Нашрияи Омӯзгор

Муҳаққиқи  таърихи Бадахшон

Сана: 2021-04-01        Дида шуд: 823        Шарҳ: 0

 

Халқи тоҷик нафақат дорои таърихи ифтихорманди тӯлонист, балки муаррихонеро ба дунё овардааст, ки дар инкишофи илми таърих саҳми арзанда гузоштаанд. Яке аз чунин бузургмардон, муаррихи шинохта, доктори илмҳои таърих, мудири кафедраи таърихи ДДОТ ба номи С.Айнӣ, устод Ҳайдаршо Пирумшоев мебошанд.

Устод Ҳайдаршо Пирумшоев тамоми зиндагии худро сарфи касби омӯзгорӣ кардаанд ва то кунун остони муқаддаси яке аз марказҳои муҳими омодасозии мутахассисони соҳаи маориф - Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба ном С.Айниро пос дошта, ҳатто дар вазнинтарин айём, ки ҳаққи заҳмати устодон моҳҳо пардохт намегардид, онро тарк нагуфтаанд. Теъдоди зиёди шогирдон натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷумҳуриҳои ҳамҷавор-Ӯзбекистон, Қирғизистон, ва Туркманистон аз мактаби хирад ва дониши устод сабақ омӯхтаанд. Дар доираҳои маъруфи илми Тоҷикистон имрӯз шогирдони шинохтаи профессор Ҳайдаршо Пирумшоев дар пажӯҳиши таърихи миллат заҳмат мекашанд.

Дар таълифи китоби «Таърихи Дарвоз» ин ҳақиқат возеҳ ба назар мерасад. Барои исботи ин фикр ба таърихчаи навиштани китоб рӯ меорем. Дар сарсухани он омадааст, ки хоҳиши  таълифи китоби мазкур хеле пештар пайдо шуда, аввалин фотеҳаро муаллиф аз устодаш, шодравон, профессор Одил Маҷлисов гирифтааст. Ҳайдаршои ҷавон маводу маъхазҳои зиёди илмиро доир ба Дарвоз ҷамъ оварда, ба таърихи ин диёри бостонии кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Бо мурури пайдо кардани маъхазҳои зарурӣ нияти навиштани китоб дар қалби олим ҳарчи бештар ҷой мегирифт. Вале чӣ тавре ки худи ӯ қайд намудааст, «корҳои дигари ҷамъиятию маъмурӣ ва тадқиқотӣ пеш омада,  амалӣ шудани ин корҳоро ақиб мегузоштанд»

Ҳамчунин, олими намоён Ҳақназар Назаров низ аз ӯ хоҳиши навиштани китобро намудааст. Ҳамин масъаларо ҳангоми таҷлили 60-солагии устод Ҳайдаршо Пирумшоев, дар ҳузури беш аз сесад нафар иштирокдори ҷашн, ки дар  маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев (феълан ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ), бо ташаббуси ректори донишгоҳ, шодравон Қурбон Расулов 30-уми декабри соли 2004-ум баргузор гардида буд, ҳангоми суханронии табрикӣ ховаршинос, ҳофизи мумтози ҷумҳурӣ Ҷӯрабек Назриев низ пеш оварда, чунин изҳор дошт: «Бародари азиз, Ҳайдаршо, мақому манзалати шумо дар илми таърих ба касе пинҳон нест, даҳҳо китобу садҳо мақолот доир ба масоили умдаи таърихи кишвар ва минтақа таълиф намудаед. Ба наздикӣ китоби «Очерки таърихи Ванҷ»-ро аз чоп баровардед. Акнун ба шумо аз номи худам ва аҳли толор масъулиятнокии ҷиддиро дар таълифу ба чоп расонидани «Таърихи Дарвоз» пешниҳод мекунам.

Яке аз асарҳои Ҳайдаршо Пирумшоев, ки таърихи ватаниро дар бар мегирад, асари бузургҳаҷми ӯ «Таърихи Дарвоз» мебошад. Ин асар аз давраи қадим то замони ҳозираи таърихи Дарвозро дар бар гирифта, аз муқаддима, 2 қисм ва 11 боб иборат аст.

Китоби «Таърихи Дарвоз» нахустин тадқиқот оид ба таърихи давлатдории тоҷикони кӯҳистони Дарвоз мебошад. Дар он муаллиф, то ҷое ки дарёфту омӯзиши маъхазҳо имкон додааст, таърихи асрҳои миёнаи шоҳигарии Дарвоз, даврони бекигари онро, ки дар ҳайати аморати Бухоро қарор дошт ва аз тарафи давлатҳои абарқудрати Россия ва Англия, тибқи марзбанди ноодилонаи соли1895 ба Афғонистон додани қаламрави соҳили чапи дарёи Панҷи ин бекигариро воқеъбинона инъикос кардааст.

Муаллиф шарҳи таърихи Дарвозро аз асрҳои миёна то арафаи инқилоб ва даврони Шӯравӣ рӯйи коғаз овардааст. Чунин таҳлилу гузориши пурраи таърихи куҳани ин диёри бостонӣ бори аввал дар таърихнигори тоҷик анҷом дода шудааст.

Ҳамин тавр, саҳми олим ва таърихнигор Ҳайдаршо  Пирумшоев дар омӯзиши таърихи Бадахшон, бахусус, қаламрави Дарвоз хеле пурарзиш ва ҷолиб мебошад.

Манижа БАДАВЛАТОВА,

магистранти бахши таърихи

Институти илмҳои гуманитарии АИ ҶТ  ба номи Б.Искандаров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш