Нашрияи Омӯзгор

Сарбози илму ирфон

Сана: 2021-04-01        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Омӯзгори асил, инсони накудилу адолатпарвар, равоншод Мирзоқурбон Зайниддинов соли 1951 дар деҳаи Деҳмалики ноҳияи Варзоб, дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадааст. Падараш Зайниддин Қурбонов иштирокчии ҶБВ буда, дар сохторҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият кардааст.

Мирзоқурбон аз хурдӣ дар дил орзуи муаллим  шуданро мепарварид. Бо ин мақсад баъди хатми мактаби миёна ба омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ҳисор дохил шуда, онро соли 1970 ба итмом расонд. Ҳамин тавр, аз оғози соли таҳсили 1971 – 1972 дар мактаби миёнаи зодгоҳи худ ҳамчун омӯзгор ба фаъолият шурӯъ намуд. Аз соли 1974 бо мақсади соҳиби маълумоти олии омӯзгорӣ шудан ба шуъбаи ғоибонаи факултаи филологияи Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) дохил мешавад. Дар баробари донишҷӯӣ фаъолияти омӯзгории хешро дар мактаби деҳа идома медод...

Мавриди зикр аст, ки мактаби №17-и деҳаи Деҳмалики ноҳияи Варзоб бо ташаббуси М. Зайниддинов ва дастгирии ҳокимияти маҳаллии вақт соли 1974 сохта шудааст. То ин муддат дар деҳа мактаби 4 - сола амал мекард. Идомаи таҳсили хонандагон дар мактаби шаҳракаи Такоб ҷараён меёфт, ки ин, албатта, дар шароити кӯҳистон, махсусан, дурии роҳ барои мардум мушкилиҳои зиёд эҷод мекард.

Бо талошҳои пайвастаи М. Зайниддинов соли 1985 муассисаи мазкур ба мактаби 9 - сола ва аз соли таҳсили 1989 – 1990 бошад, ба мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ табдил ёфт. Ин, албатта, барои хонандагон ва умуман, мардуми деҳа аз ҳар ҷиҳат фоидаовар буд.

Қобилияти ташкилотчигию кордонии ин омӯзгори варзидаро ба инобат гирифта, аз соли 1978 ба вазифаи директори мактаби миёнаи №17 таъйин карданд ва то соли 2002 дар ин вазифа  кор кард. Аз соли 2002 то охири умр ҳамчун омӯзгори забону адабиёт, алифбои ниёгон дар ҳамин муассисаи таълимӣ ба шогирдон дарс гуфт.

Дар баробари омӯзгорӣ муаллим дар корҳои ҷамъиятӣ низ ширкати фаъол дошт ва кӯшиш мекард, ки дар ободии деҳа, ҷамоат ва ноҳия саҳмгузор бошад. Дар давраи Шӯравӣ ду маротиба солҳои 1979 ва 1987 вакили шӯрои халқии ҷамоати Деҳмалик ва соли 1994 вакили шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Варзоб интихоб шудааст. Узви фаъоли “Ҷамъияти дӯстдорони китоб” ба ҳисоб мерафт. Солҳои 2001 – 2004 сарвари хоҷагии ёрирасони назди Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буду солҳои 2002 – 2006 раисии маҳаллаи Деҳмаликро ба уҳда дошт.

М. Зайниддинов дар ҳар кору вазифае, ки кор кард, баҳри ободии диёру саодатмандии рӯзгори мардум талош намуд.  Махсусан, дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ ва давраи буҳронӣ баҳри беҳбудии зиндагии мардум дар таъмири роҳҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ, тозагии муҳити зист, ҳифзи ҷангал, рушди соҳаи чорводорӣ, кишоварзӣ ва  зиёд намудани заминҳои корам хизматҳои шоиста ба анҷом расонидааст. Барои амалӣ гардонидани мақсадҳои мақсадҳои наҷиби худ  муаллим ҳамеша талош мекард ва ҳақгӯю росткор буд...

Барои хизматҳои бенуқсон ин марди нексиришт чандин маротиба бо ифтихорномаҳо ва бо нишони  “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва ду нишони сарисинагӣ аз «ҷамъияти дӯстдорони китоб» қадрдонӣ шудааст.  Сад афсӯс, ки 7 ноябри соли 2011 дили ин марди наҷиб ва хирадпеша дар  60 - солагӣ аз тапидан бозмонд. Гарчанде ӯ дар миёни мо нест, вале номи неку корҳои шоистааш дар қалбу хотири ҳар яки мо зинда аст.

Давлатшоҳ Маҳмудов,

омӯзгори факултаи таърихи

ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш