Яке аз ҳадафҳои асосии ҷараёни таълиму тарбия дар мактаб инкишоф додани нутқи хаттию даҳонии хонандагон мебошад. Такмили нутқи хонандагон бо ду роҳ амалӣ мегардад:
а) дар рафти таълим;
б) берун аз синф ва мактаб.
Хонандагон дар мактаб бо ёрии омӯзгор он мавзӯъҳои барномавиро меомӯзанд, ки воситаи аввалини инкишофи нутқи даҳонӣ ва хаттии шогирдон маҳсуб меёбанд. Рушди нутқи хонандагон ва фикри худро озод баён карда тавонистани онҳо аз маҳорату малакаи омӯзгор вобастагии қавӣ дорад. Ҳар қадар нутқи хонанда равону саҳеҳ ва беғалат бошад, ӯ дар аз худ кардани донишҳо ҳамон қадар муваффақ хоҳад буд. Дар рафти таълим (дарс) барои таъмини инкишофи нутқи даҳонӣ ва хаттии шогирдон, аз ҷумла, аз усулҳои зерин истифода бурдан мумкин аст:
1. Хониши бурро ва ифоданок;
2. Хониши адабӣ;
3. Хониши хомӯшона;
4. Саволу ҷавоб (мусоҳиба);
5. Хониши пораҳои назмӣ ва ташкили мушоира;
6. Луғатомӯзӣ;
7. Корҳои хаттӣ (нақли хаттӣ, иншо, имло, эссе).
Хониши бурро яке аз роҳҳои самараноки инкишофи нутқи даҳонии хонандагон эътироф шудааст. Барои ташкили ин навъи хониш дар байни хонандагони синф дар ҷараёни дарс метавон мусобиқа баргузор кард. Масалан, ба тариқи зайл: аҳли синф ба се гурӯҳ тақсим мешаванд. Матни интихобшударо як маротиба омӯзгор мехонад ва пасон аз ҳар як гурӯҳ як нафарӣ банавбат матнро мехонанд. Пас аз ин, дар байни хонандагон саволу ҷавоб ташкил карда мешавад: кӣ бурротар ва беғалат мехонад? Ҳар гурӯҳ худ хонандаи бештар бурро мехондаро муайян мекунад. Ҳамчунин, дар ин раванд камбудиҳои хонандагон ҳангоми хониши бурро тавзеҳ бахшида мешавад. Мақсад аз ташкили хониши бурро фаҳмидани он аст, ки хонандагон матни хондаашонро то кадом андоза дурусту бехато қироат мекунанд. Агар хониши бурро барои саҳеҳу беғалат хондан мусоидат кунад, хониши ифоданок барои фаҳмидани мазмуни матн ёрӣ мерасонад. Талабот ба хониши ифоданок асосан инҳоянд: ба инобат гирифтани задаи ҳиҷоӣ, риояи задаи мантиқӣ, аломатҳои китобатӣ, фосилаи нутқ, пасту баландии садоҳо, кашишнокии ҳиҷоҳо ва амсоли инҳо. Агар ҳангоми хониши бурро ин талабот риоя нагарданд, мазмуни матнро дуруст фаҳмидан аз имкон берун аст.
Дар заминаи сабқати хониши бурро ба хонандагон супориш дода мешавад, ки аввал матнро ба тактҳо (порчаҳо) ҷудо карда хонанд ва баъд ба дафтарҳояшон навишта, тактҳои мазкурро ишора намоянд.
Хонишии бадеӣ ба инкишофи нутқи даҳонии хонандагон таъсири ҷиддӣ ва пурсамар мерасонад. Ин навъ хониш қобилият ва истеъдоди махсусро тақозо дорад. Омӯзгорро зарур аст, ки моҳияту аҳамияти хониши бурроро ба шогирдон дуруст ва амиқ тавзеҳ бахшад.
Дар байни аҳли синф ташкил намудани хониши хомӯшона низ самаровар мебошад. Ин намуди хониш метавонад ҳамагӣ ду-се дақиқаро фаро гирад. Хониши хомӯшона аз омилҳои умдаи инкишофи нутқи ифоданок ва қобилияти фикрии хонандагон мебошад. Дар хониши хомӯшона бодиққат будан нақши муҳим дорад.
Саволу ҷавоб байни хонандагон яке аз беҳтарин воситаҳои таъмини инкишофи нутқи даҳонии шогирдон ба шумор меравад. Ин тарзи фаъолиятро метавон дар ҳар як навъи дарс истифода бурд. Саволу ҷавоб метавонад ба ду тариқ бошад: хонанда бо хонанда ва хонанда бо омӯзгор. Бояд таъкид кард, ки иҷрои корҳои беруназсинфию беруназмактабӣ ва худомӯзӣ дар ҷараёни таъмини инкишофи нутқи даҳонию хаттии хонандагон омилҳои хеле муҳиманд. Баргузории шабнишиниҳо, маҳфилҳо, сабқатҳои адабӣ, ҷашнвораҳо ва дигар чорабиниҳои мактабӣ ба инкишофи нутқи даҳонӣ ва хаттии хонандагон мадад мерасонанд. Омӯзгор бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошад, ки нутқи даҳонии хонандагон бо нутқи хаттии онҳо дар ҳамбастагӣ такомул бахшида мешавад.
Мижгона ДАВЛАТОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №25-и ноҳияи Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр