони тоҷикӣ.

 

Эй биё, бо Ҳақ даромезему сар боло кунем

Аз замини тоҷикӣ то осмони тоҷикӣ.

 

Офарид, эй офтоб, эй хок, эй об, эй ҳаво,

«Маснавии маънавӣ» рӯҳу равони тоҷикӣ.

 

«Шоҳнома» гуфтан осон нест дар аҳди гадо,

Ҳаст  лозим қудрату тобу тавони тоҷикӣ.

 

Умр бошад, оқибат рӯзе ба гӯше мерасад

Доду вою нолаву оҳу фиғони тоҷикӣ.

 

Кош Исмоили Сомонӣ зи нав пайдо шавад,

Тоҷикистон  бишканад то ормони тоҷикӣ.

 

Хайрандешо, ғазал бисёр мегӯӣ чаро?

Кайф дорад шеър гуфтан бо забони тоҷикӣ.

***

То нагардӣ ҳамдилу  ҳамсуҳбату ҳамсони мо,

Мебарӣ умре ҳасад бар чеҳраи хандони мо.

 

Қимати худро замоне бар иёри мо масанҷ,

Ваҳ, чӣ мушкил мешавад охир туро осони мо.

 

Кош, сӯзад дар дилам умре ғами ишқат чу шамъ,

Кош, монад дар лабат умре паи дандони мо.

 

Аз дили мо ҳар нафас орад бурун бӯи биҳишт,

Нӯш кун, эй ҳамсафар, аз чашмаи ҳайвони мо.

 

Дар дили торикшаб аз бечароғӣ дам мазан,

Дар назар овар чароғи дидаи рахшони мо.

 

Суҳбати моро ғанимат мешумар дар зиндагӣ,

Нони номардон надорад лаззати талқони мо.

 

Бад макун зинҳор, эй дил, гарчи Хайрандеш гуфт:

Хайрандешӣ намеварзанд дар Хатлони мо.

***

Зиндагонӣ чист, шоир? Чуну чанде!

Лолаханде дар сари кӯҳи баланде!

 

Оббозӣ байни баҳри беканоре,

Шаҳсаворӣ дар сари зини саманде.

 

Ин суханро чун гуҳар суфт устоде,

Ин гуҳарро хуш пазируфт арҷманде.

 

Ку саворе, ку савобе, ку мазоре?

Беғуборе, бегуноҳе, бегазанде?

 

Кӯҳ будӣ, раммаҳоят мечариданд,

Коҳ гаштию бихӯрдат гӯсфанде.

 

Пои мо ҷуз қуллапаймоӣ надонад,

Нописанд уфтод з-ин раҳ нописанде.

 

Ку тамошогар, ки Хайрандеш дорад

Дар сари кӯҳи баланде лолаханде.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш