Нашрияи Омӯзгор

Роҳбарбонуе бо қалби офтобӣ

Сана: 2021-04-01        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Мураббӣ-омӯзгоре, ки ба таълиму тарбияи кӯдакони имконияташон маҳдуд машғул аст, бояд аз нигоҳи хусусиятҳои инсонӣ ва касбӣ омода ва бо илму дониши замони муосир комилан мусаллаҳ бошад, чунки ин пешаи муқаддас аз шахс масъулияти бузургро талаб мекунад. Чи тавре ки бузургон фармудаанд: «Тарбиятгари кӯдак бояд оқил, бодиёнат, донандаи хуби масоили тарбияи нафс, донандаи хуби роҳҳои тарбияи кӯдакон, бовиқору ҷиддӣ, хушахлоқу нармхӯй, зирак ва поксурату поктинат бошад».

Бешак, ин суханони воло ба шахсияти омӯзгори пуртаҷриба Зубайда Шарифова мувофиқ мебошад. Номбурда аз соли 2017 то ҳол дар вазифаи директори Мактаб-интернати №3 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар шаҳри Душанбе кор мекунад. Дар мактаб-интернати мазкур 100 нафар ба таълиму тарбия ва офияту тавонбахшии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд. Ба кӯдакони аз ҷиҳати ақлониву ҷисмонӣ нуқсдошта муносибати махсус лозим буда, дар ҷараёни баргузории машғулиятҳо аз мураббӣ донишу маҳорат ва лаёқати махсусро талаб мекунад. Омӯзгоре, ки бо ин гуна тарбиятгирандагон сару кор мегирад, бояд пеш аз ҳама тамкину сабрро пешаи худ намояд. Ӯ бояд донад, ки ҳар яке аз ин бачаҳо дунёи хосси худро доранд. Қалбашон ҳассосу зудранҷ аст, аз андаке ҳарфу сухани ноҷо ё амали номуносиб меранҷанд ва аз атрофиён фосила мегиранд. Аз ин рӯ, мураббиро мебояд, ба дунёи онҳо ошно бошад, роҳу усулҳои муносибату муоширати дурусту ҳадафмандона ва таълими босамарро бо ин гуна кӯдакон пайдо намояд, то кораш натиҷаи нек диҳад.

Зубайда Шарифова ҳамчун омӯзгори соҳибтаҷриба бо ҳар як тарбиятгиранда муносибати инфиродиро ба роҳ монда, ба ҳайси роҳбари кордон ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани шароити таълиму тарбия ва будубоши шогирдон талоши зиёд ба харҷ медиҳад. Дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ва офиятбахшии кӯдакон аз санъати баланди идоракунии роҳбари муассиса дарак медиҳад. Мавсуф бо ҳар як кӯдак ба мисли як модари ғамхор муносибат намуда, меҳри модарияшро ба тарбиятгирандагон самимона нисор менамояд, аз лутфу меҳрубонии модаронаи ӯ ҳамаи бачаҳо бархӯрдоранд. 

Дар умум, фазои мактаб-интернати мазкур имрӯзҳо ба таври куллӣ тағйир ёфта, муносибат ба раванди таълиму тарбия ва офиятбахшии иҷтимоии кӯдакон хеле ҷиддист.

Ҳар нафаре, ки ба мактаб-интернати №3-и шаҳри Душанбе ташриф биёрад,  биноҳои оростаю тоза, утоқҳои озодаю ҷавобгӯй ба талаботи санитарию гигиениро бо чашми сар дида, бовар ҳосил мекунад, ки бачаҳо дар муҳити мусоид ба воя мерасанд. Ба хонандагон тибқи тавсияи духтур хӯрокҳои болаззату серғизо пешкаш мегардад.

Яке аз фарзандони ман дар ин даргоҳ таълиму тарбия мегирад. Ҳамчун модар аз рафти кор ва фаъолияти муассиса комилан розиям. Зери роҳбарии ин зани кордон муносибати дӯстона, меҳрубонона ва ҳалимонаи кулли мураббиён ба кӯдакон мушоҳида мешавад, ки ин амал шоистаи таҳсин аст. Аз номи худ ва волидайни тарбиятгирандагони ин даргоҳ ба директори он ва дар шахси ӯ ба тамоми мураббиёну омӯзгорони мактаб-интернат, пеш аз ҳама, сиҳативу саломатӣ, рӯзгори осоиштаву пурбаракат таманно намуда, ҷиҳати меҳнатҳои шабонарӯзии бенуқсонашон арзи сипоси самимонаи худро ба онҳо баён медорем.

Назира Қурбонова,

корманди Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш