Нашрияи Омӯзгор

Тарбияи ахлоқии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ

Сана: 2021-04-01        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

 

Дар муассисаҳои томактабӣ тарбияи ахлоқии хонандагон аз рӯзҳои аввали ба остонаи таълимгоҳ қадам ниҳоданашон сар мешавад. Дар раванди тарбия ба кӯдакон аввалин ва одитарин малакаҳои ахлоқӣ, аз ҷумла, одоби салом, ором гап задан, дуруст нишастан, супоришҳои омӯзгоронро иҷро намудан омӯзонида мешавад.

Азбаски раванди тарбияи ахлоқӣ душвор ва мураккаб аст, мураббия вазифадор аст, фаъолияти худро дар заминаи воситаҳои пешбарандаи методикаи таълиму тарбия дуруст ба нақша гирад. Чунки маҳз омӯзгор (мураббӣ) метавонад ҳаёту фаъолияти кӯдаконро бо истифодаи  омилҳои гуногуни тарбия тағйир диҳад. Дар тарбияи ахлоқии кӯдакон бозиҳо паҳлуи дигари тарбияи коллективиро ошкор менамоянд. Бо ин мақсад омӯзгорро лозим аст, ки фаъолияти худро ба кӯдакон бо назардошти ахлоқу одоби ҳамида  ва дар рӯҳияи  ватандӯстӣ ба роҳ монад. Ин вазифаҳои муҳимтарини  кормандони муассисаҳои тарбиявӣ мебошанд.

Хонда додану нақл намудани порчаҳо аз китобҳои бадеӣ ба кӯдакон, тамошои расму мусаввараҳо, сайругашт, саёҳат, бозӣ ва дигар усулҳои таълиму тарбия дар раванди дарсҳо нақши бағоят калон мебозанд. Кӯдак дар баробари дидану мушоҳида кардан фаъолият нишон медиҳад. Барои ин кӯдакон бояд нуктасанҷу зирак  бошанд. Вақте ки омӯзгор аз усулу методҳои гуногун истифода мебарад, ба ташаккул додани фаҳмишу ҷаҳонбинии кӯдакон замина мегузорад. Вобаста ба синну сол ва қобилияти кӯдакон мураббияҳо машғулиятҳоро бояд ба нақша гиранд.

Бояд хотиррасон кард, ки дониши кӯдакон аз машғулияти одӣ сар карда, ба дараҷаи мураккабтар мерасад. Бо вуҷуди ин, омӯзгорро лозим аст, ки дар вақти гузаронидани кори мустақилона ба тарбияи ватандӯстии тарбиятгирандагон диққати ҷиддӣ зоҳир намояд.

Дар марҳалаи 7-8 –солагӣ тарбияи ахлоқӣ бо шакли такомулдиҳии донишу малакаи тарбиятгирандагон ҷараён мегирад. Мустаҳкам намудани малакаҳои одобу рафтори ҳамида-пештар салом додан ба калонсолон, самимона хайрухуш намудан, миннатдорӣ баён кардан, дасти мадад дароз намудан, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ диқкати дигаронро ба худ ҷалб накардан, паст гап задан аз ҷумлаи ин омилҳо маҳсуб меёбад.

Эҳсоси инсондӯстӣ, ташаккулдиҳии тасаввурот оид ба накукорӣ, ростқавлӣ, адолат, дӯстӣ, тарбияи оштинопазирона нисбат ба рафтори бад, хиёнат, дурӯғгӯйӣ, бадгӯйӣ, бераҳмӣ, худбинӣ, тарсончакӣ, ташаккулдиҳии малакаҳои ёрӣ ба ҳамдигар, дар хониш, дар бозӣ, дар меҳнат-ин аст вазифаи омӯзгор ва волидон дар тарбияи ахлоқии кӯдакон.

Гулнора Маҷидова,

мураббияи боғчаи №130-и ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш